Бахшҳо
01 фев 2014 14:23Тоҷикистон / Сиёсат

Ҷузъиёти "тазоҳурот"-и занони норозӣ аз раиси ҲСДТ

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ), бо пахши як иттилоия ҷузъиёти тазоҳуроти такрории занони “исёнгар”-ро дар назди дафтари ҳизбаш дар Душанбе шарҳ дод.

Зоиров таъкид мекунад, давоми ду моҳи ахир ин тазоҳуроти дувуми занони “исёнгар” дар дафтари ҲСДТ аст. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ӯ, муроҷиаташ ба Вазорати умури дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Додситонии кул дар мавриди пайдо кардани дастандаркорони ин тазоҳурот то ҳол натиҷае надодааст.

Раиси ҲСДТ дар мавриди тазоҳуроти рӯзи якуми феврал меафзояд, “рӯзи 1 феврали соли 2014, соати 10.00, ҷаласаи Шӯрои сиёсии ҲСДТ, яъне як чорабинии дохилиҳизбӣ таъин шуда буд, ки дар он «Консепсияи таҷдиди фаъолияти ҲСДТ барои солҳои 2014-2016», масъалаҳои стратегӣ ва вазифаҳои ҲСДТ барои соли 2014 бояд баррасӣ мешуданд. Аммо, дирӯз, яъне 31.01. 2014 бо сабаби ба ман лозим шудани ёрии тиббӣ ҷаласаи Шӯрои сиёсӣ мавқуф гузошта шуд. Ба ин нигоҳ накарда, рӯзи 1 феврал соати 09:40 дақиқа аз ҳамсояҳо ба ман хабар расид, ки як гуруҳи занон омада, дару тирезаи дафтари ҲСДТ-ро мезананд. Азбаски, ман аз шаҳри Душанбе берун будам, ба чанд нафар аъзои ҳизб ва ҳамсояҳо ба воситаи телефон мулоқот карда хоҳиш кардам, ки воқеияти корро таъҷилан муайян кунед. Маълум шуд, ки дар ҳақиқат як гуруҳи занон, тақрибан 10-12 нафар назди қароргоҳи ҳизб тазоҳурот карда, даъво доштаанд, ки барои чӣ Раҳматилло Зойиров бар зидди президенти Тоҷикистон аст, ӯ аз Тоҷикистон чӣ мехоҳад ва ғайра.”

Раҳбари ҲСДТ меафзояд, соати 9:53 дақиқа ӯ ба сардори Раёсати кофтукоби ҷиноии Душанбе ва раиси маҳалла ба нозирони минтақавӣ телефон карда, онҳоро аз тазоҳуроти занон хабардор кардааст: “То омадани намояндаҳои ҳифзи ҳуқуқ ва узви ҲСДТ, тазоҳуротгарон даъво доштаанд, ки Шӯрои сиёсии ҲСДТ дар қароргоҳ паси дарҳои пӯшида ҷарён дораду акнун аз тарсу ҳарос дари қароргоҳро ба мо намекушоянд. Вақте ба онҳо мегӯянд, ки дар қароргоҳ ягон ҷаласа нест, онҳо бовар накарда, талаб мекунанд, ки ба қароргоҳ ворид шаванд. Ҳамин тавр як нафарашон даромада мебинад ва эълон мекунад, ки дар қароргоҳ ҳеч кас нест.”

Бо вуҷуди ин, Зоиров таъкид мекунад, ки 4-5 нафари тазоҳуротгарон “мо то охир меистем” гуфта, тазоҳуротро давом медиҳанд: “Ҳамин вақт ба ҷои ҳодиса намояндаҳои Раёсати кофтукоби ҷиноии шаҳри Душанбе, нозирони минтақавӣ, муовини раиси ҲСДТ, адвокат Шуҳрат Қудратов ва дигарон мерасанд ва бо ҳамроҳии ин 4-5 нафар тазоҳургарон ба идораи корхонаи манзили №13 ворид шуда, ному насаби тазоҳургаронро муқаррар мекунанд. Дар ин ҳолат, ба намояндаи Раёсати кофтукоби ҷиноии шаҳри Душанбе ба воситаи телефон занг зада мешаваду ӯ ин 4-5 нафарро бе пурсиш ё гирифтани баёнот ҷавоб медиҳад.”

Зоиров илова кард, феълан табобаташро қатъ карда, барои дарёфти иттилои бештар ба Душанбе баргашта, ояндаи наздик дар мавриди тазоҳуротгарон иттилои муфассал пахш хоҳад кард.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Некбин
Инхо чи гуна занхоянд, ки факат зидди мухолифони давлат тазохурот мекунанд?!

нозир
Дар хукумат ва макомоти амнияти ва интизоми як гурухи бисёр калон пайдо шудааст ки зидди президент ва оилаи уву домоду хешутабораш аст. Барои хамин мехоханд онхоро дар назари чомеа бад кунанд. Мисли хамон сенарие,ки дар Узбакистон рафтаистодааст. Ин занхо бозичаи ана хамин гурухи даруни хукумат. Ин корхо дар оянда зиёд мешавад чунки аз Узбакистон омухтаанд. Мумкин ин урух хатто бо бывший кгб - СССР хамкор бошад, чунонки амниятихои узбак ин корхояшонро бо хамкории онхо карда истодаанд.Инхо просто так худашонро тарафдори президент нишон медиханд, вале на самом деле ин як лаушка аст.

барои чи мардхо неву занон тазохурот бардоштиянд ачиб! шояд мардхо часорат надошта бошанд, ки ин фитнаро бар души душизагон гузоштаанд!

Dev
In zanho hudashon tanho ba "tazohurot" naomadaand, onho bo hamun hukumatdoron ,ki zeri domani behududi hamin zanho jojgirand ,yakjoya gom menihand. Baroi kursi ba chi korhoe kodirand

Зоиров о як посбон ба дафтрат мон. Чи ба хонаат касе,ки форад даромадан мегирад?

dalerjon
чаро ин занхо аз набудани барку аз нархои гаронтарин аз набуди чои кор аз рохи пулаки боре шикоят намебаранд??

Ин занхо бо хамон кадом косалеси дайюсхоя хамсараш будагист дар 1 сол 1000 мурдаи Мухочири точик меравад барк нест газ нест хурокаю пушока нархаш осмонба ин занхои бессаводи куча кур хастан магар мурен аз ин кори кардагитон шармандахо. ОЗОДАгон озод бош чоп кун агар...

БЕНОМ
Устоди гироми мо ку шумора хакки насихат кардан надорем аммо ба хар хисоб як тавсия мекунам ага ин занои бешавхар бошан табобати ино осонай барои ино шавхар меёбед агар шавхардор бошан хамун аъзохои БУЗБАЛАИ--ШУМО хамин занои бедавора якта-якта ба ШЕФИ бигиранд

Собир
Рахматилло ё ором шин ё ин Точикистона тарк намо. Вакте ки занхо бо ту сари кор гирифтанд, окибаташ ба хайр. Ба хар сурат узбекистонй буданат омили ин корхост...

Цитата: Собир
з набуди ч

Дупа-Дуруст гуфтед. Зоиров ва амсоли у баринхо бароед равед аз Точикистон ва барои инхо кор осон шавад. Бо инхели "занхо" е ки аз зиндагии сангин розиянд давлат бурдан осон шавадда.

Некбин,
in zanhoi tojikand.

вориси салаф,
az badaxshoniho yod giriftand.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)