Бахшҳо

Мавзуна Чориева дар бораи Осияи 8-моҳа, бокс ва кӯдакони ятим

Маҳастии ДӮСТМУРОД

Мавзуна Чориева, муштзани маъруфи тоҷик ва барандаи медали биринҷии Олимпиадаи тобистонаи 2012 дар Лондон, ин шабу рӯз барои иштирок дар мусобиқаи байналмилалии бокси Булғористон, ки 24 феврал баргузор хоҳад шуд, омодагӣ мебинад.

Чориева баъд аз таваллуди духтараш -- Осия, ки ҳоло ҳаштмоҳа аст, барои бори дувум дар мусобиқоти бокс иштирок мекунад. Ӯ чанде пештар дар сабқати Ханти-Мансийск ширкат карда, сазовори ҷои севум шуда буд. Ин муштзани маъруфи тоҷик дар сӯҳбат бо хабарнигори “Озодагон” гуфт, он рӯзҳо мехост фақат нерӯи худро дар майдони бокс бисанҷад: “Баъд аз таваллуди фарзанд ва танаффуси тӯлонӣ умед надоштам, дар сабқати Ханти-Мансийск соҳиби ҷое мешавам. Ҳатто вақте ба мусобиқа даъват карда буданд, танҳо хостам худро дар ринг бисанҷам. Вале дар охири сабқат номи маро ба ҳайси барандаи мақоми севум эълон карданд, ки боиси хушҳолиям буд.”

ОСИЯИ ҲАШТМОҲА

Мавзуна Чориева дар бораи Осияи 8-моҳа, бокс ва кӯдакони ятимМавзуна Чориева мегӯяд, таваллуди Осия барои тамрину идомаи сабқаташ дар майдони бокс халале нарасондааст. Балки, ба гуфтаи ӯ, баъзан Осия мояи илҳому тавоноӣ мешавад, ки ӯ дар мусобиқот пирӯз ояд. “Ҳар он шахсе, дақиқтараш зане, ки мегӯяд пас аз шавҳар баромадан ва таваллуд кардани фарзанд ба варзиш бозгашта наметавонад, иштибоҳ мекунад. Ман ва шавҳарам Амон машғули боксем. Вақте ман дар тамрини варзишиам ӯ маро дастгирӣ мекунад ва ҳатто хушдоманам Идимоҳ Ғуломова ҳар рӯз ба ман мегӯянд, ки ба толори варзишӣ равам, чун дар хона коре барои ман намондааст. Инчунин, гуфтаниам, ки сол то сол ҳар як шахс боқувват мешавад, на ин ки заиф”,-афзуд ӯ.

Мавзуна ба ояндаи хуби духтараш умедвор аст ва мегӯяд, ҳатман барои пешрафти ӯ тамоми талошашро хоҳад кард. Вале, мегӯяд ӯ, дар интихоби касб ва ё риштаи варзиш ба духтараш фишор наоварда, балки онро дар ихтиёраш мегузорад.

Ҳоло Осия – духтари Мавзунаю Амон ҳаштмоҳа аст. Дар лаҳзаҳое ки Мавзуна машғули тамрин аст, ӯро гоҳе бибияш Идимоҳ нигоҳбонӣ мекунаду гоҳе дигар падараш -- Амон. Онҳо намегузоранд, ки касе мояи озори Осия бишавад. “Ба ғайр аз ман, хушдоману шавҳарам машғули нигоҳубини Осияанд. Онҳо ба ман кумак мекунанд, то дар варзиш ба пешрафтҳо ноил шавам”,-мегӯяд, Мавзуна.

САРПАРАСТИИ ЯТИМОН

Ин муштзани маъруфи тоҷик мегӯяд, ҳарчанд шахси тавонманд ва сармоядоре нест, аммо дар борари тифлони бесарпарасту ятим низ бисёр меандешад. Вай мегӯяд, ӯву ҳамсараш ният доранд, вақте соҳиби се фарзанд мешаванд, ҳатман ду кӯдаки ятимро низ барои нигоҳубин хоҳанд гирифт. “Чуноне пайомбар Муҳаммад фармудаанд, дар хонае, ки ятим ҳаст ва хурсандона бо падару модару хоҳару додар зиндагӣ мекунад, он оила хушбахтанд”,-таъкид мекунад муштзани тоҷик.

Дар бораи он ки оё Мавзуна қасди ифтитоҳи ягон Бунёд (Фонд) барои сарпарастии кӯдакони ятимро дорад, ё на, ӯ гуфт, “мардум фикр мекунанд, ки ман хеле пулдорам, аммо ин танҳо овозаҳои беҳудаанд. Он ки ман дар мусобиқаҳо иштирок кардам, маънои пулдории маро надорад. Вале дар сурате ки маблағи бештар ба даст омад, ҳатман ин корро анҷом хоҳам дод.”

МАВЗУНА ВА ИДОМАИ БОКС

Мавзуна Чориева дар бораи Осияи 8-моҳа, бокс ва кӯдакони ятимНоми Мавзуна Чориеваи 21-сола баъд аз пирӯзияш дар Олимпиадаи тобистонаи соли 2012 дар Лондон расонаӣ шуд. Ӯ дар тӯли бист соли мустақилияти Тоҷикистон танҳо зани ин кишвар буд, ки дар Олимпиада медал ба даст овардааст. Дар пайи ин пирӯзӣ ба Мавзуна Чориева шаҳрдории Душанбе манзили сеутоқа, шаҳрдории Кӯлоб як манзили панҷҳуҷрагӣ ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон як манзили дуҳуҷрагӣ тӯҳфа намуданд. Инчунин, раисиҷумҳури Тоҷикистон Мавзуна Чориеваро бо ордени "Шараф" ва 200 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонд.

Чориева баъдан, моҳи октябри соли 2012, дар шаҳри Кӯлоб бо Амон издивоҷ кард ва онҳо ҳоло соҳиби як духтаранд. Мавзуна мегӯяд, боксро худ интихоб кардааст ва аз роҳаш гаштанӣ нест. “Ин навъи варзишро худам интихоб намудаам. Падари худораҳматиам низ варзишгари гӯштии озод буданд. Вақте вориди бокси касбӣ шудам, барои худ мақсад гузоштам, ки бояд дар олимпиадаю мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок карда ба хотири падарам ҷойҳои муносибро сазовор гардам. Ва чунин низ шуд”,-гуфт дар охири сӯҳбат Мавзуна.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Pamir
313
Э бие бас кун хамин боксатро акнун. Аз паи оилаву фарзандат бишав.

Офарин Мавзуна Чориева дар акс дидаму ахсан гуфтам инхел бонуи зебои хона, аслан зани точик худ зебост. Ташакур ба шавхарату хуштоманат ки кумаки худро дарег намедоранд. мард бояд чунин бошад ба мисли шавхари ту. Зиндагии осоишта нуши чонатон бод. чун ки миллати точикро муаррифи кардаи барори кор, зиндагии тинч ва варзандони солиму солех ва баркамолро хохонем. ААА мо мухлисон хисоб мекунем ку аз 3 то зиёд шуд ана бадддддд. барор шухи буд...

расул
313,

биё туро руймол бандему рафта ай паи зиндагит шав ва дар лаби обатон гайбат карда шин. хамин бехунархо бо забонашон дароз.

Чавоб ба чаноби 313
ту чи медоники ки одамо барои голиб шудан чи азобора ай сар мегузаронанд. чи дар риштаи варзиш бошад, чи дар риштаи фарханг ва гайра. Ту хозирам фарки арзишхои миливу арчгузории ба миллати точик ва пояи моддиву техникии точикистонро бомба мефахми чура бра хоб кун. надони ича аз кадом мавафакиятхо гап мерава.

Тохир
Мавзуна ту ифтихори мардуми точик хасти, ба пеш муштзани точик!!!!!!!

Фахр мекунем, фарзанди аслии Точикистон. Дар Олимпиада медал гирифтан ин насиби хар кас не!

донишчу
313 раками интихобкардаат чавобатро медихад. Келини хона.......

123
Инчи номест? Осия,
магар тифли бегунохро Осия ном мегузоранд???

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)