Бахшҳо
04 фев 2014 14:53Тоҷикистон / Сиёсат

Амонулло Ҳукумов ба нафақа рафт. Зоиров ба ҷои ӯ омад

Амонулло Ҳукуматулло (Ҳукумов), раиси корхонаи Роҳи оҳани Тоҷикистон, ки номи ӯ дар пайи садамаи писари 16-солааш моҳҳо боз дар сархати расонаҳо қарор дорад, бо қарори ҳукумати Тоҷикистон таҳти рақами 98 ба нафақа баромада, ҷои худро ба Асадулло Зоиров додааст. Ҷаноби Зоиров то ин дам роҳбари корхонаи фаръии сохтмонии “Роҳсоз”-и ширкати Роҳи оҳан будааст.

Владимир Собкалов, муовини раиси корхонаи Роҳи оҳани Тоҷикистон, хабари барканории Амонулло Ҳукуматуллоро дар сӯҳбат бо "Озодагон" тасдиқ кард ва гуфт, ин тағйирот рӯзи 4 феврали соли ҷорӣ сурат гирифтааст. Ин барканорӣ дар ҳолест, ки ҳамагӣ як ҳафта пеш ҷаноби Ҳукуматулло ба хабарнигорон гуфта буд, моҳи майи соли ҷорӣ ба нафақа меравад ва агар касе ҷои ӯро гирифтанист, то он вақт сабр кунад.

Амонулло Ҳукумов ба нафақа рафт. Зоиров ба ҷои ӯ омадАмонулло Ҳукуматуллои 63-сола соли 2002 ба курсии раиси Роҳи оҳани Тоҷикистон нишаста, 12 сол боз зимоми ин корхонаро дар даст дошт. Номи вай дар се соли охир дар пайи қазияҳои марбут ба писараш -- Рустам ва Расул вирди забонҳо шуда, ҳамин тавр, дар сахати расонаҳо қарор гирифт. Рустам Ҳукумов, писари Амонулло Ҳукуматулло, соли 2010 бо ҳукми додгоҳе дар Русия барои даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир ба нӯҳ соли зиндон маҳкум шуд, ки ин хабар ҳангоми боздошти ду халабони як ширкати русӣ дар Қӯрғонтеппа расонаӣ гардид. Раҳоии Рустам низ бо раҳоии ин ду халабони ширкати русӣ рост омад, ки ҳадсу гумону суолҳоеро то ҳол боқӣ гузоштааст.

Номи Расули Амонулло дар пайи садамаи маргбори шаби 9 октябри соли гузашта дар маркази Душанбе, ки се куштаву се маҷрӯҳ бар ҷой гузошт, расонаӣ шуд. Мақомот дар лаҳзаҳои аввали садамаи шаби 9 октябр Асрор Ҳукумови 22-сола, бародарзодаи раиси ширкати Роҳи оҳанро, муттаҳам эълон карданд. Аммо баъдан гуфтанд, ин садама бо иштироки Расули Амонулло, писари 16-солаи Амонуллои Ҳукуматулло, рух додааст. Вале ҳоло нафареро бо ному насаби Умар Шарифов ҷустуҷӯ доранд, ки гӯиё гунаҳкори қазия ӯ будааст.

Амонулло Ҳукуматулло дар нишасти ахири хабарияш аз бозтоби қазияҳои марбут ба писаронаш дар расонаҳо изҳори нигаронӣ карда ва гуфта буд, баъд аз анҷоми тафтиш ҳатман аз болои бархе аз рӯзноманигорон ба додгоҳ шикоят мебарад. Ӯ ҳатто ба хабарнигори "ИмрӯзNews", ки бо Рустам Ҳукумов вориди як баҳси додгоҳӣ шуда буд, таъкид кард, ки эҳтиёт бошанд, чун ӯ медонад дар пасашон кӣ меистад. Ин изҳороти Ҳукуматулло бо вокуниши тунди ҳайати эҷодии ИмрӯзНюз рӯбарӯ омад ва онҳо бо ирсоли як нома ба раисиҷумҳур, раиси Кумитаи амнияти миллӣ ва вазири умури дохилӣ гуфтанд, ки суханҳои раиси Роҳи оҳан (ҳол собиқ) таҳдидомез аст ва ҷони онҳо дар хатар мебошад.


Дар акси дувум: Асадулло Зоиров, раиси нави Роҳи оҳани Тоҷикистон

Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
хакикат
наканеста

то мохи майа токат накардан ку хукумов чора гирифтан

ай Садвинсавхоз
Охо, ин Асади бачаи бргадирзанака Амон оварда вазифа доду, дар тагуш ов монд бген...

Чам
Ё товба. Ами бечорара руз надоден да. Ина гирифтанша бад чи? Ягон фоида диден?Мо хеч гох аз бадию бахели намондем да. Рузноманигоро ягон фоида медида бошанд? Факат корашон чанандозию овозаю гап куни.

шараф
Як бор части малахак, ду бор части малахак, охир ба дасти малахак. Доигрался !

Ватандӯст
Ин барканорӣ не, шояд ҷойивазкунӣ бошад. Зеро Эмомалӣ Раҳмон ҳич вақт хешу наздикони худашро гам наметияд...Боз мебинем... Мумкин баъд аз як ҳафта ду ҳафта барканорӣ ё ҷойивазкунӣ будани ин фармони президет маълум мешавад...

Чам, Кани саводи олимонаи точики??? бечора мегуи?? кучои ин оила ба бечора монанди дорад? се чор касро кушта се каси дигарро кариб мачрухи якумри мондан нишонаи бечораги?? ё ду се кудаконро бепадар кардан нишонаи бечораги?? ё 1500-2500 мардуми ба тахкир гирифтор карда аз Русия депорт кардан нишонаи бечораги!! бечорагон - он мардуме, ки аз паси ин Оилаи баднафсу, бемаъни бесарпаноху, камризку аз кути лоямуташон махрум шудагонанд!! то чи микдору дарача бефаросату бемаънию, бесаводед баъзе мардуми точик!!

Чам, Кани саводи олимонаи точики??? бечора мегуи?? кучои ин оила ба бечора монанди дорад? се чор касро кушта се каси дигарро кариб мачрухи якумри мондан нишонаи бечораги?? ё ду се кудаконро бепадар кардан нишонаи бечораги?? ё 1500-2500 мардуми ба тахкир гирифтор карда аз Русия депорт кардан нишонаи бечораги!! бечорагон - он мардуме, ки аз паси ин Оилаи баднафсу, бемаъни бесарпаноху, камризку аз кути лоямуташон махрум шудагонанд!! то чи микдору дарача бефаросату бемаънию, бесаводед баъзе мардуми точик!!

аз вазифа сабукдуш шуди акнун фикри мурдану киёмата кун Амонов фарзондони мардумро писарат куштсе нафари дигараша мачрух карди бо 120 сомони чоната халос карди , ана акнун кунчи хонае нишаставу фикр кун ки агар фарзанди туро мекуштанд е ки агар фарзанди туро мачрух мекарданд пас ба ту чи мекарди ???? то имруз болои курсии чармин лекин аз ин пас боли намади бобои нишаста даст бар гиребон куну назди Худо тавба кун ,чунки фарзандони ту одамкуш астан мумкин аст фардо ё ба хурокат героин меандозанд ё ки бо мошини БМВ пахш карда мекушандат .чунки ту назди фарзандонат ба мисли резаи ноне кадр надори агар ки кадр медошти онхо обруи туро намерезондан.. ба ту барин падар дилам месузад ки фарзандонат туро кадр намекунанд.

Омад ба сарам
Он кадар сармояе, ки тайи ин зиёда аз 10 сол чамъ кардааст, то охир барои шохона зистан кифоят мекунад. Бо хамин Хукумов аз сархати хабархо нест шуда, гапаш дар банди бояфзолаш намедавад.

ОМАД БА САРАМ АЗ ОН ЧИ МЕТАРСИДАМ...

обо, виниту рафту.Хай ягон гап мешавада,

гр-TJ
То ин вазири нава кисааш пур мешавад,ки Точикистон боз 20-соли дигар кафо мемонад.

Furkoni Rahmoni
То мохи майя инфакт нашава хубай!хакикат,

Tojik
Xay vay be in ham pensioner bud. Inro hukumat baroi pokazukha kard guyo ana mo uro ba nafaqa gusel kardem. Sadho Hukumovhoi digar to hol dar johoyashon pobarjoyand.

гр-TJ
Аз хамаи хабарнигорони Точикистон як хохиш дорам,аз раиси чумхури Точикистонхам як интервю гиред,шояд Э.Рахмонамхам шарм карда ба нафака меравад.

Некруз
ХАМИН КОНУНИ БА НАФАКА БАРОМАДАН БА ХАМА ДАХЛ ДОШТА БОШАД? БА УМРИ ДИРЕКТОРИ РАДИО ХУЧАМКУЛОВ ХЕЧ КАС НАМОНД НЕКИ ТО ХОЛ ДАР КУРСИАШ НИШАСТАСТ. УСТОДИ АРЧМАНД ХУЧАМКУЛОВ АКУ ВАКТИ ИСТИРОХАТАТОН ФАРО РАСИДАСТ, ДАМ ГИРЕД, ХУДОВУ ОЛЛОХ ГУЕД, 5 ВАКТ НАМОЗАКОТОНА ХОНЕД, ХЕЛО ХИЗМАТИ АРЗАНДА КАРДЕД МОНЕД ШОГИРДОНАТОН ИДОМА ДИХАНД. ИДЕЯИ ШУМО КУХНА ШУД БА АСРХОИ 18 ХОС АСТ УСТОДИ МЕХТАРАМ!

доги руз,
Хак ва рост. Ох ва дуои бад, дарев мекуна.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)