Бахшҳо
14 фев 2014 12:07Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Додгоҳи ҳакамӣ корманди қатори “Душанбе-Маскав”-ро муҷрим шинохт

Додгоҳи ҳакамии Русия Хайрулло Мадиев, як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки соли 2012 ҳангоми кораш ба ҳайси пешхизмат дар қатори Душанбе-Маскав, гӯиё дар бонкаҳои бодиринг наздики 6 кило маводи мухаддирро ба қаламрави ин кишвар ворид кардааст, ганаҳкор донист.

Дар ин бора дафтари матбуоти додситонии вилояти Волгоград хабар дода, афзудааст, ҷазои Мадиевро додгоҳи касбӣ муайян хоҳад кард. Тибқи иттилои тафтишот, Мадиев тобистони соли 2012, ки ба ҳайси пешхизмат дар қатори “Душанбе-Маскав”кор мекардааст, бо ёрии дӯстонаш Хуршеду Маҳмадзоир Гуловҳо ва мудири тарабхонаи қатора, Баҳодур Пиронов талош кардааст, 5 килою 766 грам героинро ба Маскав интиқол диҳад. Ӯ ин миқдор мухаддиротро дар 12 бонкаи бодиринг ҷой кардааст.

Манбаъ мегӯяд, Мадиев дар қаламрави Волгоград бонкаҳоро ба сокини маҳаллӣ, Елена Досанова супоридааст, ки баъдан онҳоро Алиҷон Очилов барои интиқол ба Маскав гирифтааст: “Аммо дар роҳ маъмурини пулис мошини Очиловро боздошта, зимни тафтиш маводи мухаддирро дарёфт кардаанд.”

Зимни тафтишот Мадиев гуноҳашро иқрор накардааст, аммо ҳайати ҳакамон ӯро гунаҳкор хондааст. Парванда феълан барои баррасии ниҳоӣ ба додгоҳи касбӣ равона шудааст. Иштирокдорони дигар, аз ҷумла Елена Досанова ва Алиҷон Очилов, барои қасди фурӯши маводи мухаддир ба 9 солӣ ва Баҳодур Пиронов барои ҳамкорияш ба ҷазои сабуктар-7 соли зиндон маҳкум шудааст. Мақомоти Русия мегӯяд, мурофиаи бародарон Гуловҳо дар худи Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.
Мӯҳр
Озодагон салом!

Ман хавасманди хондани сайти шумо хастам. Лекин намефахмам барои чи щумо забони навиштатонро мураккаб намуда, калимахои навро истифода мебаред? максади шумо нищон додани он, ки мо бо Ирон наздикем, ё мехохед ба хонанда наздиктар шавед? Агар забонатонро точикии одди накунед, хисии эхтироми ман нисбати шумо тамом мешавад. Масалан, ман нафахмидам ки "мучрим" чист. Ман дипломи филологи точик дорам. шояд ман донищи хуб надорам, лекин хазорхо точики бедиплом чи? Шуморо мефахмида бошанд?

Гапа хакаша гуфти бародар точики гап занед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)