Бахшҳо

"Маош"-и имомхатибон дар сӯҳбати раиси Кумитаи дин бо сафири Олмон

Ҷиҳати дастгирии намояндаҳои аҳли ҷомеа, бахусус ҷомеаи динии Тоҷикистон шурӯъ аз моҳи январи соли ҷорӣ тибқи дархости ходимони дин ба эшон дастгирии молиявии моҳона расонида мешавад. Ин нуктаро Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон зимни суҳбат бо Ҳолгер Грен, сафири Олмон дар Душанбе иброз доштааст.

Дар ин мулоқот, ки имрӯз, 30 январ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, ҷонибҳо дар мавриди роҳандозии ҳамкориҳои судманд ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо зуҳуроти гуногуни номатлуб барои ҷомеа, аз ҷумла терроризму экстремизм мубодилаи афкор намуданд.

Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ба “Озодагон” гуфт, Ҳолгер Грен, сафири Олмон дар Тоҷикистон изҳор дошт, ки айни ҳол дар Олмон тақрибан 5 миллион мусалмон зиндагӣ мекунад.

“Сафир афзуд, ки фаъолияти иттиҳодияҳои динии ғайрианъанавӣ дар Олмон танҳо дар асоси шартнома миёни ниҳоди махсуси давлатӣ ва иттиҳодияи динӣ иҷозат дода мешавад. Ба иттилои Ҳолгер Грен дар Олмон аз ҳар як узви ибодатгоҳ, яъне ҳар нафаре, ки барои ибодат ба калисо меравад, аз ҳисоби даромади моҳонааш дар баробари дигар навъи андозҳо, андоз барои калисо ситонида мешавад”,-афзуд манбаъ.
Мӯҳр
устувор
1 тамаъ аз насрони барои маоши "имомхатибон-ходимони" ди
ни ислом,муред аз ина
2 аммо насрони рохи дарёфти маблагро барои "имомхатибон" нищон додааст агарчи ваъда накардааст

барои ибодат ба калисо .......андоз меситонанд .дахшат

Тоҷик
Ин раиси кумита дигар чизро аз ин сафир напурсидааст. масалан, дар фаъолияти аҳзоби динӣ ва дар бораи аз кадом ҳизб будани Канслери Олмонро напурсидааст. чун дар Олмон ҳизби ҳоким як ҳизби дини (масеҳӣ) буда, канслери Ангела Меркел раисии он ҳизбро бар ӯҳда дорад............

tojik
Фикри сафир хуб аст. Бигзор хар як точики ба масчид мерафта низ андоз барои масчид супорад.

Торик
tojik,
аз Худо наметарси бо ин аблахгуфторат? Яъне барои ибодати Худо хам сум супорем, дар холе ки Худованд ин амалро бе пул ба бандагонаш фарз кардааст? Ва ё масчидро давлат месозад, ки чун гадо пушти дари масочид барои гундоштани маблаг биистад?
Акл набошад, фикрат ифлос мешудааст.

Аз дасти хукумати имруза чунин корхо меояд, лекин Худо нишон надихад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)