Бахшҳо
03 фев 2014 16:55Тоҷикистон / Сиёсат

Амрико алайҳи сарбандҳои бузург. Бонки ҷаҳонӣ бо Роғун чӣ хоҳад кард?

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, қонунеро имзо кард, ки бар пояи он амрикоиҳо дар мудирияти созмонҳои молиявии байналмилалӣ уҳдадоранд, алайҳи бунёди сарбанд (плотина)-ҳои бузург дар ҷаҳон баромад кунанд.

Тибқи иттилои расонаҳои хориҷӣ, шаҳрвандони Амрико дар созмонҳои байналмилалии бонуфуз бояд алайҳи тасвиби ҳар гуна ҳуҷҷату сармоягузорие баромад кунанд, ки ба бунёди сарбандҳои бузург равона шудааст. Ин дар ҳолест, ки Амрико аз саҳмдорони асосӣ дар созмонҳои молиявии бонуфуз, аз ҷумла Бонки ҷаҳонист, ки феълан ба омӯзиши тарҳи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун“ машғул мебошад.

Бар асоси ёддоште, ки Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дошт, ин ниҳоди молиявӣ дар сурати натиҷаҳои мусбати ташхиси Роғун ваъда дод, ки барои анҷоми сохтмони он сармоягузорҳоро ҷалб хоҳад кард. Сарбанди Роғун бо баландии 335 метр дар назар аст, ки баландтарин дар ҷаҳон хоҳад буд. Ин лоиҳа дар ҳоле ки калиди мушкилоти иҷтимоӣ-иқтисодии минтақа арзёбӣ мешавад, мояи нигаронии Узбакистон гардидааст.

Тошканд иддао дорад, ки “Роғун” кишварҳои поёнобро беоб мегузорад, аммо мақомоту коршиносони тоҷик бо ироаи далелҳо онро қатъиян рад карда ва гуфтаанд, дар сурати бунёди нерӯгоҳи Роғун кишварҳои поёноб, аз ҷумла Узбакистонро ташналаб нахоҳанд гузошт.
Мӯҳр
Давлатхои хурд вокеан бозичаи абаркудратхоянд, аммо Раиси Чумхур бояд дар анаи хамин мархилаи такдирсоз худро нишон дихад. Бовар кунед агар хами он дороихое, ки дар чазирахои Британия гардиш доранд агар Чаноб тавонанд онхоро барои сохтани Рогун чалб кунанд бехтар аз он буд, ки пеши Амрико сар хам кунад. Давраи Номус аст.

Гарибшо
Ин дигар кор надорад))))

аввал конунро бо чашми худ бояд дид. Шояд ин конун танхо ба Гватемала дахл дошта бошад.

UMAR
Мо точикон бояд, дар ин давраи гузариш сабру тахаммулро аз даст надода, барои ноил шудан бо ин хадафи бузург хамеша иттифок бошему дар хама чо худро химоя карда тавонем!!!

[b]Номус[ Бо Чазирахоя- чазир кунед! дигар хечкас бовар намекунад ин хел афсонахова. халка кидат каред. пули ман кани? 2хз сомонба харида будам, аз шамъ харидана кисаманда копейк намунд. Бо нангу номус гуфта халки бечорава часпед. ман дигар на нанг дораму на номус. Бас! "хар яквор лойба мегутад"

нанг
Вазирону раисону пулдорхои Точикистон чои нангу номус омадааст. Дар атрофи раиси чумхур мутахид шуда сохтмони Рогунро ба гардан гиред. Ана инро санчиш дар назди Худову халку миллату раиси чумхур меноманд.

sadot
Номус,давлати хурд мисли мусичаи бегунох нест!
як бинед чи корхо дар рогун рафта истодаанд? кадом компанияхо пудратчи шуда кор мекунанд? кадом компанияхо пули аренда мегиранд?
чанд вилла ва чанд хавли бунед шудааст аз хисоби ин пулхо?

Суфиев Махмадшариф
Мо бояд ба умеди ягон кас нашавему аз ягон кас нахаросем ва аз ягон созмони молиявии чахони умеду ёри напурсем.
Иншоаллох дер хам шавад охиста-охиста бо кувваи худ месозем.

MEHRUBON
Як тахлилгари барномахои сиёси чанд сол кабл вакте Бонки чахони ташхиси Рогунро ба ухда гирфта буд, нависта буд; "Агар Амрико хам дар ин миён манфиати худро бубинад, ана он вакт ман ба натичаи мусбати ин ташхис умедворам"МО бозиро паси хам дар холи бохтанем, вале худ намедонем.

Хонанда
Давидани гусола то дари кахдон. Акнун пули мардумро гардонда дихед ва сахмияхоятонро гиред.

А 420
Ин бозиро мо бохтем. Амрико ин конунро ба ивази аз Афгонистон ба воситаи Узбекистон берун намудани кушунҳояш баровардааст.
Дар назар гуё бо Точикистон хеҷ рабте надорад, лекин дар асл Амрико ба муқобили мо барои дар ҳудудамон ҷой додани Артиши Россия қасд гирифта истодааст.

Агар дах конун имзо кунад, ки хеч кор карда наметона.

рпоокгро
Точикистони мо якка ва ягона аст.
Бихишти руи замин аст.

Муким
Агар хохем, ки Чаноб дар масъалаи Рогун яккавлу худро алорагми гуфтахои баъзе "дустон" нишон диханд, кабл аз хама мо бояд миллатдусту якдилу якру бошем ва дар пахлуи рохбари Давлат карор гирем, ки ин дастгириву самимтятро хамеша хисс кунад ва бо чуръате, ки хоси уст, амал кунад. Номус,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)