Бахшҳо
07 фев 2014 14:20Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Ҷонишини Бег Зуҳуров: "Намедонем, ҳоло ӯ дар куҷост"

Рафиқҷон Шокиров, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ин бор низ ба ҷои Бег Зуҳуров бо журналистон рӯ ба рӯ шуда, ба саволи онҳо посух гуфт.

Бег Зуҳуров, ки пештар аз ҷумлаи мансабдорони хабарсоз дониста мешуд, дар нишастҳои ахири хабарӣ пайдо намешавад ва бо хабарнигорон низ сӯҳбат анҷом намедиҳад. Муовини ӯ гуфт, “агар Зуҳуров дар Душанбе мешуд, ҳатман дар нишасти хабарӣ иштирок мекард. Мо намедонем, ӯ ҳоло дар куҷост, вале дақиқ аст, ки дар Душанбе нест. Қаблан барои ташкили ҳавзи шиноварӣ ба шаҳри Кӯлоб рафта буд. Ҳозир гуфта наметавонем, ӯ дар куҷо аст.” Ин дар ҳолест, ки пурсишҳое дар бораи сохтмони бинои 16-ошёна аз сӯи ӯ дар Кӯлобу тӯйи писараш бо духтари раисиҷумҳур ва дастураш барои истифода фақат аз интернети “Тоҷиктелеком” дар ниҳодҳои давлатӣ зиёданду худи ӯ бояд посух бигӯяд.

Ҷонишини Бег Зуҳуров: "Намедонем, ҳоло ӯ дар куҷост"Бо ин ҳол, Рафиқҷон Шокиров дар нишасти хабарии 7 феврал ба чанд масъала, аз ҷумла гирифтани Интернет аз Қирғизистон дахл кард. Ӯ гуфт, дар сурате ки Бишкек барои гирифтани Интернет ба Тоҷикистон мушкил эҷод кунад, онҳо чанд роҳи берун омадан аз ин бӯҳронро доранд. Вай афзуд, “мо имкони гирифтани интернет тариқи Афғонистон ва Узбакистону Хитойро низ дорем, ки дар сурати эҷоди мушкил аз ин роҳ кор мегирем.”

Ҷаноби Шокиров дар ин сӯҳбати рӯбарӯяш бо хабарнигорон дастури Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар бораи истифода кардани ниҳодҳои давлатӣ танҳо аз интернети “Тоҷиктелеком”-ро тасдиқ кард ва гуфт, он бо ҳадафи милликунонии Интернет сурат мегирад. “Ин дастур ба вазорату идораҳои давлатӣ дар доираи қонун, тибқи қарори ҳукумат таҳти №550 дода шудааст ва ба дигар ширкатҳои интернетрасон монеа эҷод намекунад”,-афзуд ӯ.

Номбурда иброз дошт, ҳоло шумораи истифодабарандагони интернет дар Тоҷикистон беш аз 3 миллионро ташкил медиҳад ва аз ҳар сад сокини кишвар 47 тан аз интернет истифода мебаранд. Ба қавли масъулини Хадамоти алоқа, соли 2013 ҳаҷми хизматрасонии алоқа ба муштариён зиёда аз 1 миллиарду 749 миллион сомониро ташкил додааст. Муовини раиси Хадамоти алоқа инчунин хабар дод, ки сохтмони бинои 30-ошёна дар маҳалли собиқи бинои “Почтаи тоҷик” дар маркази Душанбе ҳам шуруъ шуда, корҳои он то панҷ соли дигар хотима хоҳад ёфт. Вай гуфт, маблағи сохтмони ин биноро Хадамот ва ширкатҳои мухобиротии кишвар пардохт мекунанд.


Дар акс:
1. Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон
2. Рафиқҷон Шокиров, муовини раиси Хадамоти алоқа


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ми работай, да да ни мишайте!

Шам
калук,
Ми били зайнит, да да да да

шахрванди-TJ
Ба фикрам чаноби Зухуров барои забони точики ва русиро омухтан ба кучое рафтааст.

Ne akoi Beg rusiro behat, bisyo nagz medonad "eta, vot eta dabravoltsi" ))) u boyad Tojikiro kame yod girad, inash muhimtar ba fikram))

у хаминчо
у хеч кучо нарафтааст просто бесаводанд ва акалан гап зада наметавонанд як ташон хукумов шарманда кард худашам ва аспиду номи чанд каси дигари чиновникхоро гирифту сири давлатию фасод дар хукуматро фош карду сари вазифаашро хурд. И дигариш аз тарс аз нишасти матбуоти гурехт инроо дингуз миегуянд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)