Бахшҳо
14 фев 2014 14:51Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Баъд аз “фирор”-и туркҳо... “Аквапарк”-и Душанберо итолиёвиҳо месозанд

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе дар мулоқот бо Франческо Феррарӣ, ноиби президенти ширкати итолиёвии «Preston&Barbieri», ки ғолиби озмун барои сохтмони “Аквапарк” гардидааст, густариши ҳамкориро баррасӣ намудааст.

Тибқи иттилои шаҳрдорӣ Убайдуллоев изҳори боварӣ намудааст, ки ин ширкати итолиёвӣ сохтмони иншооти нотамоми «Аквапарк»-ро дар муҳлатҳои муқарраргардида бо сифати баланд ва меъёрҳои байналмилалӣ ба анҷом мерасонад.

“Аквапарк” - и нотамоми Душанбе дар маркази шаҳр воқеъ буда, сохтмони он ҳанӯз 10 сол пеш оғоз шудааст. Ширкати туркии “Эмек иншаат”, ки соли 2004 дар озмуни бунёди аквапарки Душанбе пирӯз шуда буд, аз ҳукумати пойтахт беш аз 2 миллион доллар гирифтааст. Аммо баъдан дар паи ихтилофҳо оиди арзиши ин иншоот, “Эмек Иншаат” сохтмонро нотамом гузошт ва пули шаҳрдориро барнагардонда Тоҷикистонро тарк кардааст.

«Preston&Barbieri» дар Тоҷикистон таҷрибаи корӣ дошта, қаблан аттраксионҳои Муассисаи давлатии «Боғи пойтахт»-ро насб кардааст. Инчунин дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе мегӯяд, дар мулоқоти Убайдуллоев бо Феррарӣ созиш шуд, ки ин ширкати итолиёвӣ Боғи кӯдакони пойтахтро низ бо дастгоҳҳои муосир муҷаҳҳаз мекунад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
точик
Ин чандсадумин ширкати хоиричи аст ки фиреби хукуматдорои мора хурда мегурезанд.Дар дунё факат итолёихо бо хукуматдорони имрузаи мо каме наздиканд, дар италия мафия хукумат мекунад, ба дурггуи машхуранд ва дар дунё чои аввалро дар фиребгари ва лой молидан мегиранд. шояд бо хукуматдорони мо ба мусолиха оянд: Кабутар бо кабутар, боб бо боз, Кунад хамчинс бо хамчинс парвоз!!!!!!????????Дапр пули мардумро хурдан хам хеле бо хукуматдорони мо монанданд.

мекан
аквапарки зебо будааст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)