Бахшҳо
10 фев 2014 10:18Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Соҳиби тарабхонаи Красноярск: "Гуфтанд, ки парчами Тоҷикистонро дар Сочӣ ман бардорам..."

Иштироки Владимир Владимиров, узви Шӯрои вакилон ва соҳиби тарабхонае дар Красноярск, ҳангоми муаррифии тими мунтахаби Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпии Сочӣ эътирози корбарони интернетии ин шаҳрро ба бор овардааст. Владимиров ҳангоми муаррифии тими Тоҷикистон, ки президент Эмомалӣ Раҳмон низ он ҷо буду даст меафшонд, ҳамроҳ бо Алишер Қудратов, лижарон ва Баҳрулло Раҷабалиев, дабири Кумитаи миллии олимпии кишвар ба саҳна баромада буд.

Соҳиби тарабхонаи Красноярск: "Гуфтанд, ки парчами Тоҷикистонро дар Сочӣ ман бардорам..."Владимир Владимиров дар суҳбат бо Оҷонси иттилоотии “1-LiNE” гуфтааст, ӯ бо даъвати ҷониби Тоҷикистон варзишгарони тоҷикро ҳангоми муаррифии ҳайатҳо дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои 22-юми зимистонаи олимпӣ дар Сочӣ ҳамроҳӣ кардааст. “Онҳо дар аввал маро гуфтанд, ки парчамро бардорам, вале розӣ нашудам, гуфтам, танҳо дар қатори варзишагрон мебароям”,-афзудааст ӯ.

Василий Нелюбин, яке аз корбарони рус дар шарҳи ин хабар дар интернет навиштааст, ҳар вақт нафаре хоҳад, дар марш ё қадамзании варзишгарони бозиҳои олимпӣ шомил бошад, аз амали Владимиров кор мегирад. Аммо ин корбар аз он дар тааҷҷуб аст, ки чаро махсус ин вакили рус тими мунтахаби Тоҷикистонро ҳамроҳӣ кард: “Бисёр дар тааҷҷубам, дар ивази кадом хидматаш, тоҷикон ӯро дар бари худ роҳ додаанд.”

Дар ҳоле ки Владимир Владимиров дар баробари узви Шӯрои вакилони шаҳрӣ будан, раҳбари яке аз тарабхонаҳои маъруфи ин минтақа низ ҳаст, яке аз корбарони дигар бо номи Юрий Рафалский илова кардааст, ба зудӣ дар тамоми тарабхонаи шаҳри Красноярск ғизо ё худ ошхонаҳои тоҷикӣ ба миён хоҳанд омад.

Олимпиадаи зимистонаи Сочӣ, ки 7 феврал ифтитоҳ шуд, то 23 феврал идома хоҳад кард. Дар ин олимпиада танҳо лижарон Алишер Қудратов аз номи Тоҷикистон қувваозмоӣ мекунад. Қаблан гуфта мешуд, Андрей Дригин, яке дигар аз лижаронҳои тоҷик, дар ин олимпиада ширкат меварзад, вале рӯзҳои охир аз ӯ ном гирифта намешавад ва маълум нест, ҳузури ӯ лағв шуда ва ё вазъи саломатияш иҷоза намедиҳад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Мархамат, замин бар ЧИНУ КИРГИЗИСТОН, .парчам бар РУС. Дигар аз ин ба баъд бар инхо чи гуем? Инхо заррае хисси ВАТАНДОРИ дар вучуди худ надоранд.

Нишон
шармдоред миллатро бо ин рафторатон шарманда кардед вакилони беваколат кани ин масъаларо дар чаласаатон барраси кунед барои хамин президент ба сочи рафт ки точиконро шарманда кунад.шум о то ба кай сари миллатро фуру мекунед ягьон номус доред е хамаааш дар паси чорч вашингтон мондВой ба холи миллати бесарпааст вой вой

Ин кадар вохима накунед, ин урус дуруг мегуяд аз руи талаботи харакати олимпи агар шахс варзишгари роххатдор набошад, хукуки бардоштани байракро надорад!
Савод ки нест дигар касе чизе гуяд вай вай е ох рост мегуяд гуфта гайбатда мегузаред.
Акл ки нест ба гапи дигарон кор мекунед!
Ин урус бахона шуду дар гирди мо тема шуд, нагз ку. Вагарна хапу дам узбаку кыргыз барин меомадем!

Ин хам PR е худ рекламаи нагз шуд. Якумаш ними Россия фахмид ки мо дар олимпиада хастем, дуюмаш ин муносибати мо нисбати русхо аст, ки дар тамоми корхои варзишию чамьияти русхоро худ хамчун рамзи миннатдори хамрох мегирем.
Бародархои азиз аз миллион хам зиед точикхо дар Россия хастанд ва ин амали комилан дурусти кумитаи олимпии точикистон барои нарм ва гарм шудани муносибати русхо кумаки беандоза мекунад !
Касам мехурам ки ин таргиби хамкории точику рус ки дар кулли шабакахои руси пахн шудааст бисер саривакти аст! Бовар кунед агар пул дода реклама заказ куни ин кадар самар намедихад!
Дустон равшанию чихатхои мусбиро бинед на айбчуию ватаннешзани!
Точикистон ватани азизи хамаи мост!

Саид
Tolib,
Ман ба фикри Шумо мувофикам. 100% рост. Кори баъзехо аз дилсиёхи намедонанд чи гап кунанд.

Варзишгар
Дригине ки расман дар кувваозмоихои олимпиада иштирок намекунад боз як хамрохи дигар бо худ бурдааст (ба гуфти Рачабалиев) чаро Алишер Кудратовро як мураббии точик аз базаи лижаронии Сафедорак хамрохи намекардааст? Масъулони варзиш илтимос ба ин суол чавоб гуед.

Оташ
З БАРОДАРОЙИ ХОМТАМЪ МАГАР ХОЛО ХАМ ХОБЕД ИНХО БИЛЕТХОРО БАРВАКТ ФУРУХТА БО НАРХИ ГАРОН ИН УРУСРО ПЕШ_ПЕШ КАРДАНД.ДАР ИН МАВЗУЪ ФИКРРОНДАН ХАМ БЕФОИДА МПЕБОШАД.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)