Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 104 Ҳимояти Бонки ҷаҳонӣ аз болоравии нархи барқ дар Тоҷикистон » Озодагон
Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 18 июл 2019, 03:46

Ҳимояти Бонки ҷаҳонӣ аз болоравии нархи барқ дар Тоҷикистон

11 феврал 2014, 14:58

Лора Так, ноиби раиси Бонки Ҷаҳонӣ дар умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ, зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе ҷонибдории ин созмони молиявиро аз афзоиши нархи барқ дар Тоҷикистон таъйид намуд.

Лора Так ҳадафи маслиҳаташонро барои боло бурдани нархи барқ дар Тоҷикистон, муътадил сохтани вазъи молии умури энергетикаи кишвар гуфта, таъкид намуд, ки Бонки ҷаҳонӣ ҳамзамон ба ҳукумати кишвар маслиҳат медиҳад, ки барои ҳимояи табақаи камбизоат зимни фурӯши барқ сабукиҳо ҷорӣ созад.

Ин дар ҳолест, ки Даврон Исҳоқов, муовини раиси ширкати “Барқи тоҷик”, эълон кард, ки моҳҳои наздик нархи истифода аз нерӯи барқ дар Тоҷикистон боло намеравад. Ҷаноби Исҳоқов, ки рӯзи 5 феврал дар ҳузури хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт, “Барқи тоҷик” барои боло бурдани нархи барқ ба ҳукумат пешниҳоде накардааст ва афзуд, агар нархи барқ боло ҳам равад, он дар як ҳаҷми кам хоҳад буд.

Аммо роҳбарияти Вазорати энержӣ ва Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар ин робита гуфтанд, масъалаи нархи барқро гуруҳи махсуси корӣ мавриди омӯзиш қарор додааст, ки феълан идома дорад. Усмоналӣ Усмонов, вазири энержӣ ва захираҳои об дар Тоҷикистон, зимни нишасти хабарии 30 январ изҳор дошта буд, ки бо қарори ҳукумат кумисюни махсус ба омӯзиши ин масъала машғул аст ва ояндаи наздик нархи нави барқ дар Тоҷикистон пешниҳод хоҳад шуд.

Вазир болоравии нархи барқро барои беҳбуди вазъи молии умури энержӣ муҳим арзёбӣ кард. Ӯ таъкид намуд, феълан нархи барқ дар Тоҷикистон арзонтарин дар минтақа аст. Ин дар ҳолест, ки тарифҳои феълии барқ дар Тоҷикистон моҳи апрели соли 2011 ҷорӣ шуданд, ки тибқи он нарх барои мардум 11 дирам сари ҳар киловат муайян шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!