Бахшҳо
06 фев 2014 10:56Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Оҷонсӣ: "Мудир бе асос ба писару келинаш маош додааст"

Мақомоти Тоҷикистон ошкор кардаанд, ки мудири тандурустии ноҳияи Варзоб бидуни асос писару келинашро ҳамчун кормандони муассисаҳои тиббӣ сабт карда, ба номашон маош мегирифтааст.

Дар ин бора дафтари матбуоти Оҷонсии мубориза зидди фасоди молӣ хабар дода, афзудааст, “Камолиддин Саидов -- менеҷери сохтори госпиталӣ дар ноҳияи Варзоб дар давраи фаъолияти кориаш, мунтазам ба тасарруфи амволи ғайр, бо истифода аз ваколати мансабӣ даст задааст.”

Ин ниҳод мегӯяд, ин мансабдор писарашро аз моҳи июни соли 2011 то моҳи октябри соли 2013, ба ҳайси ронандаи беморхонаи марказии ноҳияи Варзоб ва келинашро ҳамчун корманди хурди Маркази саломатии Тагоб ва шуъбаи таваллуди Беморхонаи марказии ноҳияи Варзоб номнавис карда, аз хазинаи Беморхонаи мазкур дар маҷмӯъ ба маблағи 19 ҳазору 567 сомониро чун маоши онҳо гирифтааст.

Оҷонсии мубориза зидди фасоди молӣ мегӯяд, нисбат ба Камолиддин Саидов парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, феълан мавриди тафтиш қарор дорад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Варзоби
дигар гап наефтен??ба пас нигаред одамхо одам кушта истодаанд

ВАТАНДОР АЗ ВАРЗОБ
Ба Шахноза. Мегум ин коркуни тиб язнатай чи пуштиша мегири. Шахноза хамара шарманда карди ку шинохтемут . ту хам мисли Камолиддин Саидови.

гуш кун!ман мисли у номамро панох накардам,ин 100% тухмат аст,келинаш кор кардаги,ба чои писараш худаш ронандаги кардаги,аз дасти ту баринхо ман дар хорича кор мекунам,аз дасти т баринхо ман аз падару модар,аз фарзанди падар дурам!шарм дор

гуш кун!аввал ин ки мисли ман руи рост номатро навис,дуввум ин,ки ман аз дасти т баринхо дар дигар давлат 10 сол аст кор мекунам,баъдан гуфтани хастам,келинаш кор кардаги,ба чои писараш худаш ронандаги кардаги!пули бо мехнати халол буд лекин, пули давлатро бар гардонд.АЗ КУДРАТИ АЛЛОХ БИТАРС,ки боз ту худ аз ин баъд нашави

баъд! ВАРЗОБИ? худо аз шармандаги нигах дорад,ман ягон каса шарманда накардам!!!аввал андеша баъдан гуфтор

Ватандор ба ту... Шумо варзобиеи бахил кор надоре гайри яккаса сиех кадан. Хози хдт ай тани хами мардак мешиди гову харт маош мегирифт. Хама мекна хами кора,ай боло медздан поенангие ед мегиран. Чи даркор бахили, одамо миллиарди давлата дздида дар таги почашон лассети кати джип гаштиян. БАХИЛГИ НАКНЕН. БА ХДО ДОДАГОН СИТЕЗА МАКУН, КИ БА ОНХО ХДУДО ДОДААСТ. Такчто не бей голову об стенку... А-то голову розобеш. Не думай кирасином пахнет...все окей.

ВАТАНДОР АЙ ВАРЗОВИ ХУДОМО ГАНДА БАХИЛ БУДИ. Хами худомо нахурдем мон дигаро да гушнаги муран. Хахаха БА ФИКРАМ ЧОИ САДОВ ДА ХУДАТ Е ДА ЯГОН АКРАБОТ МЕМОНА ЧИ? ВОЙ БАР ХОЛИ БАХИЛ ДАР РУЗИ КИЕМАТ.

гусфанд барин кофту кови алаф дорен чи хайр 19567 сомони хурда бошад хам бар гардондаст ку

ватандорба ман мурам ки худи ту варзоби ай кучо хурдести бо маоши давлат неку ту низ дар ин давлат мисли дигархо дузди мекуни е не

ин коре ки варзоби ватандор ту кадести ягон руз ай почаки биният шояд барояд кадр есть кадр дар кадом мархилае набошад аз шахсоне пурсон шав ки хами марди бо фарханг табобаташ карда бошад

ман хамчун беморе ки Саидов табобаташ кардаст гуфтаниям ки хама инсон хатоги мекунад у низ хатоги кардааст ислохшаванда мебошад аммо варзоби ватандор ту аз кучо медони ки келинаш кор накардааст

дар давлати хозираи мо ки ин корхора намекунад тамоми шахсони ваколатдор дар тамоми чумхури ин коро карда истодаанд хар як шахси мансабдор ду се хавли ду се хона дар марказ хар як писараш сохиби мошин худаш бошад се зан дорад ягон кас пурсон хаст е не

хамчун шахсе ки маро Саидов табобат кардаст гуфтаниям ин барин шахс ба чунин кор даст назадааст ин коро касе кардааст ки ба у ё вазифаи Саидов даркорай е ин ки бе обуру кардани он

мумкин ин хамун варзобии ватандор худуш бошад ё ин ки ягон хешу табораш я ватандори дигарам хаст казокистонда Додожон Атовуллоевуш меган худро дустдори ватан гирифта ватанро кариб ки хароб мекард варзобии ватандор низ чунин дилу ният дорад вакте ки одам гап зад гапа хакша мега варзоби бошааноними дора ай чи метарси хута бурор кии ту

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)