Бахшҳо
03 фев 2014 15:00Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Таъзияи Достиев ва маросими видоъ бо Боғшоҳи Лашкарбек

Сафорати Тоҷикистон аз даргузашти Боғшоҳи Лашкарбек, донишманди тоҷик ва раҳбари маркази фарҳангии “Нур”, ки шаби 2 феврал дар бемористоне дар Маскав ҷон дод, изҳори таассуф карда, ба наздикону дӯстонаш сабри ҷамил хостааст.

Абдулмаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Русия, масъулони сафоратро ҷамъ оварда гуфтааст, бо хонаводаи Боғшоҳи Лашкарбек дар тамос буда, дар масъалаи ташкили маросими видоъю интиқоли ҷасадаш ба Ватан кумак намоянд. Интизор меравад, рӯзи 4 феврали соли ҷорӣ маросими видоъ бо Боғшоҳи Лашкарбек дар Маскав баргузор гардад.

Сафорати Тоҷикистон рӯзи севуми феврал бо пахши иттилоияе гуфтааст, “мавсуф ба сифати яке аз фаъолони диаспораи миллии тоҷикон дар Русия бо сафорати Тоҷикистон ҳамкории зич дошт. Ҳамчун сипаҳсолори фарҳанги миллии тоҷикон дар хоки кишвари Русия ҳамеша дар такопӯ буд, то насли феълии ҳамватанони мо, ки аксар ҷавонону наврасонанд, аз решаҳои асли хеш, ки дар кӯҳистони Ватан ҷой доранд, ба дуриҳо наяфтанд, решапайвандие дошта бошанд. Инҷост, ки доимо маҳфилҳои фарҳангӣ баргузор мекарданд, кишвари азиз ва фарҳангу адабиёти қадимии мардуми моро муаррифӣ менамуданд.”

Намояндагии Тоҷикистон дар Русия дар охири ин иттилоияаш марги Боғшоҳи Лашкарбекро талафоти гароне барои миллати тоҷик, бахусус, тоҷикистониҳои муқими Русия унвон кардааст.

Боғшоҳи Лашкарбек, донишманди 65-солаи тоҷик, шаби 2 феврал дар яке аз бемористонҳои Маскав даргузашт. Наздикони ӯ гуфтанд, Боғшоҳи Лашкарбек ахиран қалбашро ҷарроҳӣ карда будааст. Вай соли 1949 дар ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон ба дунё омада, кишварро дар солҳои навадуми қарни гузашта, дар пайи нооромиҳои дохилӣ, тарк карда буд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Достиев, аввал костюму гиребони худатро бу каш. Дуюмаш ин ки Богшоҳи Лашкарбек ба таъзияи ту барин одам ниёз надорад. Хамшахрихои номусдораш хама маросимро мегузаронанд. О, ту кай истеъфо медихи ки точикон аз ту халос шаванд?
Як бор пеши як мухочири бечораи точик рафти? Як хамватанро аз чанги милисаву скинхед халос карди?
Номаш боз дипломат будаст...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)