Бахшҳо

Шаҳнозаро чӣ маҷбур кард, дар Кумитаи андоз қасд ба ҷони худ кунад?

Шаҳноза Абдуллоева, мутахассиси 25-солаи Кумитаи андози Тоҷикистон, ки рӯзи 11 феврал дар бинои ин ниҳод ба нишони эътироз қасд ба ҷони худ кард, ҳоло дар беморхонаи рақами 3-и шаҳри Душанбе бистарист.

Яке аз наздикони Шаҳноза дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, ӯ тайи ду моҳи охир таҳти фишори бархе аз масъулони Кумитаи андоз қарор дошта, билохира ба он тоб наовардаву дар ҷои кор сирко (уксус) нӯшидааст. Ба қавли мусоҳиби мо, бархе аз масъулони Кумитаи андоз борҳо ба Шаҳноза ҳар гуна туҳмат зада, таҳдид мекардаанд, ки аз ҷои кор маҳрумаш менамоянд.

Манбаи мо мегӯяд, то замони рух додани ин ҳодиса наздикони Шаҳноза Абдуллоева аз мушкил ва фишорҳо болои ӯ хабар надоштаанд. Бо ин ҳол, табибон феълан вазъи Шаҳнозаро муътадил арзёбӣ мекунанд. Вале мақомоти Кумитаи андози Тоҷикистон то кунун ин қазияро шарҳ надодааст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:

Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
WTF
забони точикии хозира хело душвор ба фахмидан.

bobo
shahnoza ham az oilahoi doroi ni kishvar boshad?

шахрванд
Раиси ин кумитаи андоз рост бояд зиндон биравад. Одамро ба худкуши оварда расондан.

Сабабаш аллакай ба ман маълум мебошад, зеро ман дар хамин макомот кор ва фаъолият менамоям ва хуб медонам, ки сабабгори ин ходиса худи Раиси Кумитаи андоз мебошад. ба Шахноза таклифи хамхобагиро кардааст ва гуфтааст, ки дар мавриди рад кардан аз вазифа ронда мешави. Дар Кумитаи андоз ба гайр аз ин дигар ягон нафар хукуки хатто ба забон овардани калимаи ба кор кабул ва ё аз кор озодкуниро надорад. Муовинон дар ин макомот кадр надоранд. Ин аввал масъалаи хамхобагиро ба миён мегузорад баъд духтаронро ба кор мегирад. Ба мисле, ки ин макомот корхонаи хусусии бошад.

Бечора фикр кунам ,, КРИША ,, надоштаст, барои хамин болош фишор меоранд. Ё вазифааш ба кадом ХАРОМХУР лозим будааст.

Шахрванд
Яъне чои кор аз чон ширинтар будааст !?

Mawlon
Хохарони азиз!
Хечгох ба ин гуна коррхо даст назанед! саломати ин неъмати бе бахо аст онро кадр кунед ягон нохалаф бояд сабаб нашавад ки касди чони худ кард

одам
Холо метарсам боз мегуянд аз ХНИТ аст.

Шаҳноза Абдуллоева духтари кордону хушмуомила аст ва ман уро хуб мешиносам. Тибки шунидам муносибати у дар ин корхона вактхои охир бо раиси Кумитаи андоз ба мушкили мувочех шуда буд. Атрофиёни Раис хам уро таъкиб мекарданд. Шояд хамин боиси эътироз ба худкушии у дар корхона шуда бошад.
Яке аз хамкоронаш накл мекунад, ки у пеш аз он ки ба худкуши даст задааст, дар ин бора хамкоронашро хам огох кардааст, ки барои чи ба ин кор даст мезанад.
Ин бор як бори дигар собит сохт, ки дар ин корхона рохбарият ба зетобеонаш муносибати хоча бар гуломро доранд

Номбурда
Аз тараф шишта обсуждать кадан кори осон, агар медонестед, ки аз дасти ин мусичаи (шаноза) бегунох чанд кормандони ба лоикати андоз аз кор ронда шудаанд, ин хел бахо намедодед. так что чизе коштаро медаври ......

Афсус
Занонро бувад бас, як хунар
Ки шинанду (дар хона) зоянд шерони нар

Аввал хондану карьераву баъд оила ки гуфтанд, бонувони мухтарами мо окибат ба хамин ходисахо оварда мерасонад. Духтар бо иффат бошаду покдоман, ягон кас ва дар ягон корхона чуръати ба вай сухани ночо кардан наметавонад. Духтархо ки худошон повод медиханд, баъд нола карда мегарданд, ки ба ман бо чашми бад менигаранд. Охи аввал шавхар кунед, кор кардан монад хеле хуб, хам кору хам оиладориро ичро мекунед, намонад хеч гап не, дар хона шишта шавхару кудаконро тарбияд кунед. Шахсан барои ман дар хона нишастан бехтар аст, ки хам фарзандон тарбияи хуб мегиранд хам хамаи кори хонаро сари вакт ба ичро мерасонад. Хам Шавхар хурсанд хам Худованд рози. Худо нигох дорад хамаи моро аз бешармиву бехаеи. Ин хохари аз Худо бехабари мо агар медонист, ки худкуши чи окибат дорад, хеч гох ин амалро намекард. Факат аз кор мерафту бо дигар кор меефт. Худованд ягон касро беризк намекунад.

нодон
Корхонахои давлати шахси шудаанд, сардорон ки бо хешутаборчиги махалчиги таьин мешаванд худро шох элон мекунанд. Назорат аз болои онхо нест конунро онхохисси чавобгари нест чи коре хоханд мекунанд чунки дар боло одам доранд. Хатто ронандагони онхоро ягон кас гап зада наметавонад чунки е чиянашон хастанд е хеши наздикашон. Ана окибати ин корхо.

ХУСАЙНОВ. Ф. И
АГАР ИН ГАПХОИ ШАХНОЗА РОСТ БОШАД ПАС ХУДИ САРДОР ГУНАХГОР АСТ. ВАЗИФА ДОРАМ ГУФТА ОДАМОНИ ЗЕРДАСТАШРО ОДАМ НАМЕШУМОРАД. БА ФИКРАМ ДАВЛАТ БЕСОХИБУ БЕ КОНУН НСТ. АЗ РУИ КОНУН ГИРЕМ БОЯД РАИС БА ЧАВОБГАРИИ ЧИНОИ КАШИДА ШАВАД. ЧУНКИ У БО ТАХДИД ОДАМРО БА ХУДКУШИ РАСОНИДААСТ. КОНУН ТАХО БАРОИ ОДАМОНИ КАМБАГАЛУ БЕЧОРАВУ НОДОР АСТУ БА ОДАМОНИ МАНСАБДОРУ БОДАВЛАТ КОНУН ВУЧУД НАДОРАД. ХАМА ДАР НАЗДИ КОНУН ВА СУД БАРОБАРАНД.МАКОМОТИ БОЛОИ ХАП НАШИШТА АЗ БОЛИ ИН РАИСИ ХУДО НОТАРС ПАРВАНДА ОГОЗ КУНЕД.

шояд чои уро гирифта ягон хешу табори худашба медхад раиси кумитаи андоз бовар кунед ин шамандаги аст

Сафар
Марг ба чунин сиёсати кадрии чупонона!Хама чизро-бо пул мол чен мекунанд кадрхои бехтарини миллатро месанчанд ва чун огох мешаванд,ки онхо точики тозаанд дар 300 cол!ба вазифа таъин намекунад!Танхо агар чала боши ва хуни туркко-мугули дошта боши кор меёби!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)