Бахшҳо
07 фев 2014 17:29Тоҷикистон / Сиёсат

Убайдуллоев раисони Идораи барқу об ва динро нав мекунад

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе барои ишғоли мансабҳо дар сохторҳои шаҳрӣ озмун эълон карда, таъкид намудааст, ки ба хатмкардаҳои донишгоҳҳо то соли 1992 ва таҳсилдидагон дар хориҷ афзалият дода мешавад.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ аз ҷумла барои ишғоли вазифаи раҳбари «Равшании Душанбешаҳр» ва «Раёсати обёрии Душанбе» озмун эълон шудааст, ки то 28 феврали соли 2014 давом мекунад.

Ба иттилои манбаъ инчунин курсиҳои мудири шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар шаҳри Душанбе, мудири шуъба оид ба корҳои дин ва мутахассиси шуъбаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ интизори соҳибони худанд, ки номзадҳо метавонанд, аз 6 феврал то 6 марти соли равон барои ишғоли онҳо талош кунанд.

Раиси Душанбе инчунин барои ишғоли ҷойҳои кории мудири шуъбаи саноат ва энергетика, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ, сармутахассиси шуъбаи иқтисод, молия ва ояндабинӣ, сармутахассиси шуъбаи нақлиёт, нигоҳдории роҳ ва коммуникатсия, сармутахассиси шуъбаи коммуналию муҳандисӣ, мутахассиси пешбари шуъбаи муҳосибот ва хоҷагӣ, мутахассиси шуъбаи сохтмон ва ободонӣ озмун эълон карда, афзудааст, ки хоҳишмандон ба шуъбаи кадрҳои шаҳрдории Душанбе муроҷиат кунанд.
Мӯҳр
Нагуфтаанд, ки бо кадом тарз резюмеи худро довталабон бифиристанд? Электрони ва ё дар конверт?))))))))

корхои ки Убайдулоев карда истодааст дар ТЧ бори авал аст кош президентхам мансабхои калидиро хамин хел мекард

ofarin kandata zan ubaydulloev agar tagobozi nashavad behtarin kor mekuned agar mansabhoi boloham intixobi meshud xub meshud vaziron xizmati prizdenta neyu xizmati xalka mekardan 4unki onhoro xalk intixob mekunad baroi hamin janob intixobi namekna vazifahoi boloira

"ба хатмкардаҳои донишгоҳҳо то соли 1992 ва таҳсилдидагон дар хориҷ афзалият дода мешавад")))О хамаи мутахассисонро мачбур кардед,ки берун аз Чумхури шаванд,акнун боз озмун эълон мекуненд?Озмунхои шамо хамаааш калбаки хаст,худам иштирок кардам ва медонам.

Барои чи дар бораи тандурустии шахр ягон гап нест?

Ду вилояти калонтарини Афгонистон аз Точикистон барк мехарад дар як сол 70 млн. долар, он ду вилояти Афгонистон аз Точикистон калонтар мебошад, агар ин точики баркро нафурушанд ба афгон точикон инкадар азоби (лимити) свети 22 соларо намекашиданд.

5
Али рафт Вали омад пас чи суд системаи идоракуниро дигар кардан лозим ин сохторхо ба чуз аз баландкунии нарххо дигар чорае надоранд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)