Бахшҳо
31 янв 2014 13:15Тоҷикистон / Сиёсат

Таъини 50 кадри нав ва афзоиши занон дар дастгоҳи президент

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 31-уми январ бо 50 мансабдори навтаъини давлатӣ мулоқот карда, аз онҳо хостааст, зимни ишғоли курсӣ ба халқу Ватан софдилонаю содиқона хизмат кунад.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз дар хитоб ба мансабдорони навтаъин таъкид намудааст, ки “савганди президенти Тоҷикистон бояд ҳамчунин савганди ҳар як роҳбару масъули сохторҳои давлатӣ дар назди мардум бошад”.

Манбаъ дар қатори кадрҳои навтаъин Эмин Сангинов, муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Абдусалом Мирзоев, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Меҳринамо Ҷонмамадова , муовини вазири молия, Бозор Одинаев, муовини вазири маориф ва илмро ном бурда, афзуд: “Ҳамчунин роҳбари намояндагии Тоҷикистон дар Русия доир ба муҳоҷират ва роҳбарони як қатор сохторҳои назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, муовини якум ва ду муовини раиси ШСХК Барқи Тоҷик, муовини якум ва як муовини Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти чанд сохтори дигар таъин карда шуданд.”

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид намуд, ки дар пайи таъиноти имрӯза ҳар нафари панҷум, ки имрӯз, дар сохторҳои Дастгоҳи иҷроияи президент мансаб доранд, зан мебошад: “Аз ҷумла Гулнора Бобоева имрӯз Сардори Раёсати илму маърифат ва Гулҷаҳон Туманова Сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд. Ҳардуи онҳо кадрҳои соҳибтаҷриба ва кордони соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва бахшҳои дигари иҷтимоӣ мебошанд.”

Баробари ин манбаъ афзуд, ҳар шахси сеюми имрӯз таъиншуда кадрҳои то 40-сола мебошанд: “Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарону масъулони дахлдор, ҳамчунин дастур дод, ки минбаъд низ барои тарбияи кадрҳои болаёқат аз миёни ҷавонон ва занону духтарон ва ба вазифаҳои роҳбарӣ дар тамоми сохторҳо, новобаста аз шакли моликияташон, пешбарӣ кардани онҳо чораҳо амалӣ намоянд.”


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Абдуллох
Имомали Рахмон вазифая медихеду аз ухдаи кор мебароянд йо не намепурсед мо мухочирони мехнатиро вакто гаммедиханд ягон аз ин афрод моро дастгири намекунанд баъзан вакт ба асотциатся афгонхо мурочиат мекуни онхо батези туро дастгири мекунанд акнун худат хулоса барор рафик приздент ба хаммаи мухочирон салом маро дастгири кунед

ы
Ин кадар кадрхо дорем дар як республикаи кучак таъин мекунему аз фазифа мегирем хеч не ки нони точик якаш ду шавад.Чахон чахиши калон дорад мо холо хам кафомондаем.Вазифахои дубла ихтисор карда ба кадрхои чавон маоши баланд дода аз ин варта бояд баромад.

Мухлис2
ДАР ХАКИКАТ БАРОДАР АБДУЛЛО РОСТ МЕГУЯД.
МАН НИЗ ИЛОВА КАРДАНИЯМ,КИ МУХТАРАМ РАХМОНОВ ХАР РУЗ ВАЗИФА АЛИШ КАРДЕСТИЯ НАТИЧА НЕСТ.ХУДИ ШУМО МЕДОНЕД ЗИЁДА АЗ ДУ МИЛИОНИ ХАЛК ХАР СОЛ ДАР МУХОЧИРИЯТАНД .ВА БА ХАМАГОН МАЪЛУМ АСТ,КИ ИМРУЗХО ХУСУСАН МАРДУМИ МО ДАР МУСОФИРИЯТ БЕХАД АЗОБ КАШИДА ИСТОДААНД.
БАРОИ ХУЧАТГУЗОРИ ,(РЕГ ПАТЕНТ РАЗРИШЕНИ РАБОТ) ХАР СОЛ КОНУНИ НАВ БАРОВАРДЕСТИЯН.ДЕПОРТ БИСЁР КАРДОСТИЯН.
ИНКАДАР МАСЪУЛОНИ ИН КОРХО ВАЗИФАДОРХО ИНРО НАМЕБИНАНД МАГАР БАРОИ ХАМИ ВАЗИФА МЕГИРАНД.
АЗ ХУДО ТАРСЕН МАСЪУЛОНИ МУХОЧИРО ИН МАСАЛАИ МИЛАТРО ХАЛ КУНЕД.
ЯГОМ ШАРТНОМА БАНДЕД,КИ МОНАМДИ УКРАИНАВУ БЕЛАРУСИЯВУ ВА ДИГАРХО,КИ МАРДУМИ ТОЧИК ДАР МУСОФИРИЯТ БА ДУШВОРИХО ДУЧОР НАШАВАНД,ЁКИ БА МАРДУМ ДАР ВАТАНАМОН КОР ЁВЕН.
ВАЗИФАДОРХО ХУДТОН СДРЕНУ ДАР ХОНАХОИ ГАРМЕН ФИКР МЕКУНЕН,КИ МАРДУМАМ СЕРАН.ЧАШМ КУШОЕН БИНЕН.БОРИ ДИГАР МЕГУМ АЗ ХУДО ТАРСЕН БА ХОЛИ МАРДУМИ БЕЧОРА РАСЕН.

ДАР ХАКИКАТ БАРОДАР АБДУЛЛО РОСТ МЕГУЯД.
МАН НИЗ ИЛОВА КАРДАНИЯМ,КИ МУХТАРАМ РАХМОНОВ ХАР РУЗ ВАЗИФА АЛИШ КАРДЕСТИЯ НАТИЧА НЕСТ.ХУДИ ШУМО МЕДОНЕД ЗИЁДА АЗ ДУ МИЛИОНИ ХАЛК ХАР СОЛ ДАР МУХОЧИРИЯТАНД .ВА БА ХАМАГОН МАЪЛУМ АСТ,КИ ИМРУЗХО ХУСУСАН МАРДУМИ МО ДАР МУСОФИРИЯТ БЕХАД АЗОБ КАШИДА ИСТОДААНД.
БАРОИ ХУЧАТГУЗОРИ ,(РЕГ ПАТЕНТ РАЗРИШЕНИ РАБОТ) ХАР СОЛ КОНУНИ НАВ БАРОВАРДЕСТИЯН.ДЕПОРТ БИСЁР КАРДОСТИЯН.
ИНКАДАР МАСЪУЛОНИ ИН КОРХО ВАЗИФАДОРХО ИНРО НАМЕБИНАНД МАГАР БАРОИ ХАМИ ВАЗИФА МЕГИРАНД.
АЗ ХУДО ТАРСЕН МАСЪУЛОНИ МУХОЧИРО ИН МАСАЛАИ МИЛАТРО ХАЛ КУНЕД.
ЯГОМ ШАРТНОМА БАНДЕД,КИ МОНАМДИ УКРАИНАВУ БЕЛАРУСИЯВУ ВА ДИГАРХО,КИ МАРДУМИ ТОЧИК ДАР МУСОФИРИЯТ БА ДУШВОРИХО ДУЧОР НАШАВАНД,ЁКИ БА МАРДУМ ДАР ВАТАНАМОН КОР ЁВЕН.
ВАЗИФАДОРХО ХУДТОН СДРЕНУ ДАР ХОНАХОИ ГАРМЕН ФИКР МЕКУНЕН,КИ МАРДУМАМ СЕРАН.ЧАШМ КУШОЕН БИНЕН.БОРИ ДИГАР МЕГУМ АЗ ХУДО ТАРСЕН БА ХОЛИ МАРДУМИ БЕЧОРА РАСЕН.

хукумати нав бо кадрхои кухна

Tojik
Xay mardon hama dar muhojirati mehnati. Chi iloj zamin saxtu osmon baland!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)