Бахшҳо
06 фев 2014 11:42Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Боздошти Қурбонгул барои маҷбур кардани нобиное ба 11 соли гадоӣ

Қурбонгул Шарифова, як зани 49-сола дар Душанбе, ҳудуди 11 сол марди нобиноеро ба талабандагӣ водор кардаву аз роҳи фиреб беш аз 163 ҳазор сомонии ӯро аз худ намудааст.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, Қурбонгул маъюби гурӯҳи 1-ум Мирзомурод Гуловро аз соли 2002 то моҳи декабри соли 2013 ба ҳайси иҷоранишин дар хонааш ҷой дода, сипас аз ӯ шиноснома ва дафтарчаи нафақахӯриашро гирифтааст. “Шарифова аз нобино будани Гулов истифода намуда, ҳар рӯз ӯро ба ҷойҳои серодами шаҳр оварда мегузоштааст, то бо талбандагӣ машғул шавад”,-мегӯяд манбаъ.

Вазорати умури дохилӣ таъкид мекунад, ки то имрӯз ин зан зиёда аз 163 ҳазор сомониро маҷбуран аз маъюб Мирзомурод Гулов гирифта, ваъда додааст, ки ин маблағҳоро ҷамъ намуда, ба ӯ хонаи истиқоматӣ мехарад, аммо маблағҳоро барои худ сарф кардааст: “Феълан Қурбонгул Шарифова ҳамчун гумонбар дар ҷалби одамон барои истисмор, дастгир гардида, Мирзомурд Гулов дар беморхона ба табобат фаро гирифта шудааст.”

Ин ниҳод афзуд, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Хуш ба холатон кормандони макомот!, о мешудаастку. фикр мекунам хеле кори хайреро анчом додаед. Агар боз корро таквият дихед, ин намуд холатхои зиёдро ошкор мекунед. Бадтарин касб дар назди Парвардигор ин талбандагист, Худо дар панохаш моро нигох бидорад.

Дар ин замона маьюбро мисли бозичайе истифода мебаранд, ба монанди Сала дар сар доштаро.

Ин коркунои органа факат дар вохима мони халос марди бечора 11 сол азоб кашидааст коркунои органи мо нав дарк ефтиян ахсан башумо таерхуроХушбахт,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)