Бахшҳо
01 фев 2014 10:19Тоҷикистон / Сиёсат / Видео

Ҳамлаи дигарбораи занони "исёнгар" ба дафтари Зоиров (ВИДЕО)

Як гуруҳ аз занони, ба истилоҳ, исёнгар рӯзи 1 феврал дигарбора ба дафтари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) ҳозир шуда, зидди раҳбари ҳизб Раҳматилло Зоиров шиор додаанд. Агарчӣ дар дохили дафтари ҳизб касе набудаасту дари он баста.

Шӯҳрат Қудратов, ҳуқуқдон ва яке аз масъулони Ҳизби сотсиал-демократ, дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, “ҳамла”-и занон ба дафтари онҳо беҳуда набуд, зеро қарор буд дар ин рӯз ҷаласаи Шӯрои сиёсӣ баргузор ва баъзе аз масоили муҳими ҳизбӣ баррасӣ гардад. “Азбаски телефонҳои моро гӯш мекунанд, ин занҳо аз ҷаласа огоҳ шуда, ба дафтари ҲСДТ ҳозир шудаанд”,-афзуд ӯ.

Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ, мегӯяд, рӯзи 31 январ ба далели беморияш ҷаласаи Шӯрои сиёсиро ба рӯзи дигар гузошта, берун аз Душанбе қарор доштааст. “Ин сафар на нишасти матбуотӣ, балки ҷаласаи Шӯрои сиёсии ҲСДТ, яъне як чорабинии дохилиҳизбӣ, таъин шуда, дар он “Консепсияи таҷдиди фаъолияти ҲСДТ барои солҳои 2014-2016”, масъалаҳои стратегӣ ва вазифаҳои ҲСДТ барои соли 2014 ва чанд масъалаи дигар баррасӣ мешуд. Аммо, дирӯз, яъне 31.01.2014 бо сабаби ба ман лозим шудани ёрии тиббӣ ҷаласаи Шӯрои сиёсӣ мавқуф гузошта шуд”,-гуфт ӯ.

Зоиров дар идома мегӯяд, дар бораи тазоҳуроти дигарбораи занони исёнгар аз ҳамсояҳои худ огоҳ шуда, намояндагони ҳизбро дар ҷараён гузоштааст. Ба қавли ӯ, баъдан намояндагони ҳизб ба пулис хабар додаанд ва маъмурин ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, 5 нафарро барои бозпурсӣ бурдаанд. Раиси ҲСДТ афзуд, баъд аз бозпурсӣ ин занҳо раҳо шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки моҳи декабри соли гузашта низ ҳудуди 20 тан, аксаран занону ҷавонон ба қароргоҳи Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ), ки дар он ҷо Раҳматилло Зоиров нишасти хабарӣ дошт, ба нишони эътироз ҷамъ омада, ӯро хоин ва душмани Эмомалӣ Раҳмону суботу оромӣ донистанд ва аз хабарнигорон хостанд, ба ҳарфҳои ӯ гӯш надиҳанд. Зоиров дар ин нишасти хабарӣ бештар дар бораи сафараш ба Украина, ки бо ҳадафи анҷоми як таҳқиқот ва ба ҳайси олими ҳуқуқ сурат гирифтааст, суҳбат мекард.






Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
555
Женский батальон КНБ РТ вперед!!!

мамлакат аз дасти инхел занхо вайрон мешавад...

Кайнар
Гурухи апаи " Ҷ " ба пеш! Ба суи гумроҳихо ва бешарафию хиёнат.

Чаноб
Инхо фикр мекунад бо ин корхояшон сафед мекунанд, Вале ман гуфтаниям, ки "намад бо шустан сафед намешавад" дар холеки шумо ба болои намад хок пошида истодаед. Эй занхои тайёркардашуда шумо бехтараш рафта дар назди дусти ба шугли пешинаатон машгул шуда гардед.

M
In zanho sohib nadoran inro Hukumat tayor kardai

Бозича
Ин Хукумат зураш ки нарасад аз занон истифода мебарад. Ин шармандаги аст хукуматдоро бояд шарм доранд аз кори кардагияшон.

садкаи хами кумитаи амнияти милли шавам ки ягонто мард надоштааст хаммаащон дар пушти панч зан панох бурдаанд .


Театри лухтак.Ман хайрони Рахматулло,акаллан ягон каловур надорад,ки ин занхоро пеш кунад?

Шам
Кумитаи амнияти милли,дигар ягон усули дигар ефт нашуд?О ин чиз ба хама аен аст,ки ин занхо агентхои шумо хастанд)))Хайфи шумо барин кормандони КГБ)))Шармандахо.

Хуб шуд, ки занхои исёнгар ба давлат ёр шуд, Малакат аз двсти зан вайрон шуд.Лахзахои гувворо давом дораддд.

Апаи ЧЕ
Апахои Че ба пеш!!!

ZOirov, agar siyosatu shasti khub nadoshat boshivu in zanhoi lukhatboxro az idoraat daf karda natoni, chi zur mezani ba hukumatdori?

Душанбе
ба фикрум ин занхо аз одами фармуда 500 долари гирифта бошанд ЧАРО КИ худашон намедонанд чи мехохан факат игвои бекора Бехуда намегуянд ЗАН ХАМНИШИНИ ШАЙТОН АСТ! зеро акли пурра надоранд )))))))

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)