Бахшҳо

Талаби созмонҳои журналистӣ аз ҳукумат нисбат ба Ҳукумов

Иттиҳодияи журналистон ва Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон рӯзи 4 феврал бо пахши як баёния аз таҳдидҳои Амонулло Ҳукумов, ҳоло собиқ раиси “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, ба хабарнигорони “ИмрӯзNews” нигаронӣ карда, аз бефаъолиятии мақомот нисбат ба ӯ интиқод намуданд.

Дар баёнияи созмонҳои хабарнигорӣ омадааст, намояндагони “ИмрӯзNews” ба тамоми ниҳодҳои дахлдори давлатӣ муроҷиат кардаанд ва созмонҳои хабарнигорӣ умед доранд, мақомот ба изҳороти Ҳукумов баҳои ҳуқуқӣ хоҳад дод.

Ин созмонҳо омодагияшонро барои дастгирӣ аз “ИмрӯзNews” таъкид карда, изҳор доштаанд, то охир қазияи таҳдиди Ҳукумовро ба хабарнигорон пайгирӣ хоҳанд кард. Амонулло Ҳукумов, собиқ раҳбари корхонаи Роҳи оҳани Тоҷикистон, рӯзи 29 январ зимни нишасти матбуотӣ, вақте сухан аз писараш Рустам Ҳукумов рафт, ба нашрияи “ИмрӯзНюз” ҳушдор дода, аз онҳо хост, эҳтиёт бошанд.

Раҳбари корхонаи Роҳи оҳани Тоҷикистон гуфт, “медонам, соҳиби “ИмрӯзНюз” кист, вале ба ҳар ҳол эҳтиёт кунед.” Ӯ аз қазияи пирӯз шудани Рустам дар баҳси додгоҳӣ бо “ИмрӯзНюз” ёдовар шуда, илова кард, “ӯ ҳанӯз ин маблағи ҷубронро талаб накардааст.” Рустам Ҳукумов, писари Амонулло Ҳукумов, дар авохири соли 2011 рӯзномаи “ИмрӯзNews”-ро дар паст задани шарафи худ муттаҳам карда, аз додгоҳ хоста буд, шаъни ӯро барқарор кунад ва 50 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ бирӯёнад. Баъдан ин баҳси додгоҳӣ ба нафъи ӯ ҳал гардид.


Дар акс: Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон

Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Дар пушти ИМРУЗНЮС -ОРИЁНБОНК меистад, хеч чиз намеша натарсед! Худатонрохам бехуда гам надихед.

Якбор хамин суханхои Хукумовро пайгири кунед ку дар пушти ИМРУЗНЮС ки меистад.? Ё хаматон медонеду метарсед ха?

Ана бинед 1 хафта нашуда бечораи Хукумовро аз вазифа гирифтанд. Шояд делахам кушоянд ягон мох пас. Асабоша хароб кардаанд. Бо пушти ИМРУЗНЮС шухи кардан даркор не!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)