Бахшҳо

Ҳоҷӣ Мақсад аз фатвои худ дар бораи қатли ҳамҷинсгароён даст кашид

Ҳоҷӣ Мақсад Токтомушев, иҷрокунандаи вазифаи муфтии Қирғизистон даъват шудан ба қатли ҳамчинсгароён дар фатвояшро рад кард.

Ӯ дар суҳбат бо намояндагони ВАО гуфтааст, ҳар чанд бо ин мазмун, ки “ҳар куҷо ҳамҷинсгароеро дидед, ба қатл расонед” дар фатвои ахираш матне омадааст, вале он ба солҳои пешин марбут буда, ба замони ҳозира дахле надорад. Ба гуфтаи Токтомушев, дар гузашта баро аз байн бурдани ҳамҷинсгароӣ чунин фармоне содир шуда будааст.

Иҷрокунандаи вазифаи муфтии Қирғизистон дар шарҳи гуфтаҳояш илова кардааст, ки ҳамҷинсгароӣ як мавзуест, ки инсон ҳатто аз сухан гуфтан дар бораи он нафрат дорад. “Агар инсон заррае ақл дошта бошад, ҳар гиз даст ба чунин корҳо намезанад. Худ андеша кунед, ҳатто ҳайвон, ки ақл надорад, ба ин роҳ намеравад. Аз ин рӯ, ба ҳар кас маъқул аст ё не, Қуръон ва шариати исломӣ онро манъ кардааст.”- таъкид кардааст, Ҳоҷӣ Мақсад Токтомушев

Идораи муфтиёти Қирғизистон охирҳои ҳафтаи гузашта дар пайи нигаронии Human Rights Watch, Дидбони ҳуқуқи башар аз шиканҷа шудани ҳамҷинсгароён дар ин кишвар фатвоеро оид ба мамнуъ будани ҳамҷинсгароӣ аз нигоҳи Ислом содир карда, ин амалро маҳкум ва ғайриахлоқӣ хонда буд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Точик
Хакикатан дар ислом чазои гомосек як зарби шамшер аст, чи метарсад ин мардак - хайр гранташ намедиханд - зиндаги бо обу лаби нон мегузарад, нафурушед зи ночори яке ИМОНро..

Хаким
Хазрати Доммулло гуфтед натарсед,

Озода
На танхо муфти хар мусулмон бояд аз ин падидаи ифлос ва гайринсони дар холи нигарони бошад. Бетафовут ба он нанигарад. Нахуст ахлоку рафтори фарзандонихудро бо диккат мушохида кунад ва аз ин амал онхоро пешгири намояд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)