Бахшҳо
14 фев 2014 11:05Хабарҳои ҷаҳон

Карзай: Амрико ба коре, ки марбут ба он нест, набояд дахолат кунад

Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон аз озодии 65 маҳбуси зиндони Баграми кишвараш истиқбол ва вокуниши Амрико дар ин бобатро зиёдаравӣ хондааст.

Карзай дар пайи мулоқоти се ҷонибаи раҳбарони Афғонистону Покистон ва Туркия дар Анқара гуфтааст, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико набояд ба озодии маҳбусони зиндони кишвараш дахолат кунад. Ӯ дар шарҳи гуфтаҳояш, афзудааст, “Афғонистон як кишвари мустақил буда, вақте мақомоти додгоҳияш барои озодии маҳбусе тасмим мегиранд, ба ин набояд Амрико дахолат кунад, чун ин кор ба он ҳеч тааллуқе надорад.

Раисиҷумҳури Афғонистон дар идома ибрози умедворӣ кардааст, ки Вашингтон аз усулҳои фишороварӣ болои мақомоти додгоҳии кишвараш даст бардошта, ба ҳокимияти миллии Кобул эҳтиром мегузорад.

Мақомоти афғон ахиран дар пайи як қарори раисиҷумҳури кишвари худ 65 зиндонии Баграмро ба озодӣ бароварданд, ки бо вокуниш ва эътирози Амрико рӯбарӯ шуд. Сафорати Амрико дар Кобул бо пахши як изҳорот ин иқдоми ҳамтоёни афғонашро таассуфбор хонда, гуфт, шахсони ба озодӣ баромада “басо хатарнок” мебошанд.
Мӯҳр
Далер
Пули Амрикоро хурда хурда то ин дарача омад Карзай. Охир одам ин кадар курнамак намешавад. :)
Бисерии хешу табораш шахрванди Амрико хастанд аллакай. Чи хел пулу мансаб одамро маст мекардааст!!!

диловар
хато мекуни бародар якум амрико кайхо дар ивази пулаш хостаашро ба даст овардагияй, дуюм чигунае ки ба гумони карзай амрико бо толибон хамкори мекунаду ва вактхои охир куштори мардуми осошита зиед шудааст ман сад дар сад бо карзай розиям, зеро амрико давлате нест ки ба ваьдахояш устувор бошад, сеюм пеши ру биер давлатхои ироку, мисру, либияву сурия, чи фикр мекуни да ин давлатхо мардум худаш ба майдон баромадан? не! ба хамаи ин амрико ба хадафхои нопоки худаш расидан ин кишвархоро ба чанги шахрванди расонд, фикр накун амрико хамту аз пеши худаш ердам мекунад,бар ивази як дахчанд мегирад!! фикр намекуни чаро махз дар вакти баромадани нато аз афгонистон хучуми толибон зиед гашт? ин яке аз хадафхои амрико аст ки нишон дихад бинен агар сарбозони мо да афгонистон намонанд вазь аз ин бадтар мешавад, ва фаромуш накун ки амрико худ як давлате аст ки аз толибон пуштибони мекунад ва инро танхо дар паси парда нигох медорад!! амрико агар дар хакикат давлати демократи мешид афгонистонро яктараф мон ба дустони худаш хиенат намекард яьне ба телефонхои онхо гуш намедод(олмону фаронсаву и тд), гап зиедасту АММо......

Далер, чи хел курнамаки? ин рафтор аз эхтиром гузоштан ба халки худ, хисси баланди милли доштан аст. Касе ба ту пул дихад курнамаки нашавад гуфта халкатро нест ва ё мефуруши? афсус овар аст, ки мо баъзан шохиди чунин холатхо мешавем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)