Бахшҳо
05 фев 2014 16:36Тоҷикистон / Иқтисодӣ

6 ширкат ба мақомоти тоҷик 6,8 миллиард $ ваъда кардаанд

Шаш ширкати хориҷӣ изҳори омодагӣ кардаанд, ки ба иқтисодиёти Тоҷикистон наздики 7 миллиард доллари амрикоӣ сармоягузорӣ кунанд.

Ин нуқтаро Қодири Қосим, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, имрӯз, 5-уми феврал зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе изҳор дошта, афзуд, ки бар иваз ин ширкатҳо аз давлати Тоҷикистон имтиёзҳои бештарро талаб доранд.

Қодири Қосим илова намуд, ки феълан бо ин сармоядорҳо бо назардошти манфиатҳои миллӣ гуфтушунид идома дорад. Ӯ изҳор дошт, ки ширкатҳо аз Аврупо, Чин, Ҳиндустон, Малайзия ва Эрон буда, бештар ба нақлиёт, саноати куҳкорӣ ва дигар соҳаҳо майл доранд.

Ин дар ҳолест, ки маҷмӯи лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон то 1 январи соли 2014 аз 50 лоиҳа иборат буда, маблағи умумии он 9,96 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ки аз он 3,99 млрд. сомонӣ грант аст. Қодири Қосим дар қатори манбаҳои асосии сармоягузории лоиҳаҳо дар Тоҷикистон, аз ҷумла Бонки рушди Осиё – $560,77 млн, ЭксИмБонки Чин – $559,61 млн, Бонки умумиҷаҳонӣ- $208,38 млн, Бонки исломии рушд - $120,95 млн, дигар созмонҳои байналмилалӣ - $504,46 млн ва ҳукумати Тоҷикистон - $133,3 млн-ро ном бурд.
Мӯҳр
Darvesh
Mondagii qarzhora ki medihad?????? KAY az kadom hisob, chand sol pas???????

донишчу
Дарвеши шикаста чу ояд ба дарат
Чизе бидех аз бахри равони падарат....

Яъкуб.
Хеч бовари кас намеояд,ки баъди казияи З.Саидову Орипов (ОРИМА) Занчони ягон кас дар Точикистон сармоягузори кунад.Сармоягузорони дохилиро ба зиндон мекашанду айбу шарм надошта аз хорич сармоягузор мечуянд.Кадом аблаху ахмак боз омада сармоягузори мекарда бошад.Ба фикрам хамон сармоягузорони худи хастанд ба мисли IRS .

mehandust
shumo ba chi farq dorad ki ki mesozad. Muhimash on ki sozadu mardum sohibi joi kor shavand. Baxilivu tangnazarii tojiki az dastnaravad

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)