Бахшҳо
06 фев 2014 14:15Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Қодири Қосим: “Роғун” ягона роҳ ба истиқлолияти энергетикӣ нест

Қодири Қосим, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ҳукумати кишвар дар баробари нерӯгоҳи “Роғун” лоиҳаҳои дигарро низ дар даст дорад.

Қодири Қосим дар қатори лоиҳаҳои дигар аз ҷумла бунёди нерӯгоҳҳои Нуробод 1 ва 2, Шуробод, Даштиҷум ва Санободу Себзорро дар Бадахшон ном бурд. Раиси Кумитаи сармоягузорӣ таъкид кард, ки феълан Тоҷикистон ҳамагӣ 6 дарсади захираҳои энергетикияшро истифода дорад, ки 530 миллиард киловат-соатро дар як сол ташкил медиҳад.

Лоиҳаи нерӯгоҳи Роғун, ки бо 335 метр сарбанд калонтарин дар минтақа хоҳад буд, интизор мерафт, ки Тоҷикистонро аз кишвари муҳтоҷи барқ ба содиркунандаи нерӯ дар минтақа табдил диҳад. Феълан лоиҳаи ин нерӯгоҳ, ки 3600 мегаватт иқтидор дорад, аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтааст ва интизор меравад, хулосаи ниҳоӣ то тобистони соли равон эълон карда шаванд.
Мӯҳр
Хонанда
Фахмо. Карори Амрико таъсир кард. Акнун сахмияхоятонро гиред ва пули мардумро гардонда дихед. Шумо аз ман 200 доллар казрдоред. Дар ду чахон намебахшам. Захратон шавад, агар нагардонед!

Собик донишчу
Ман яке аз собик донишчуи ДТТ мебошам, ки дар вакти сесия дар ёд дорам, ки хато ба чои стипендия ба мо сахмия додабудан. Дар деканат касеки аз ягон фан карзидор мешуд то агагр сахмия намехарид видемости иловаги намедоданш.... Хамин сахмияхошон дили мардумда зада буд. тавасути телевизион факат Рогун буду халос. ана акнун хозир ки аз дасташон хеч чиз наомадестаст. дигар бахона кардан мгиранд ки дашти чумбро бояд созем. шумо аввал хамин Рогуна созенд баъд дигароша кор гиренд. ёки даштичумам сахмия карда фурухтаниен?

Маъруф
Хонанда,
аз шайтонитон намонденда

махмадулло
ман хам намебахшаму аммо ин гап ба ки мерасад ...аниктараш бахшихои мо ба ки лозим

Хонанда
Маъруф,
Ту як танга надодаи, барои хамин парво надори, бача. Чор давлатдори навбаромад чи хак доштаанд, ки аз хисоби мохонаи мардум кайф карда гарданд? Худашон акнун мегуянд, ки Рогунро фаромуш кунед. Пули мардум чи? Онро хам фаромуш кунем?

Ин сахмиябаророн ва рогунбунедгарон факат як шиор доранд: Моли мардум! чонта гардам! Насибтон накунад хамон пули сахмия!

Насибтон накунад хамон пули сахмия! Дар ЗОМБОШАБАКАИ АВАЛ ХАМОНВАКТ ФАКАТ САХМИЯ БУДУ РОГУН ХОЗИР БОШАД БА ФИКРАМ ШАРМ МЕДОРАНД НОМИ САХМИЯРО БИГИРАНД,факат табасумхои мачбурии дикторхо ва мехмонони онхо. То кай мардумро фиреб медихед!

насибтон накунад!

Насибшон накунад хамон пул

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)