Бахшҳо
06 фев 2014 18:41Тоҷикистон / Сиёсат

Эродҳои САҲА ба интихоботе, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон пирӯз шуд

Нозирони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) гузориши ниҳоии худро дар бораи интихоботи президентии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 2013 баргузор ва бо пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон хотима ёфт, нашр кардаанд.

Дар гузориш аз он нигаронӣ шудааст, ки тамоми машваратҳои қаблии созмон аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон сарфи назар шуда, интихобот дар асоси қонунҳои интихоботи соли 2006 баргузор гардидааст. Ин гузориш рӯзи панҷуми феврали соли ҷорӣ омода шуда, аз 25 боб иборат мебошад. Нозирони САҲА дар муқаддимаи он гуфтаанд, "интихобот дар Тоҷикистон тинҷу ором баргузор гардид, аммо талаботи маҳдудкунанда дар бораи бақайдгирии номзадон ба набудани интихоби васеъ ва гуногунфикрии пурмазмун оварда расонданд. Маъракаи интихоботи қолабӣ буда, имконияти раъйдиҳандагонро барои қарори воқифона намудан маҳдуд намуд.”

Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар гузориши худ аз номнавис нашудани Ойниҳол Бобоназарова, танҳо номзади зан дар интихоботи президентии Тоҷикистон ва ташкили Ҳизби Тоҷикистони наву ба дунболаш зиндонӣ шудани Зайд Саидовро ҳам ёдоварӣ кардааст.

Нозирони ин созмон дар гузориши ниҳоии худ аз тақсими нобаробари вақт барои муаррифии номзадҳо низ интиқод кардаанд. Дар хулосаи онҳо гуфта шудааст, “фаъолиятҳои президенти феълӣ, бахусус ташрифҳои ӯ ба минтақаҳо аз ҷониби расонаҳои хабарии давлатӣ ба таври васеъ, мусбат ва бештар идона пахш гардида, нисбат ба дигар номзадон диди ба ӯ ҳаҷми зиёдтари пахши иттилоотӣ ҷудо намуданд. Барномаҳои хабарии тариқи ТВ Шабакаи 1 аз оғози давраи маърака 90 фоизи вақти худро (зиёда аз 15 соат) ба президенти феълӣ дар нақши худаш ҳамчун президент бахшиданд; боқимонда 10 фоизи дигар ба номзадҳои дигар бахшида шуд.” Дар идома омадааст, “маъракаи интихоботӣ аз рақобатнокӣ ва гуногунфикрии ҳақиқӣ холӣ буд. Маърака хеле назарногир буд, гарчанде он дар се рӯзи охир пурзур гардид.”

Нозирон дар охири гузориши худ барои беҳтар кардани қонуни интихобот ва шаффофтар ҷарён гирифтани ин маъарака 34 тавсияи худро ба ҳукумати Тоҷикистон ироа кардаанд. Нӯҳ тавсияи аввали ин гузориш “аввалиндараҷа” унвон шудааст, ки ба он татбиқи машваратҳои қаблии САҲА, замонати мустақил будани кумисюнҳои интихоботӣ ва лағви маҳдудиятҳои беасоси ҳуқуқ ба интихоб шудан шомиланд. Дар идомаи ин тавсияҳо нозирони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо гуфтаанд, “пахши президенти кунунӣ бояд дар доираи принсипҳои баробарӣ баҳри таъмини сатҳи майдони бозӣ барои номзадҳо ба танзим дароварда шавад.”

Баъд аз анҷоми интихоботи президентии Тоҷикистон Кетрин Эштон -- масъули равобити хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ва мақомоти Иёлоти Муттаҳида онро ба боди интиқод кашида, ғайришаффоф хонда буданд. Дар ин интихобот Эмомалӣ Раҳмон бо панҷ номзади дигар, ки баъзеи онҳо ҳамчун намояндагони “аҳзоби кисагӣ” унвон мешаванд, вориди сабқат шуда, барои бори чаҳорум ба курсии президентӣ нишаст. Вай, дар маҷмӯъ, аз соли 1992 ба инҷониб зимоми қудрат дар Тоҷикистонро дар даст дорад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Рохгузар
Мушти баъди чангро дар сари худ мезананд. Ин САХА ачаб бекор будаст. Охир интихобот давно гузашт, холи ин гапои шумо хеч дардеро даво намекунад. Ё максад хамун пулои чудошударо списат кардан бошад? Ин ташкилотои хоричи факат аз пушти отчет мегарданд, хеч не ки ба фикри халки бечора бошанд

Яъкуб.
Он бародарон намедониста бошанд,ки инчо барвакт Рахмонистон шудааст.Дигар ба сухану танкид намешавад Точикистонро аз як авлод халос кард.

шахрванд
Изхорот сад дар сад дуруст мебошад. То кай ин ноадолати ва мардумфиреби идома меёбад.?

intixobot ozodu shafof bud.digar chi mexohed?on muxolifinon oburuham nadoran dar tojikiston.gair az jangdozi.

Ватандуст
Хонуми азиз Кетрин Эштон чаро оид ба интихоботи давлатҳои Аврупо, Амрико ё Россия эрод намегирад, ё дар ин давлатҳо Ташкилоти ин хонумро он қадар... Дар Тоҷикистони азизи мо Интихоботи президентӣ хеле шаффоф, демократӣ ва тинҷу ором гузашт. Ватани азизи мо сол то сол ободу зебо шуда рушд ёфта истодааст, сатҳи зиндагии мардум ҳам нисбати солҳои 1992-1995 хеле беҳтар шудааст. Хонуми мӯҳтарами боз чӣ мехоҳад...

Суфи
ба маълумоти "рохгузар" расонданиам, ки САХА хакки дахолат ба корхои дохилии шумову давлати шуморо надорад. агар шумо бетарафу бехаракат бошед, гунохи САХА чист? Икболи Лохури бехуда нагуфтааст, ки:
Худо он миллатеро сарвари дод,
Ки такдираш ба дасти хеш бинвишт.
Ба он миллат сару коре надорад,
Ки дехконаш барои дигарон кишт.

донишчу аз амрико
Рости гап максади хаминора яъне САХА-ро ман нафахмидам ки интихобот дар точикистон бад гузашт ё хуб... Он суханхое ки навишта шудааст пеш аз ин дар фейсбуки точики хондаги будам ки чихели гузашт ракибош чигунааст. Хаминошам комисюни гуфти худатон кисагианд...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)