Бахшҳо
04 фев 2014 11:49Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Шикояти се мард аз зану таъна заданҳои хушдоманашон

Масъулони Кумитаи занон ва оила дар Тоҷикистон мегӯянд, дар шаш моҳи охир се мард аз болои зан ва хушдоманашон ба ин ниҳод шикоят овардаанд. Марҳабо Олимова, муовини раиси Кумита, рӯзи чоруми феврал дар сӯҳбат бо хабарнигорон, гуфт, яке аз ин мардҳо шикоят кардааст, хушдоманаш барои кам овардани маблағ ба хона ӯро пайваста таъна мезанад.

“Мард шикоят намуд, ки гӯиё хушдоманаш мегӯяд, пул кам меоред, тиловорӣ харед, чаро тиловорӣ намехаред ба духтари ман”,-гуфт дар шаҳри иттилояш Марҳабо Олимова. Муовини раиси Кумитаи занон ва оила афзуд, шикояти ду марди дигар аз болои ҳамсаронашон будааст, ки боис ба муноқишаҳои хонаводагӣ шуда, зиндагии ширинашро талх мегардонанд. “Мо барои ҳалли шикояти мардҳо аз болои хушдоман ва ҳамсаронашон мусоидат намуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарондем”,-афзуд Олимова.

СОКИНИ 71-СОЛА ДАР ҒАМИ ОИЛАДОРӢ

Марҳабо Олимова дар идома гуфт, дар ин муддат як пирмарди 71-сола, сокини шаҳри Душанбе, барои пайдо кардани ҳамсар ба Кумитаи кор бо занон муроҷиат намудааст. Ба қавли Олимова, фарзандони ин пирмард барои ҳамсари нав гирифтани падарашон зид баромадаанд: “Лекин мо гуфтем вазифаи мо пайдо кардани ҳамсар нест ва рафта бо духтари калонияш сӯҳбат кардем. Агар зӯри падаратон мерасад, бигузор гирад. Пирамард соҳиби 5 фарзанд мебошад ва ҳамсараш вафот карда будааст.”

Шикояти се мард аз зану таъна заданҳои хушдоманашон299 ҲОЛАТИ ХУДКУШИИ ЗАНОН

Мағфират Хидирова, раиси Кумитаи кор бо занон, дар ҷараёни ин нишасти хабарӣ ба масъалаи худкушӣ ва ҷинояткорӣ миёни занҳо дахолат намуда, гуфт, соли гузашта 299 ҳолати худкушии занҳо ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли пешин 12 ҳолат зиёд мебошад. Раиси кумита иброз намуд, дар соли гузашта 1 ҳазору 89 ҷиноят аз ҷониби занҳо содир шудааст, ки бештараш ба ҷиноятҳои дуздӣ, қочоқи маводи мухаддир, қаллобӣ рост меояд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Точикистони нав
Ин хабар сатхи кори кормандони кумитаи занону оиларо нишон медихад. Яъне ин кумита масъалахои чиддии чомеаро гузошта ба корхои кампирона машгул аст. Хушдоман, таъна, тиловори ва гайра... Боз кумита ном дорад.

мухтарам кормандони кумитаи кор бо занон аз шумо ехтиромона хохиш менамоям ки падарам як сол зиед боз бе хамсари азиз мебошад у хохишманд аст ки аруси кунад ба хотири танхои 82 сол дорад аз шумо ехтиромона хохиш мекунам ки агар зане пайдо шаваду рози бошад ман хамчун модар уро кабул намуда хама шароитро барояш мухае мекунам баъди сари падарам боз нигохубинаш мекунам ба хама шартхояш рози мешавам хохишмандам кумакатонро дарег надоред бо ехтиром телефони ман 938120085 емейлам хам дуруст аст

Сухроб
Мухтарам намояндагони кумитаи занон хешованде дорам марди тануманди 77 сола,илтимос дар пайдо намудани хамсари нагз барои муйсафед кумак расонед.Сурогаатонро ба муйсафед медихам,уро ноумед накунед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)