Бахшҳо

Нома аз хонанда: “Илтимос, маро мулло нагӯед!”

Торнамои “Озодагон” ҳамарӯза аз тарафи хонандагони худ даҳҳо шарҳу пешниҳод ва нома дарёфт мекунад, ки аксари онҳо дар пайи хабарҳо нашр мешаванд. Ҳоло номаи алоҳидаи хонандаи худ “Собири Ваҳҳоб”-ро, ки ба мо фиристодааст, чоп мекунем ва аз Шумо ҳам мехоҳем, агар гуфтание доред, лутфан ба имейли ozodagonweb@gmail.com бифристед.


"Дар як соли гузашта номи “мулло” дар Тоҷикистон бо бачабозиву таҷовузу зинокорӣ ба ҳадде бад шудааст, ки акнун иддае аз хитоб шуданашон ба ин унвон як навъ шарм мекунанду худро таҳқиршуда меҳисобанд. Ҳатто дар чанд маҳфил шоҳиди он будам, ки баробари мулло гуфта хитоб кардан, баъзе дӯстон ранҷидаву гуфтанд, “ман мулло нестам. Илтимос, маро дигар мулло нагӯ!” Муллое, ки дуову фотиҳа ва гӯру чӯби мо бе онҳо намегузашту намегузарад ва ҳар касро лоиқи ин ном намедонистанд, ҳоло хоставу нахоста ба рамзи зинокориву таҷовуз табдил шудааст.

Ин, албатта, хидмати гузоришҳоест, ки тайи як соли охир дар телевизионҳои давлатии Тоҷикистон намоиш дода шуданд. Албатта, ҳама бар ин назар буданд, ки ин барномаҳои ба қавле “антинаҳзатӣ” ё “антимулло” маънои як маъракаи роҳандозишуда барои сиёҳкунии “бегонаҳо”-ву сафедкунии “худиҳо” дар арафаи интихоботи президентӣ асту то чанд моҳи дигар бо дурӣ ҷустан аз шабакаҳои ТВТ халос шудан имкон дорад.

Аммо намоиши барномаи ахири шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон дар бораи Маҳмадулло Холов, ки гӯиё духтарандарҳои ноболиғашро таҷовуз кардаасту аз ин як “табиби мардумии зинокор” низ мулло ном бурда шуд, маълум аст, ин “консерт” ҳоло ба зудӣ хотима ёфтанӣ несту дуру дароз идома мекунад. Дар ин барномаҳо ҳар шахси гунаҳкор, бигузор он табиб аст ё ҷодугару зинокор, ба унвони “мулло” муаррифӣ мешавад. Албатта, ҳамон муллое, ки мову Шумо, бахусус таҳиягарони ин барномаҳо дар рӯйдодҳои муҳими ҳаёти худ, чӣ хурсандию чӣ мусибат бидуни онҳо об аз гулӯямон намегузарад. Дақиқтараш, ҳар гоҳ наздиконамон ба дунё омад ё издивоҷ кард ва ё моро тарк гуфт, ба суроғаш меравему даъваташ мекунем.

Мехостам ба хонандаи азиз гӯям, ки банда на наҳзатияму на мулло, вале ба ҳайси як сокини ҷомеаи 99%-и мусулмонии Тоҷикистон ин чиз маро нигарон кардааст, ки чаро маҳз ҳар муҷриме боздошт мешавад, ӯ бояд ба ҳайси пешвоёни дини ман муаррифӣ шавад? Воқеан, тааҷҷубовар ва боиси нанг аст, вақте ба унвонии ходимони дини мубини Ислом тавассути телевизионе тавҳину таҳқир фиристода мешавад, ки аз ҳисоби ҷомеаи 99%-и пайравони ин дин фаъолият дорад. Фаромӯш набояд кард, ки ҳама чиз соҳиб дорад ва он соҳибаш низ гуфтааст, ҳар чӣ фуруд овардаем, нигаҳбону ҳимоятгараш худи моем!

Имрӯз дар ҳоли роҳ додан ба хатое ҳастем, ки дар гузашта таҷрибаи талхи онро дорем. Як бор аҷдоду бобоҳои худро ба хотири ба даст овардани ризоияти давлатмардони Иттиҳоди Шӯравӣ “босмачӣ” ном гузошта ба қатлу берун кардани онҳо аз Ватан чӯбдаст шудем, ки то ҳол ба хотири номи гузоштаи худ шарм мекунем. Ҳоло бошад ба ин ҳама қаноат накарда, ба калимаи “босмачӣ” ҷомаи нав пӯшонида, “мулло” унвонаш гузоштем.

Ё шояд бо ин иқдом гуфтанием, ки дигар ҷомеаи мо ба мулло ниёз надорад?

Собири ВАҲҲОБ"


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Рахмат ба шумо бародари азиз Собир. лекин чигари гапа гапзадед. ин хукуматдорхои мо тавар мусалмонанд. барои мансабу курси шуда бар дину мусалмони худ бадиро раво мебинанд. ман намедонам ки инхо читавр чон медодабошанд?! дарпешгохи Аллох инхо чи чавоб медодабошанд?!.

Ин ваххобии бадбахт худаш мулло.. аз нахзат ана хамин хелхо номи муллоро баъдн ном кардаги дя!!!!

Хуш ба холат Собири Ваххоб! ин аз сиёсати пантуркистие, ки хамон солхои инкилоби октябр рохандози гардида, милати моро шармсор карда буд, дарак медихад. Худованд хамаи моро аз шарри шайтонхои инси дар панохаш нигох бидорад!

Точикистони нав
Максади хукумат хам хамин аст: бад кардани номи Ислому дину мулло дар назди мардум. Ва сабабшро медонед? Сабабаш ин аст, ки танхо хизби ХНИТ метавонад ба пойдории ин режим хатар эчод кунад. Дигаронро инхо кайхо саркуб кардаанд ва мекунанд. Аммо бо хизби мазхаби мубориза бурдан мушкил аст. Барои режим зарур аст, ки таъсири дину муллохоро ба мардум камтар кунад ва фардо бачахошонро ба чои худашон сохиби тахту точ карда ба рахбари давом додан гиранд. Яъне барои давлатдори бо дину хизби ХНИТ мардум мечанганд.

Муслим
Мехостам ба хонандаи азиз гӯям, ки банда на наҳзатияму на мулло, вале ба ҳайси як сокини ҷомеаи 99%-и мусулмонии Тоҷикистон ин чиз маро нигарон кардааст, ки чаро маҳз ҳар муҷриме боздошт мешавад, ӯ бояд ба ҳайси пешвоёни дини ман муаррифӣ шавад?

Воизон ин чилва дар болои минбар мекунанд,
Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.

Махсум
О бародар гам нахур мо дар диаамон як чаласача гузаронида, домуллохои вокеии дехаамонро МАХСУМ, СУФИ, мегуем бигзор номи муллоро паст кунанд ИСЛОМ САДСОЛАХО ПЕШ ДИНИ БАРХАК БУД, ХАСТ ВА ТО ОХИРИ ДУНЁ ДИНИ РОСТИВУ ПОКИ МЕМОНАД, касе пеши рохи исломро гирифта наметавонад!!!

озоди
Инхо хамон пиркамунистони замони шуравиянд,ки нест бод дини И...м мегуфтан лахзахои охири умрашонро бо тухмату зулм мегузаронанд.
Чароги зулми золим то дами махшар намесузад,
Агар сузад инагда сузад, гахе дигар намесузад!

Мусалмон
Иллати аслии бад кардани номи Ислому рухониён аз суйи макомотхои давлати танхо дар як чиз аст. Вакте аъзои хукумат дилаш пора гирифтан мехохад, рухони дар мавъизааш мегуяд порадихандаву гиранда харду гунахгоранд, вакте дили хукумати хохиши зино мекунад, рухони ба мардум мефахмонад, ки зино гунохи кабира ва зинокор бадбахтарин фард аст. Вакте моли мардумро корманди хукумат бо роххои гариконуни гасб кардан мехохад, рухони мегуяд дузди харом ва дузд харомкор аст ва ва ва...
Аз хамин сабаб хукуматихо намехоханд, ки рухониён гуноххои онхоро ба мардум фахмонанд ва чи кадар пасту ифлос буданашонро ба омма нишон диханд, бо хар роху восита онхоро тухмат карда, аз минбархо дур меандозанд, онгуна, ки Хочи Мирзо, Э.Нуриддинчон, Домулло Абдурахим ва чандин воъизони хакгуи дигарро аз минбархо бо зури поён карданд. Дар фароварди сухан сараввал барои масъулони хукумат имону инсоф ва хидоятро аз Худо хохонам

ш-TJ
Ба фикрам ин сардорони хукумати Точикистон бар зидди дини Ислом чанг элон кардани хастанд ё ки алакай элон кардаанд.

Муслим
Ассалому алайкум!
Бародарону хохарони азизам асли матлаб дар ин аст, ки бояд ислом мисли узбекистон хор карда шавад ва мулло суфи махсум хама бахона аст.Магар вазиру амиру милисаю балинсаи мо имруз зинокори харом нестанд хастанд лекин мусалмонон то хол садди рохи инхо хастанд ва мусалмонон хастанад ки намемонанд инхо ошкор хамла карда зану хохари моро беобуру кунанд номуси моро поймол мусалмонон намемеранд бояд инро донанд хар нафари боакл.Бедор шудан даркор душман алакай дар дохили хонахои мо кор мекунанд мо худамонро ба хоб андохтем вой бар холи мо

одам
Босмачи хамин касоне хастанд ки исломро бадном мулооро бадном ва аз номи мулло макола менависанд, вале агар марази маргаш гирифт пеши муло меравад агар мурд интизор дорад ки мулло чанозааш кунад. сабаби бадбахтии муллохо ана хамин

Fakhri
Офарин, бародари хакчу, лек дар асл дар ин раванде, ки имруз мову Шумо мушохида мекунем, хеч гунохи тахлилгарон ваё тахиягарон нест, дар асл айбдор онхое хастанд, ки бо хасти в амалхои баднафсонаю нопоки худ номи Муллову сохибилмонро догдор мекунад.Ва ин чиз вокеъият аст... на танхо расонахо хабари мо низ бояд бетераф набошем, зеро хаммаруза аз хзар гуна овозаву ходисахои нолоик огахем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)