Имороти муттаҳидаи Араб бо $1,6 миллиард дар Остона “Абу-Даби Плаза” месозад
Сармоягузорони Имороти муттаҳидаи Араб барои бунёди маҷмааи “Абу-Даби Плаза” дар пойтахти Қазоқистон 1,6 миллиард доллар масраф хоҳанд кард.
Асет Исекешев, вазири санаоат ва технологияҳои нави Қазоқистон дар ҷаласаи созмонёфтае дар Остона гуфтааст, дар ҳоли ҳозир ин нахустин муҷтамае дар кишвар аст, ки бо истифодаи навтарин дастовардҳо дар соҳаи таъмини нерӯи барқ ва экология бунёд мегардад.
Ба гуфтаи вай, “Абу-Даби Плаза” баландтарин тарҳи бинои маскунӣ дар тамоми қаламрави Иттиҳоди давлатҳои мустақил аст: "Ҳамчунин он нахустин маҷмуаест, ки мафҳуми “тиҷорат, манзил ва фароғат”-ро якҷо мекунад.
Абубакр ал-Ҳурӣ, раҳбари ширкати “Алдар Пропертиз”-и Имороти муттаҳидаи Араб гуфтааст, соли 2014 барои сохтмони муҷтама ҳудуди 7 ҳазор нафар дар ду басти корӣ ҷалб хоҳанд шуд. “Дар ҳоли ҳозир наздики ҳазор нафар машғули кор дар сохтмон ҳастанд”,-афзудааст ӯ.
Гуфта мешавад, талош хоҳад шуд, ки барои бунёди “Абу-Даби Плаза” ҳарчи бештар ширкатҳои сохтмонии ватанӣ ҷалб шавад. Дар робита қарор аст рӯзҳои наздик бо намояндаҳои ширкатҳои сохтмонии Қазоқистон нишасти вижае баргузор гардад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |