Бахшҳо
07 фев 2014 10:16Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Хуҷанди сард. "Лимит"-и ғайрирасмӣ дар маркази Суғд

Дар Хуҷанд, маркази Суғд, ҳарчанд аз лимити нерӯи барқ расман чизе гуфта намешавад, вале сар аз 1 феврал дар шабонарӯз то 6 соат ва баъзан аз он ҳам зиёдтар интиқоли нерӯи барқро қатъ менамоянд. Дар сардии тоқатфарсое, ки тайи чор-панҷ рӯзи охир ҳукмфармост, ин амал норозигии сокинони манзилҳои баландошёнаи шаҳрро ба вуҷуд овардааст.

Дафтари матбуоти ҳукумати Хуҷанд дар шарҳи ин масъала гуфт, “бар асари аз меъёр зиёд истифода намудани нерӯи барқ норасоии тавоноии трансформаторҳо ба назар расида, ба хотири сардии бардавом ва пешгирӣ аз садамаи истгоҳҳои барқӣ низоми маҳдудкунии нерӯи барқ дар шаҳри Хуҷанд шадидтар шудааст.”

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 6 феврал беш аз 50 сокини шаҳри Хуҷанд, бахусус занҳо, ба назди намояндагии ширкати «Барқи тоҷик» дар ин шаҳр ҷамъ омада, аз қатъи интиқоли нерӯи барқ ба хонаҳояшон шикоят карданд. Ҳарчанд масъулини ширкати «Барқи тоҷик» барои сокинони шаҳр вазъиятро “мефаҳмонданд”, аммо мардум ҳамоно аз он норизоӣ доштанд, ки аз сардӣ кӯдакони хурдсоли онҳо бемор мешаванду ҷубронашро касе пардохт намекунад.

Гулчеҳра ном ҷавонзане аз микроноҳияи 13-уми Хуҷанд дар сӯҳбат бо мо гуфт, “аксари мардум дар кӯчаҳо гаштугузор доранд, то ҳаракат намоянду гарм шаванд ва ҳатто дар назди манзилҳои истиқоматии худ ғизояшонро омода мекунанд.” Маврид ба зикр аст, ин маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ дар шаҳри Хуҷанд бори аввал набуда, қаблан низ «сокинони бебарқ» аз камбуди нерўи барқ дар рўзҳои сард, ҳатто дар телевизионҳои маҳаллӣ, норизоӣ намуда буданд.
Мӯҳр
Хучанди,
вил. Сугд ва махсусан шахри Хучанд барои хукуматдорони имруза баъд аз соли 1992 интараф хамчун истирохатгох ва мисли хорича маълум мешуд ва аксарият кушиш мекарданд, ки дар шахру нохияхои Хучанд вазифа гирифта бо ахли оилаашон ба кор биёянд ва ин равишро хама медонад ва озмоиш карданд, вале аз чи бошад, ки барки кишвар ба Афгонистон руирост фурухта мешаваду шахрвандони вил. Сугд ва Хучанд, ки ифтихори чаноб мебошанд аз хунуки ва бебарки азоби токатнофарсо доранду пирону кудакон касалу нотавон.

Rost meguyad khujandi!dar asht boshad se soat pagohi se soat begohi bark metiyand nakhod inho ba mardumi dehot rahm nadoshta boshand ammo az onki dar asht zardoluhoi ser hosil hast dar tamomi jumhur dahona pur karda fakhr kardan metonand vakte zimiston shud mardumi asht va khususan jamoati pongoz be bark memonand.agar shikoyt kardi darhol ba tu yagon parvanda boz mekunand ki digarho tarsand. Vallohi in Zulm ast va okhiri in zulm khoru zalil gashtani zolimon ast.

точик
Чаноби Оли ба Сочи рафту ин бебаркихо сар шуд. Хукумати Сугд ва шахри Хучанд иваз карда шавад. Ягон точикои худомоя монед не ми.

аз Хучанд
Абдурахмон Кодири!!!Эй ичрокунандаи раиси вилоят!!!! ибаробари омаданатон сивет дар марказ ба режим даромад. Шумо мансабдори бе пову кадам будаед. Ё умуман барои чи ин чо омадед??? Дар хамон Хатлон меистодеду тачдиди хочагиро давом медодед!!! Хуб набуд. Раиси шахри Хучанд бошад кораш гГУЛПАРВАРИ магар дигар проблем дар маркази вилоят нестми мухтарррамммРачаббой Каримоввввв..... Чораи барко бинеддд...ин кадар ахолии шахр хар рузза лаянат мегуянд якеаш ман хунукхурда....

Азимчон
Ин хукуматдорони Сугд тинчи да дилшон задай чи бало?

Барк хаст аммо аз мардум дида корхонахо боло меистанд. Пора мегиранд дига парво надоранд ки у кудакдор дар хонахои баландошена чи хол дорад.

Х,еч,гап не авал ангишт харем барои 20-сола захира намоем Бад сах,мия мехарему ГЕСи нав месозем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)