Бахшҳо

"Лағви пасвандҳои русӣ аз насаб рисолати ҳар як тоҷик аст"

Гавҳар Шарофова, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, дар нишасти хабарии панҷуми феврал аз лағви пасванди “ова”-и русӣ аз насабаш хабар дода ва онро “рисолати миллии ҳар шаҳрванди Тоҷикистон" номид. Ӯ бо ишора ба таҷрибаи тағйири номи худ, изҳор дошт, ки ин раванд он қадар давутози зиёде талаб намекунад ва мушкил ҳам нест.

Масъулони Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон мегӯянд, баъзе таъхиркориҳо ҳангоми иваз намудани насаб аз тарафи мақомот фақат ба хотири ҷилавгирӣ аз пинҳон кардани ҷиноятҳост.

Шарофзода дар ин нишасти хабарӣ дар бораи ворид кардани забони тоҷикӣ ба “Гугл-тарҷумон” гуфт, ин кор дар нақша аст, вале вақт, меҳнат ва мутахассис металабад. Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, инчунин, аз риоя нашудани меъёрҳои забони адабӣ дар бархе аз барномаҳои телевизион интиқод карда, афзуд, феълан гурӯҳи махсус ташкил шудааст, ки забони барномаҳои телевизионро таҳлил мекунад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Чамшед
Бисёр ачиб!!! хама рохбарон вазифа гиранд ба зудди ба иваз кардани номашон кушиш мекунанд, максад хисси милли не инчо гап дар сари дигар чиз хаст. Инро худашон хуб медонанд.

дар масъалаи Гугд - тарчумон аз афташ кардани нестанд, бахонашон хамин аст, доим яъне ин кори мушкил сангин ва хоказо.......

Рустам
Бону Шарофзода бехтарин кореро анчом медихед, агар хамин баронмахои ТВ-ро тахлил карда наттоконро забон ёд дихед. Дар хакикат ТВ ин тамоми чумхурй аст, на сухбати миёни ду нафар. Аз истифодаи баъзе калимахо ва чумласозихои журналистони ТВ ва Р шарми кас меояд. Аз тачрибаи собикадорони ТВ бояд истифода кард. Баъзеи онхоро мондан даркор, ки чавононро ёд диханд. Хамаи собикадоронро ба нафака равон кардан галат аст. Мактабу маориф ва кори эчодй пиру кухансол надорад...

Мухтарам РАИСА, дар номгузори бояд конуни алохида такмил дода шуда, кабул карда шавад ва хамаи ному насаби шахрвандон якхела ва ба шиносномахо мувофик (сетога), яъне аввал насаб, баъд ном ва баъдан номи падар дошта бошанд, Масалан: Салимзода Шерхон Одина, Шарофзода Гавхар Карим, Каримзода Салим Рахим ва гайра. Яъне хама бояд ба чои пасванди "ов" пасванди "зода" -ро кабул намоянд. Ё агар номи дутога бошад, бигзор аз хама тибки хамон конун дутога бошад, Масалан: Эмомали Рахмон, Рахим Чалил ва гайра. То хамин хел конуни анику сахех ва такмилдодашуда набошад, ин кор ба низом намедарояд дустони азиз.
Боки хама саломат бошед!!!.

Се сол пеш вакте барои зодномаи духтарам рафтам, ба ман гуфтанд ё ба фамилияи худатон номашро Нигора Саидова дар кайд монед, ё ба тарзи точики хохед, ба номатон - Нигораи Камол. Гуфтам мехохам милли бошад, аммо фамилияи авлодиамонро нигох дорем. Нигора Саидзода. Гуфтанд, не, факат ду варианти гуфтагиамон аст, тамом! Хайрон шудам. Фамилия монад гуфта Нигора Саидова навиштам.
Холо хам хамин хел бошад?

Муаллима агар дар кумита 1 шуъбаи махсус таъсис медодед, ки хамагуна рекламаву овезахои ширкатхо бо хамохангзозии ин шуъба ичозат дода мешуд, шояд хатогихо камтар мешуданд. Бигзор ин шуъба худмаблаггузор(тичорати) бошад.

Аз барои Худо..., гӯиши забони тоҷикӣ дар телевизиону радиои тоҷик қариб 80% аз байн рафтааст. Русҳои нав тоҷикӣ ёд гирифта ингуна ҳарф намезананд, ки ровиҳои мо сухан мегӯянд (манзурам гӯиши русӣ). Бесаводию бефаҳмӣ ва бемасъулиятӣ ҳам ҳад доштагист...!!!

Шояд ин мансабдорони мо ба чойи тагйир додани ному насабашон ба ободонии кишвар машгул мешуданд, хубтар мешуд. Бо тагйир ёфтани насаби онхо вазъи бухронии кишвар бехтар намешавад. ба фикрам ин боз як тичорати дигар аст, ки ба наздики хамаро мачбур мекунанд бо тагйири насаб шиносномахои нав гиранд ва тичорати духтари ЧО бештар шавад.
Вагарна киро чи кор аст, ки ному насаби ман чи гуна хохад буд, насабро хох немиси менависам ва хох англиси дар он миллат хатман точик навишта мешавад ва хамон басанда аст.

Иваз намудани ному насаб кори шахсии хар як фард аст. Мо дар чумхурии дуняви ва демократи зиндагони дорем. Бо рохи зури иваз намудни ному насаби шахсрвандон ин чиноят аст ва ин услуб дар давлатхои демократи ба кор намеравад.
Лекин дар чумхурии МО агар макеъаш ояд аз демократия фаромуш мекунанд вале хангоми дар нади ВАО хоричихо сухан рондан демократия ин модар ва хам падари мансабдорони МО мешаванд. Шарт нест, ки ягон мансабдори МО худро ЗОГ ном монаду ва дигарон худро ГОЗ.
фИКРУ АНДЕШАХОИ ПЕШРАВИИ ИКТИСОДИЁТ, МАЪНАВИЁТ ВА Г. НЕСТ, ТАНХО АЗ ЯК КОГАЗ ФИКРИ ХУДРО ГУФТАН АСТ.

Аз мухтарам Шарофзода хохиш мекнам ба ин савол чавоб диханд. Чаро дар шуъбахои ЗАГС мардумро мачбур месозанд ки номи точикиро факат бо илова кардани "зода" гиранд. Ман худам шохиди зинда астам. Номхое ба мисли Махмудиен, Расули, Эрачдухт, Шарофиен, Ахмади, Хошими, Назари, Хайдари е Бехзоди Маъруф, Алии Мухаммад... ва гайраро кабул намекунанд. Чаро??? Чаро хатман Махмудзода, Расулзода, Маъруфзода, Хайдарзода.... бошад? Боз чаро? Мегуянд ки чунин конун вучуд дорад, ки ба имзо расонида чунин конуни ахмаконаро??? Чаро дар интихоби ном ба зиндагии мардум дахолат мекунанд. Масалан ман мехохам Анушервони Одилзода бошам на Одилзода. Аммо инро ба ман ичозат намедиханд. Чаро???

инсоф
Бародар Камол, тибки моддаи 20 Конуни сабти асноди холати шахрванди варинати Саидзода низ мумкин буд ва холо хам хаст

Д. Довуди
Хукумати Точикистон бояд конун дар бораи номгузори бароварда номхои точикиро расман ва хатман чори намояд. Ин масъала хали дигар надорад ва ба харачу марач дар ин соха хотима медихад.

ozod
man mekhoham nasabamro tojiki kunam.ammo boyad az chi sar kunam? oe hamai hujathoro niz ivaz kardan zarur ast?

674
Бояд як фармон шавад, ки хама аз номашон пасояндхоеро, ки хоси точики нестанд. гирифта партоянд. Масалан, КУЛ, ХОН, ОЙ, МАТ, МАД.

Эъъ неки кандатона занед. О давлати Советхора, ки ин давлат ана бо хамин -ову -вич-аш давлат буд то хозир гирену нолон ба ед меореду боз якбора аз -ову -вич хо безори мечуед?
Ба онхое, ки талаби конуну понунро доранд гуфтаниям, ки НАМЕШАВАДДД!! Хайр акнун дар мо ку шуданаш хам мумкин, лекин бояд нашавад. Бо Чамшед, Чамила ва Умед хамфикрам, ки: 1-ум ба чои ба ному насаб часпидан бехтар мебуд шиками халкро сер мекардед; 2-юм дар давлати демократии дунявии хукукбунеду ичтимои хеч кас хак надорад касеро мачбур ба ивази ному насаб кунад! 3-юм фаромуш накунед, ки дар Точикистон ба гайр аз точикхо боз дигар миллатхо хам зиндаги мекунанд.

масъалаи номгузории шахрвандон соли 2006 дар КЧТ "Дар бораи сабти асноди холати шахрванди" халли худро ёфтааст. Тибки моддаи 20 он: решаи насаб бо илова кардани суффиксхои «зода», «зод», «ї», «ий», «иён», «пур», «духт» ва ё унсурхои «пури», «духти» ё бо рохи пас аз ном ё номи падар илова кардани решаи насаб ташаккул меёбад. Мисол: Каримова Малика Шариповна метавонад, Каримзода Малика Шарифиён, Карими Малика Шарифдухт, Шарифзод Малика Карими ва гайра бошад. Инчунин номхои ду чузъа низ тибки Конун роич мебошад, яъне насаб ва ном, номи падари (отчество) кайд карда намешавад. Барои иваз кардан ному насаб Конун хамаи мавридхоро шарх додааст. Сар задани мушкилии мо ин аз надонистани хукукхои хеш мебошад!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)