Бахшҳо

Ромиси 7-моҳа дар Русия мунтазири ҷарроҳист ва ба пул ниёз дорад

Ромис Бобоев, кӯдаки ҳафтмоҳаи тоҷик, ба пайванд намудани фаврии ҷигар ниёз дорад. Модари ӯ мегӯяд, омодааст, барои тифли хурдсолаш ҷигари худро бидиҳад, аммо барои гузарондани ҷарроҳӣ маблағи кофӣ надоранд.

Ин ҷарроҳии мушкил дар шароити Тоҷикистон ғайриимкон аст ва табибони Пажӯҳишгоҳи илмии Шумакови Маскав ба далели шаҳрванди хориҷӣ будани Ромис барои гузарондани ин ҷарроҳӣ 3 миллион рубли русӣ талаб доранд. Оилаи Бобоевҳо, ки аз ноҳияи Панҷакент ба Маскав рафтаанд, чунин маблағро надоранд. Падари хонавода Азизқул - барқчӣ ва ҳамсари ӯ хонашин мебошад, аммо 6 моҳ боз сарвари оила низ овораи давутоз барои табобати фарзандаш шуда, наметавонад ба кор барояд. Бемории ҷигари Ромисро дар думоҳагияш ёфтаанд, ки бо мурури вақт хуруҷ мекунад ва табибон мегӯянд, ҳар чӣ зудтар бояд ҷарроҳӣ гузаронда шавад.

Падари Ромис, Азизқул, дар суҳбат бо сомонаи интернетии “Русия барои ҳама” изҳор доштааст, ки алакай як бор дили писараш аз кор мондааст ва табибон ҳушдор додаанд, ки ба наздикӣ метавонанд, гурдаҳояш низ аз кор монанд. Дар ҳамин ҳол Фондҳои хайриявии Русия низ зимни ҷамъоварии маблағ барои Ромис ба мушкилот дучор шудаанд.

Алексей Мошкович, мудири фонди хайриявии “Жизнь как чудо” изҳор доштааст, тибқи оиннома онҳо ҳаққи ҷамъоварии маблағ танҳо барои шаҳрвандони Русияро доранд, аммо Ромис шаҳрванди Тоҷикистон аст. Бо ин вуҷуд, Мошкович таъкид кардааст, ки фонди онҳо ба сифати миёнарав барои кумак ба Ромис баромад мекунад. Ҳоло умеди асосии наздикони Ромис ба ҷамъияти тоҷикон марбут аст.

Хоҳишмандони кумак ба Ромис метавонанд, тариқи корти бонкии волидонаш дар “Сбербанк”-и Русия ёриашонро ироа кунанд, ки рақамаш 4276 8402 1285 3392 мебошад. Бо падари Ромис, Азизқул Бобоев метавонед тариқи телефони +7 925 803-30-33 дар тамос шавед.

Инчунин, хоҳишмандон имкон доранд, ба ҳамоҳангсози фонди хайриявии “Жизнь как чудо” Екатерина Шлик бо телефони +7 916 706-06-95 ё почтаи электронии kozyk@yandex.ru тамос гиранд.
Мӯҳр
Худованд ба хамин тифл саломатию умри дароз бахшад ва харчи тезтар шифои комил ебад, Омин !

РОМИШ ш. Панчакент
Аз даргохи Худованди бахшандаву мехрубон талаби онро дорам, ки ба Ромиси нозанин шифои комил дихад ва дар панохи худ нигах дорад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)