Бахшҳо
12 фев 2014 11:58Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Марзбонҳои рус 3 ҳазору 215 тоҷикро бозпас фиристодаанд

Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, тибқи иттилои тозае, ки аз мақомоти Русия дарёфт намудааст, тайи солҳои охир зиёда аз 400 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба далели нақзи қонунҳои Русия аз 3 то 5 сол ҳаққи вуруд ба ин кишварро надоранд.

Ин ниҳод бо такя ба маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия мегӯяд, агар соли 2012 ҳамагӣ 351 ҳазору 940 нафар шаҳрвандони кишварамон ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ роҳ дода бошанд, соли 2013 миқдори онҳо то 324 ҳазору 574 нафар камтар гардидааст: “Соли 2013 ҳамагӣ 968 нафар шаҳрванди кишварамон аз ҳудуди Русия берун карда шудааст, ки ин нисбат ба соли 2012 се баробар камтар мебошад.”

Мақомоти тоҷик аз қавли сарҳадбонони рус меафзоянд, бозпас фиристодани муҳоҷирони тоҷик аз сарҳади Русия зиёд шудааст: “Аз гузаргоҳҳои сарҳадии Русия дар соли 2012 - 1659 нафар ва дар соли 2013 3215 шаҳрванди Тоҷикистон бозпас гардонида шудааст.”

Хадамоти муҳоҷират бо зикри ин омор аз шаҳрвандони кишвар даъват намудааст, ки пеш аз сафар ба Русия аз қонунҳои ин кишвар огоҳ шаванду онҳоро риоя кунанд.
Мӯҳр
Мухочирони бечорара бо дар фрудгох як фирмаи дига пайдо шудай 12 сомонишона гирифта маълумоти соли 2013 ра меташон бади чипта гирифтан боз аз фрудгох мегардонаншон чи сабаб аст ки хадамоти мухочират ба пул пешниход намекунаду ин маълумотро ба гардани фирма андохтаст ое ин конунист е коркуни ин фирма бо хеши кист

Мухочир
Дар сайти ФМС-и русия худатон метавонед бепул бифахмед, ки хакки ба ин давлат дохил шудан доред ё на.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)