Бахшҳо

ВИДЕО: Ишораи мақомот ба дасти ҲНИТ дар ҷанг алайҳи Башор Асад

Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон бо пахши як иттилоия ба қазияи маҳкумияти як гуруҳ ҷавонони тоҷик барои ҷанг алайҳи Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия баргашта, дар мисоли яке аз маҳкумшудаҳо Муъминов Баҳриддин-и 25-сола омилҳои даст ба ҳаракатҳои ифротӣ задани ҷавонони тоҷикро ба баррасӣ кашидааст.

Ин ниҳод мегӯяд, аксаран ҷавонони тоҷик аз миёни қисмати аз нигоҳи идеологӣ осебпазири муҳоҷирини меҳнатии тоҷикистонӣ дар қаламрави Русия, аз ҷумла аз миёни собиқ хатмкардаҳои мадрасаҳои динии кишварҳои исломӣ, интихоб ва сипас бо баҳонаи гирифтани таҳсили исломӣ тариқи масирҳои маълуми кишварҳои ҳаммарз ба Сурия ғайриқонунӣ сафарбар карда мешаванд: “Аз ҷумла шаҳрванд Муъминов Баҳриддин Файзалиевич, соли таваллудаш 1989, дар деҳаи Ҳулбуки ҷамоати Тагиҷари ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст, оиладор, маълумоташ миёна, сокини кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар ҷараёни таҳсили диниаш дар Сурия зери таъсири таблиғоти ҷиҳодии фаъолони гурӯҳҳои террористии муқими ин кишвар қарор гирифта, дар муҳорибаҳои ҷангӣ ва амалиётҳои террористии ин созмонҳо алайҳи ҳукумати конститутсионии Сурия ширкат варзидааст.”

Кумитаи амнияти миллӣ мегӯяд, соли 2010 Баҳриддин Муъминов дар 21- солагӣ бо мақсади гирифтани таълимоти ғайрирасмии динӣ, тариқи хатсайри ҳавопаймои Душанбе-Истанбул ва аз он ҷо ба воситаи автобус ба шаҳри Димишқи Сурия сафар намудааст: “Баҳриддин Муъминов ва якчанд ҳаммаслакони ӯ аз ҳисоби шаҳрвандони тоҷикистонии машғули таҳсил дар Донишгоҳи «Маъҳат дували-ул-улуми араби»-и Сурия моҳҳои октябр-ноябри соли 2011 ва феврали соли 2012 дар ҳайати созмони террористии «Ҷабҳат-ун-Нусра» дар муҳорибаҳои ҷангӣ зидди нерӯҳои мусаллаҳи ҳукуматии Сурия фаъолона иштирок намуданд. Вобаста ба сатҳи иштирок дар амалиётҳо ба Баҳриддин Муъминов ва шариконаш маблағи муайян пардохт мегардидааст. Чанд нафар аз ҳамсафони Баҳриддин дар ин амалиётҳо кушта шуданд.”

Ин ниҳод таъкид мекунад, ки «Ҷабҳат-ун-Нусра» аз моҳи январи соли 2012 ҳамчун созмони террористӣ шинохта шуда, қаноти суриягии ташкилоти байналмилалии террористии «Ал-Қойида» маҳсуб меёбад. Худи Муъминов дар навори паҳнкардаи мақомоти тафтишотӣ худро узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон муаррифӣ мекунад.

Дар пасманзари ин мақомоти амнияти миллии Тоҷикистон суол гузоштаанд, ки “оё иқдомҳои мазкур ба ахлоқи як ҳизби сиёсӣ, ки рисолаташ талқини дин аст, мувофиқат мекарда бошанд? Ин ҳолат изҳороти роҳбарони баъзе аз аҳзоби сиёсии кишварро, ки даъво доранд аъзоёнашон доимо таҳти назорат қарор гирифта, ҷиноят содир намекунанд, зери суол мебарад.»



Қазияи ҳузур ва иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар нооромиҳои дохилии Сурия ба як масъалаи баҳсбарангез ва нигаронкунанда табдил ёфтааст. Ахиран Сергей Смирнов, муовини аввали раиси ФСБ-и Русия, гуфт, мушкили кирояи ҷангҷӯён дар тамоми кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай, аз ҷумла Тоҷикистон ҷой дорад. Ба гуфтаи ӯ, аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Чин, Қазоқистону Узбакистон низ ҷангҷӯёни кироя алайҳи ҳукумати Сурия меҷанганд. Аз сӯи дигар, Аҳмад Бадриддин Ҳассун, муфтии аъзами Сурия гуфта буд, теъдоди тоҷикон, ки дар ин кишвар алайҳи ҳукумат меҷанганд, 190 нафар арзёбӣ мешавад.
Мӯҳр
Хайриддин
Ислом ба зоти худ надорад айбе. Хар абе, ки хаст дар мусалмонии мост!

Аз руи хамин як ду ахмак хизби нахзатро чаро паст мезананд. Магар ин ахмакхо бо ин корашон газаби мардумро намеоранд!!!!

Вобаста ба казияи яке аз аъзоёни фаъоли ХНИТ Холов Махмадулло, ки дар тачовузи ду духтари ноболигаш мутаххам дониста мешуд, масъулини ХНИТ гурухи махсуси кори ташкил карда риши уро инкор ва такаллубкори арзёби карданд ва барои дар чомеа худро сафед кардан аз аъзои содикашон даст кашиданд. ХНИТ-и "мухтарам" кани бубинед, риши Муъминов Б. хам калбаки аст. Аз ин аъзои вафодоратон низ, ки бо падару модараш узви содики шумоянд, ру метобед? Аъзогии уро низ инкор мекунед? Хайфи шумо. Боз шарм накарда чаласахои сиёсию маънави мегузаронеду Хукуматро дар шиканча нисбати махбусони аъзоёнатон гунахгор медонед. Биёед хизбатонро хизби чинояткорону палидон ва махбусону паразитон номгузори намоем, на хизби исломи мукаддас. Акнун мебинем, ки хонандагони азиз нисбати ин аъзои мутаххами нахзатихо чи фикр доранд? Ин маротиба бо адом руяшон аз ин хизби фасод тарафдори мекунанд?! Озодагон, дар сарлавхагузории маводхоят гаразро истифода набар "Ишораи мақомот ба дасти ҲНИТ дар ҷанг алайҳи Башор Асад". Ин хабар факту далел аст на ишора...

1-2 javoni marde ki dar in torikiston mondaand,pidarho hamonhora ham bo yak bahona badnom kardanied

Мусалмон
Бародар Манучер Ализода ин гузорише ки тутивор мехони ягон асоси вокеъи надорад ва ун бечора зери шиканча хамачизро ба гарда гирифтааст. Аз скачокхое ки дар навор дида мешавад сухбати ин бечора мантажи дигаргуна шудааст. Бовар кунед то ин хад бемаъногиву бе тартиби бас будагист охир! Ту Манучер шарм намекуни ки бо ин овози ошноят ин кадар гузоришхои тахмиливу танкидиро мехони! Агар он фармоишгаронат мусалмон нестанд ба фикрам ту мусалмони барномахои хубро дар чахонамо пеш мебари мешиносемат ака хеле хуб!!!!!!! Барномахоят "Тасодуф" "Аз хар гущаи чахон" ! Ту як камбудии дигар дори ки журналист нести ва факултаи журналистикахамро надида ту рав хамон табибита кун! Эй Манучер хайф сад хайфи чавонмарди хулоса .......

навои
Аз ин навор маълум ки инро махсус ба щидди ХНИТ таер карда шудааст ва ин навор тахминан моххои июн ва е июл наворбардори шудааст ки инро аз либоси тунуки ин бачаи " гунахкор" фахмида мешавад ва ин танхо бврои бадном кардани ин хизби мардуми равон шудааст ва ин таериашон барои интихоботи президенти буд то ин ки ХНИТ номзади пешниход кунад садхо наворро ба намош гузорад ба ин тухматномахо хеч нафаре дар кишвар бовар намекунад. Холо пас аз чанд мохе интихоботи парлумони баргузор мешавад ва то ин муддат миллионхо тухматхоро дар ВАО пахн мекунанд. Бовари комил пайдо кардам, ки ХНИТ дар рохи хак ва адолат аст. Муборак бошад нахзатихо.

barodaro i odama hi4i nagued in be4oraro ba zarbi shikanja ba gap darovardan magar bayonoti tojievro naxonded ki 4iguna on be4oraro se shabonaruz xobraftan namona dar bark monda zadand da sarash salafan kashida bugi karda majbur kardand ki dar varaki navishtai onho imzo guzorad. inroham haminxel majbur kardaand magar yagon joi nofahmo dorad?

Одамхудо
Ба бебарки, бекори, мухочирати сартосари,фасод,муносибати бад бо хамсоякишвархо,хулоса ба хамааш ХНИТу аъзояш гунахкор.(агар чунин намебуд на бебарки мешуду на бекори на мухоцирату шиканча дар зиндонхо хулас вучуди онхо эшелони пешрафти ин режимро фалач кардааст.Дар акси хол тули ин муддат\22-сол\ мо хеле пеш мерафтем,хамин тавр не???

Аз ин навору аз гуфтахои шумо маълум мешавад ,ки хар шахсе аз Амрико пайрави намекунад (ифрдгару террористанд) ?!!!
Чашмхоятонро калонтар кушоед ,терористи раками 1-ум (демократично) ана хамн Амрикост тамоми дунё инро мдонад инхо намехохан,ки мусалмон бо комати баланду сари бланд зиндагияшро пеш барад шумо (боноусон ) лагандбардории худро намоиш дода гардед....

Яъкуб.
Ин хонум мохрухсор аз кучо медонад ин аъзои фаъоли ХНИТ хаст.Агар аъзои ин хизбхам бошад(харчанд он кадар бовар надорам)чи аъзохои ХХДТ хама поку покизаанд?Тамоми расв оиро аъзои ин хизб мекунад.Мисол тамоми шахсони дар хукумат кор мекардаро ба ХХДТ номнавис мекунанд вакте бо ришва дастгир мешаванд ягон бор фахмиди бигуянд аз ТВ аъзои ХХДТ дастгир шуд?

Дилором
Ба Мусалмон
Акаи Мусалмон о ин Манучери гуфтагиат фикр доред ки барномахош хубанд? Тамоми чизро аз интернет мегирад тарчума мекунад ва пешкаш мекунад чи чои хубаиш бошад? Чи бо вай духтур будаст, баъд духтури ба журналисти чи ахамият дошта бошад, чи дар твхо гайрикасбихоро хам кор мегиранд, хади акал тахассусошон наздик бошад ...

Мохрухсор,


Як чиза намефаҳмӣ хап шин хоҳар. Бояд ту аз ин туҳмату рашки занонаи ҳукумат, ки мехоҳад мурдаи Ленинро ҳам сари ҲНИТ бор кунад шарм карда, хомуш мешишти, вале ман шуморо маъзур медонам зеро зан ҳастед азин рӯ, мақоли шумо шоистаи раддия нест.

davlat
Ин хама дасисаи хукумат мебошад барои аз даст надодани кудрат дигар ин дасисахои инхоро касе бовар мекунад ки сатхи фахмишаш ба андозаи телевизиони тч аст ва илло нафаре каме фахмиш дошта бошад хечгох ин нокасонро кабул надорад

Посух ба "Мусалмон"!
Ба ин харзагуии пучу нихоят бе магз танхо ханда фучудамро фаро гирифту халос!!! Як макол аст: Чун тарс аз гургон дори, ба чангал нарав! Ва ё ба таври дигар: Волков боятся, в лес не ходить !
Агар ман дар ниходам тарсу вахм медоштам, умуман ба ин фазо наздик намешудам. Дар киёс бо ту ва тубаринхо, боре шахсиятамро пушида накардаам ва мисли кафторхои (гиены) паст сиришт, ахён ахён аз дурихо зери никоб налакидаам. Манучехр Ализода на танхо барои ту БУЗДИЛ, балки барои дилхох кас дастрас аст!

Аъиш
Ман як чизро нафахмидам ,то ончое ки ман Бахридина мешиносам у соли2012 сурияро тарк карда дар донишгохи байналмилалии ал азхари миср дохил шуда буд,инро ишораи макомот чаро барраси накард.Ман мегуя , чунки хамаи инхо тухмат аст,у аз тоифаи чунин чавонон нест!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Феврал 2023    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)