Бахшҳо
30 янв 2014 11:51Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Нархи чиптаи Душанбе-Хуҷанд то 531 сомонӣ боло рафт

Нархи чиптаи хатсайрҳои Душанбе-Хуҷанд ё баръакс тавассути ширкати “СомонЭйр” аз 320 сомонӣ то 531 боло рафтааст.

Бар асоси иттилои Шӯъбаи кор бо муштариёни ширкати “СомонЭйр” як чиптаи хатсайри Хуҷанд-Душанбе барои рӯзи ҷумъа 531 сомонӣ ва барои рӯзи шанбеи 1 феврал 464 сомониро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки қаблан бар ивази тақрибан 320-350 сомонӣ аз Хуҷанд ба Душанбе тавассути хатсайрҳои ин ширкат сафар кардан имкон дошт.

Ҳоло ширкати “ТоҷикЭйр” парвози ҳавопаймоҳояш аз Душанбе ба Хуҷанд ва ё бараъксро қатъ карда, тамоми анҷоми парвозҳо дар ин хатсайр ба зиммаи “СомонЭйр” вогузор шудааст. Агарчӣ масъулони “СомонЭйр” далели якбора боло рафтани қимати чиптаҳо аз марказ ба шимоли кишварро шарҳ намедиҳанд, аммо чунин нархгузорӣ мояи шикояти сокинон шудааст. Бахусус, дар фасли сармо, ки бар асари фаромадани тарма ва боридани барфи зиёд рафтуо тавассути роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд, танҳо роҳе, ки марказро бо шимоли кишвар мепайвандад, мушкил шуда, ҳатто сабаби қатъ гардидани ҳаракат гардида буд.

Дар ҳамин ҳол, масъулони Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон аз мувофиқа нашудани нархномаи чиптаҳои ҳавоии ширкати “СомонЭйр” бо ин ниҳод нигаронӣ карда буданд.
Мӯҳр
Ин нарх барои чи дар чануби кишвар киммат намешавад. Барои он ки ин чанубихо мехохад шумолихоро тахти фишор карор диханд. Ин сомонэйр аз они Рустамчон мехохад меравад намехохад намеравад. Ин Точикистони мо Худо накунаду солхои наздик ба чор кисм таксим мешавад.
1.кисм барои Узбакхо.
2.кисм барои Киргизхо.
3.кисм барои Чинихо.
4.кисм барои Афгонхо.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)