Боздошти навраси рус ба иттиҳоми куштори як муҳоҷир
Як навраси 15-солаи рус ба иттиҳоми куштори шаҳрванди Узбакистон боздошт шудааст. Ҷасади ин муҳоҷири узбаки 18-сола охиррҳои моҳи январи соли ҷорӣ дар шаҳри Наро-Фомински вилояти Маскав пайдо гардида буд.
Вазорати умури дохилии Русия мегӯяд, навраси гумонбар донишомӯзи синфи 8-уми яке аз макотиби миёнаи шаҳри Наро-Фоминск буда, ҳоло дар боздоштгоҳи муваққат қарор дорад.
Гуфта мешавад, боздошт шудани донишомӯзи рус ба иттиҳоми куштор бори аввал нест, зуҳри 3 феврали соли ҷорӣ низ расонаҳои русӣ аз тирпаронии як донишомӯзи синфи болоӣ дар мактаби № 263-и Маскав ва талоши ӯ барои гарав гирифтани хонандаҳо хабар дода буданд.
Ба иттилои манбаъ, ин навраси мусаллаҳ тахминан сотаҳои 12:00 вориди мактаб шуда, бо истифода аз силоҳи оташфишон талош кардааст, беш аз 20 хонандаи синфи 10-уми таълимгоҳро ба гарав гирад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |