Бахшҳо
06 фев 2014 09:56Тоҷикистон / Иқтисодӣ

“Барқи тоҷик”: Қарзҳои бесуроға, таассуф аз содир нашудани барқ ва дахолати БҶ

Масъулини ширкати “Барқи тоҷик” мегӯянд, қарзи аҳолӣ дар назди ширкат ба 342, 6 миллион сомонӣ расидааст, ки аз ин 100 миллион сомонияш бесуроға мебошад.

Алихон Шарипов, сармуҳандиси раёсати фурӯши барқи ширкат, мегӯяд, қарзи дебитории “Барқи тоҷик” 884 миллион сомониро ташкил медиҳад ва афзуд, ки дар баробари аҳолӣ, корхонаҳои соҳаи кишоварзӣ аз барқ беш аз 54 миллион сомонӣ ва корхонаҳои хоҷагии об 246,7 миллион сомонӣ қарздор мебошанд.

Номбурда он омореро, ки Оҷонсии зидди фасод дар мавриди барзиёд ҳисоб намудани маблағи истифодаи барқ таъйид карда, гуфт, чунин таҳлилро як сол қабл худи масъулини “Барқи тоҷик” таҳия карда, ба Додситонии генералӣ ирсол намуда буданд. Шарипов таъкид кард, ки Раёсати фурӯши барқ аз моҳи июли соли гузашта мустақил шуд ва то ҳол нисбати 17 нозири барқ 360 санади қонунвайронкунӣ тартиб додаанд: “Миёни 3 ҳазору 60 нозир дар саросари кишвар нозирони бевиҷдон низ ҳастанд”.

Роҳбарияти “Барқи тоҷик” мегӯяд, қарзи ширкат аз андоз ба 400 миллион сомонӣ, аз “Сангтӯда-1” 427 миллион ва аз “Сангтӯда-2” ба беш аз 100 миллион сомонӣ расидааст.

Даврон Исҳоқов, муовини раиси “Барқи тоҷик” яке аз омилҳои ташаккули қарзи ширкатро набудани имкон барои содироти барқ арзёбӣ карда, афзуд, ки дар сурати амалӣ шудани лоиҳаи “CASA 1000” марҳила ба марҳила қарзҳои “Сангтӯда 1” ва “Сангтӯда 2”- ро пардохт хоҳанд кард.

Муҳаммадамин Аминов, як масъули “Барқи тоҷик” гуфт, барои муайян ва баҳогузорӣ кардани ҳам қарзҳои кедиторӣ ва ҳам дебиторӣ 4 ширкати хориҷӣ барои гузаронидани аудит ҷалб шудаанд, ки дар назар аст, то охири соли равон ин аудит ба охир расад. Номбурда илова намуд, ки маблағузории ин аудитро Бонки ҷаҳонӣ бар уҳда гирифтааст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
а
Як умр Барки Точик дуздхона буд.

g....
Ин ширкат роххои содироти баркро кофта гаштааст хол он ки халки точик 90% барк надорад. Ин девонагист.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)