Бахшҳо
05 фев 2014 11:58Тоҷикистон / Сиёсат / Видео

VIDEO: Кумитаи сармоягузорӣ дар қазияи Зайд Саидов ҳамҷавобгар шудааст

Қодири Қосим, раиси тозатаъини Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, гуфт, дар баҳси яке аз парвандаҳои марбут ба Зайд Саидов дар бораи хусусигардонии ошхона дар бинои Вазорати энержӣ ва саноат ба ҳайси ҳамҷавобгар даъват шудаанд. Ҷаноби Қосим ин нуктаро дар нишасти хабарии панҷуми феврал дар Душанбе баён дошт.

Қодири Қосим мегӯяд, ин ягона мактубест, ки ба ин ниҳод дар мавриди амволи Зайд Саидов ворид шудааст. Дар ҳоле ки мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, Зайд Саидов чандин моликияти давлатиро ғайриқонунӣ аз худ кардааст. Аммо мудирияти Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ки масъули идора ва фурӯши амволи давлатӣ аст, изҳор медорад, ки ба онҳо танҳо мактуб дар бораи хусусигардонии ошхона дар бинои Вазорати энержӣ раситаасту бас.

Қодири Қосим таъкид кард, мурофиаи додгоҳӣ аз рӯи хусусигардонии ошхона дар бинои Вазорати энержӣ, ки ба гуфтаи тафтишот ғайриқонунӣ хусусӣ шудааст, рӯзи 6 феврал дар Додгоҳи иқтисодии Душанбе оғоз мешавад.



Фаттоҳ Саидов (Абдуфаттоҳи Ғоиб), раиси Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон, низ ахиран изҳор дошт, Зайд Саидов, вазири пешини саноат бо сӯистифода аз мавқеъаш ошхонаи бинои Вазорати энержию саноатро ғайриқонунӣ ба номи наздиконаш хусусӣ кардааст. Ӯ таъкид намуд, ки феълан 5 парвандаи ҷиноии иқтисодӣ алайҳи Зайд Саидов мавриди тафтишот қарор дорад.

Зайд Саидов, собиқ вазири саноати Тоҷикистон, баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ боздошт шуда, моҳи декабри соли гузашта барои ришват, бисёрзанӣ ва таҷовуз ба номус ба 26 соли зиндон маҳкум шуд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Сулхия
Боз мегун, ки Зайд серу пур аст. Агар чунин мебуд, наход ошхона ва парикмахерро хусусй кунад. Э вой бар ин мансабдорон.. Аз мост, ки бар мост! Аз дасти уно Эмомали сарашро гирифта кучо равад?

Ба Сулхия
ин ошхонаро соли 1999 аз биржа як одами дигар харидаги аст. писари Зайд Саидов аз он одам солхои 2007-ум харидааст. вакте ки уже вазир набуд. вале хариданаш аслан ба фоидааш нашуд. Гулов мехост бгираш натонист чун суд да бойдод вале якуним сол баъд гайри конуни мехоханд гасб кунанд

Зайд Саидов серу пур буд барои ин ки бизнесаш аз хамин хел магозахои кучак буд. чашмаш гурусна ва дузд набуд ки ТАЛКО ва заводхои калонро дуздад

ба Сулҳия
Сулхия,
ҳамон одами гуфтагит сарша гирифта равад ҳама ТЕНҶ меша

ХЕЧ КУЧО НАМЕРАВАД БОЗ ИНТИЗОР МЕИСТАД КИ ЯГОН БИЗНЕСМЕНИ ТОЧИК МИСЛИ ЗАЙД АЗ ХОРИЧА ПУЛХОЯШРО БИЙРОД ДАР ТОЧИКИСТОН САХМОЯГУЗОРИ КУНАД ПАС УРО БО ТУХМАТ БА ЗИНДОН МАХКУМ КУНАД

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)