Пирӯзии Амирҷон Ҷӯраев, гӯштигири тоҷик, дар мусобиқаи Тошканд
Амирҷон Ҷӯраев, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии навъи гӯштии юнону румӣ, ки аз 4 то 26 январ дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, дар вазни 76 кило мақоми аввалро касб кардааст.
Масъулони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфтанд, дар ин мусобиқа, инчунин, 4 варзишгари тоҷик соҳиби мақоми дувум ва 5 нафар соҳиби ҷои севум шудаанд. Ба ин тартиб, Равзаттуло Исоев дар вазни 42, Ҷовид Раҷабов дар вазни 46, Меҳриддини Мирзораҳим дар вазни 76 ва Мирзоамин Сафаров дар вазни 100 кило ҷои дувумро ишғол намудаанд.
Ҷовид Тешаев дар вазни 42, Хайём Назаров дар вазни 50, Маъруфҷон Ҷӯраев дар вазни 58, Бахтовар Ҳасанов дар вазни 58 ва Сӯҳроб Аҳмадов дар вазни 100 кило мақоми сеюмро гирифтаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |