Бахшҳо
15 фев 2014 10:11Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Тадқиқот: Кӯдакон аз Тоҷикистон ба куҷо гум мешаванд?

Хилватшоҳи Маҳмуд

Ҳамасола дар ҷаҳон ҳудуди 4 миллион одам мавриди хариду фурӯш қарор гирифта, аз ин ҳисоб олами ҷиноӣ беш аз 7 миллиард доллари амрикоӣ маблағ ба даст меорад. Тибқи маълумоти манбаъҳои мухталифи омор ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дар ҳоли ҳозир 200 миллион ҷабрдида дар чунин ҳолат - хариду фурӯш, қочоқи инсон, мавриди истисмор қарор гирифтан, ҳолатҳои одамрабоӣ ва хушунат қарор доранд.

Хариду фурӯши одамон ин зуҳуроти номатлуби умумиҷаҳонист, ки ба давлатҳои аз ҷиҳати сиёсӣ ва иқтисодӣ дар давраи ташаккулёбӣ ё худ баъди низоъҳо қарордошта таъсири сахт мерасонад ва ин давлатҳо асосан кишварҳои тавлиди қурбонии хариду фурӯши одамон мебошанд.

Ҷанги шаҳрвандӣ ва низоъҳои ҳарбӣ дар Тоҷикистон ба пастравии иқтисодиёт, зиёдшавии сафи бекорон, ба таври оммавӣ муҳоҷират кардан, барҳам хӯрдани кафолати иҷтимоӣ, зиёдшавии ҷинояткорӣ, ба барҳамхӯрии оилаҳо оварда расонида буд.

Бинобар сабаби нест шудани корхонаву ташкилотҳо ва набудани ҷойи кор қисми зиёди аҳолии ҷинси мардина маҷбур шуд, ки баҳри дарёфти ризқу рӯзӣ ба хориҷи кишвар сафар кунад. Як қисми боқимондаашон бошад, ба тиҷорати хурд машғул шуданд. Дар макотиби миёнаву олӣ, муассисаҳои тандурустӣ кадрҳои болаёқату мутахассис то имрӯз ҳам намерасад.

Пӯшида нест, ки дар он маврид бисёр оилаҳо имконияти ба фарзандони худ додани маълумоти миёнаро надоштанд. Духтарон бо мушкил ва аҳволи худ гузошта шуданд. Баъзе духтарон ва занон аз ҳолати ногувори ба миёномада чӣ тавр баромадани худро надониста, ба фоҳишагарӣ машғул шуданд.

Таҳқиқоти журналистӣ тайи ду моҳи ахир дар мавзӯи қочоқи инсон (хариду фурӯши одамон, аз ҷумла ноболиғон) нишон дод, ки дар бархе аз ҳолатҳо омили дохилӣ ва худӣ ҷо дорад. Ҳатто волидайн ҳам баъзан даст ба ҷиноят мезананд ва раҳм ба ҷони пайвандони худ надоранд.

“Қурбонӣ”-и модар

Маҳтобӣ (номи қаҳрамон иваз шудааст,- муаллиф) дар яке аз навоҳии наздик ба шаҳри Душанбе, дар хонаводаи зиёӣ ба дунё омадааст. Падараш муҳандиси сохтмон буду модараш муаллимаи забони русӣ. Аслан, онҳо дар оила аз чизе камбудӣ надоштанд, ба гуфташ аз хурдӣ ба омӯхтани илму фан рағбати зиёд дошту ҳанӯз замони дар хона буданаш ва дар боғчаи кӯдакон таълим гирифтанаш забони русиро ёд гирифта буд. Дар мактаб хубу аъло таҳсил мекарду аксаш тахтаи фахрии мактабро зеб медод.
“Ният доштам, ки оянда тарҷумон мешавам ва камаш 5-6 забонро аз худ мекунам. Вақте дар синфи 7 таҳсил мекрдам, падару модарам қарор доданд, ки ба шаҳр мекӯчанд. Ман ҳам аз ин кори волидайнам хурсанд шуда, дар дил орзуи тезтар ба Душанбе рафтанро мепарваридам. Хулоса, тирамоҳи соли 2001 ба шаҳр кӯчидем. Ба маконе, ки ҳама орзуҳои беҳтарини кӯдакиамро гӯр кардам..., аммо бо амри тақдир боз дар ин ҷо ба сар мебарам ”, - гуфт ӯ ҳангоми сӯҳбат бо мо.

Маълум гашт, ки пас аз як муддати кӯтоҳи сокини пойтахт гаштани оилаи онҳо миёни падару модараш баҳс сари кадом масъала рӯ мезанад ва онҳо бо якдигар қаҳрӣ мешаванд. Сарвари хонавода танҳо бо гирифтани либосҳояш иктифо карда, аз хона баромада меравад. Маҳтобӣ чунин илова кард: “Баъди рафтани падарам авзои очам беҷо барин менамуд. Баъзан ба хона дер меомад, баъзе шабҳо умуман намеомад. Аммо ҳама вақт яхдон пур аз хӯрокворї буду ҳамёни очам пури пул, лекин кори аниқашро намедонистам, ки ӯ чӣ кор мекунад. Ба саволҳои пай дар пайи ман ҷавоб медод, ки бо дугонаҳоям тиҷорати якҷоя дорем. Як сол аз ин ҳол гузашт, модарам Туркия рафта меомад,- ба нақлаш идома медиҳад Маҳтобӣ...
- Як рӯз аз мактаб баргаштам, ки модарам маро интизор аст. Меҳрубонии зиёдам карду гуфт, ки ин дафъа туро ҳам ҳамроҳам ба тамошои соҳили баҳр мебарам, як ҳафта сайру саёҳат, ки кардем, баргашта меоем. Ҳамин тавр, он рӯз ҳам фаро расиду азми сафар кардем. Дар Истанбул моро як занаки шиноси модарам пешвоз гирифту моро ба ҳавлие ба канори шаҳр бурд. Шаб ҳамроҳ будем, фардо модараму дугонааш бо баҳонаи бозорӣ кардан берун рафтанду ба хона марди тахминан 35-40 солаи турк ворид шуд. Ӯ кам-кам бо забони шикастаи форсӣ ҳарф мезад. Аз суханони ӯ ҳамин қадар дарёфтам, ки модарам маро ба он кас “фурӯхтааст” ва бо маблағи хеле калон. Баъдтар маълум шуд, ки модарам аз он “домод”-аш 11 ҳазор доллар гирифтааст...”

Маҳтобӣ дар ҳоле ки ашк рухсораашро мешуст ва андоми нозукаш меларзид, ба нақли саргузашташ идома дод. “Ин мард (турк) ба ман бадрафторӣ намекард, барояш ман дигар ҳамчун зани қонунӣ “хизмат” мекардам. Аммо ӯ маро аз хона берун баромадан намемонд. Ман ҳам на ҳуҷҷат доштам ва на роҳро медонистаму на шаҳрро, ки аз манзили зист берун шавам. Тақдир ҳамин будааст гуфта, баъзан хоҳиш мекардам, ки иҷоза бидиҳад ба Тоҷикистон ба модарам занг занам, вале аз ин сӯ гӯширо касеро намебардошт...”

Ин ҳақиқати талхеро, ки аз сари як духтари тоҷик дар гузаштаи начандон дур гузаштааст метавонам пурра дар ихтиёратон гузорам, аммо бо сабаби он ки Маҳтобӣ ҳоло хонаву дар ва зиндагии ороми оилавӣ дорад, аз ироаи ҷузъиёти бештар худдорӣ мекунем. Илова бар ин, худи ӯ ҳам розӣ нашуд, ки бештар аз гуфтаҳои боло ҳарфе бинависам. Танҳо ҳаминро хотирнишон кард, ки алъон модараш дар шимоли кишвар ба сар мебарад ва 9 соли ахир боре ҳам бо якдигар дидор надоштаанд.

“Наметавонам ӯро бубахшам, ҳарчанд мегӯянд, ки агар волидайнат хук бошанд ҳам хукбонӣ кун, -ҳикояташро ба поён овард Маҳтобӣ. - Ба дидани падарам, ки ҳоло ҳамсари дигар дораду соҳиби як фарзанд аст, баъзан вақт меравам. Ҳарчанд инро занаш намехоҳад”.

Бояд қайд кард, ки ҳамсӯҳбати мо аз ин мушкили ба сараш омада ба ҷое шикоят набурдааст. Ба қавлаш, хуб медонист, ки агар ин корро мекард, модараш гунаҳкор ва барои муддати мадид равонаи зиндон мегардид, ҳол он ки ба ғайр аз Маҳтобӣ (он вақт қаҳрамони мо ҳамагӣ понздаҳ сол доштааст), ду бародару як хоҳари дигараш дар тарбияи модар буданд.

Дар қисми 1 моддаи 130 (одамрабоӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ки одамрабо, яъне пинҳонӣ, ошкоро, бо роҳи фиреб ё сӯиистифода аз боварӣ ё бо истифодаи зӯроварӣ, ё таҳдиди истифодаи зӯроварӣ, зиддиҳуқуқӣ ба даст овардани шахс бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.

Ҳарчанд Маҳтобӣ аз қонуну ҷазои пешбинишуда дар қонунгузории кишвар камтар иттилоъ дошт, аммо тасаввур мекард, ки модараш ҷиноят содир кардааст ва ин амали вай аснои ошкор шудан бе ҷазо намемонад. Ӯ дар он ҳангом бештар дар бораи тақдири бародарону хоҳарчааш, ки ба кӯмаку дастгирӣ ниёз доштанд, меандешид.

Факт: Мушкил вуҷуд дорад!

Пайгирии мавзӯи таҳқиқот рӯшан кард, ки новобаста аз шароит ва замон дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам ҳодисаи хариду фурӯши одамон, хусусан ноболиғон (аз ҷумла тифлони навзод) ҷо дорад.

Таври мисол, рӯзи 31-уми январи соли равон Вазорати умури дохилӣ эълом дошт, як сокини Ваҳдат талош кардааст, ба ивази 2 ҳазор рубли русӣ ба истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯдаки навзодро фурӯшад.

Ба иттилои манбаъ, зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милиса муайян карда шуд, ки шаҳрванд Мирзоева Шаҳло Ахмедовна соли таваллудаш 1981, сокини шаҳри Душанбе, рӯзи 6-уми январи соли 2014 дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви пойтахт бо маслиҳати пешакӣ кӯдаки навзоди шаҳрванд Қ.Н., соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Ваҳдатро ба маблағи 2000 рубли русӣ ба шаҳрванд Қурбонова Рӯзигул Ғаниевна соли таваллудаш 1965, сокини шаҳри Душанбе фурӯхтааст.

Ин ниҳод таъкид мекунад, ки феълан тифли навзод баргардонида шуда, тафтишоти пешакии парвандаи ҷиноӣ аз рӯи ин ҳодиса идома дорад.
Додгоҳи ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон бошад, рӯзи 17 декабри соли 2013, як зани маҳаллиро бо иттиҳоми одамрабоӣ ба мӯҳлати 8,5 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Гулчеҳра Холбоева, 47-сола, ки асосан дар замини наздиҳавлигиаш зироат корида, баъдан онро ба бозор барои фурӯш мебаровард, ҳамроҳи писари ноболиғаш субҳи рӯзи 2- юми сентябр пас аз фурӯхтани маҳсулоташон дар бозори ноҳия, ҳангоми бозгашт дар роҳ кӯдакеро “ёфта” бо худ бурдаанд.

Ба гуфти масъулини прокуратураи ноҳияи Қубодиён, ин кӯдак Роҳиламоҳ Қурбоноваи 2-сола ва аз ноҳияи Шаҳритус будааст. «Санавбар Ашӯрова, модари Роҳиламоҳ, ҳамроҳи тифли ширхорааш барои тамошо ва харид ба бозори марказии ноҳияи Қубодиён омада, ҳангоми харид духтарчаашро гум намудааст», - гуфт муфаттиши прокуратураи Қубодиён Аминҷон Азизуллоев. Бино ба гуфти ин муфаттиш, Гулчеҳра Холбоева ҳангоми бозпурсӣ ба муфаттишон гуфтааст, ки ин духтаракро дар бозор танҳо дида, хостааст ӯро ҳамроҳи худ барад ва ба воя расонад.

Дар ҳамин ҳол, Толиб Ортиқов, адвокати Гулчеҳра Холбоева ба хабарнигорон гуфт, бо моддаи 130 қисми 2 банди «д»-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне «одамрабоӣ» банду баст намудани амалҳои нафари таҳти ҳимояташ аз рӯйи адолат нест. «Агар Гулчеҳра Холбоева кӯдакро мавриди шиканҷа қарор медод ва ё бо дигар мақсадҳо ӯро ба хонааш мебурд, аз рӯйи ин модда банду баст намудани кирдорҳояш дуруст мебуд. Вай кӯдакро аз назди пахтазанак, ки он тахминан 200 метр дуртар аз бозор мебошад, пайдо намудааст ва азбаски кӯдак беназорат қарор доштааст, ӯро ба хонааш бурда, мехостааст, ки ин духтарчаро ҳафтаи оянда оварда ба мақомот супорад, аммо кормандони милитсия пешдастӣ намуда, як рӯз қабл ӯро боздошт намуданд», - афзуд Толиб Ортиқов. Масъулони тафтиши парванда бошанд, гуфтанд, Гулчеҳра Холбоева аз бетаваҷҷӯҳии модари кӯдак сӯйистифода намуда, ба кӯдак мошинча харида дода, ӯро бо худ бурдааст. Боиси нигаронист, ки дар вилояти Хатлон ҳодисаи рабудани кӯдакон ба иллати беназоратии волидайн бори аввал ба вуқӯъ напайвастааст. Бино ба иттилои расмӣ ҳоло дар Хатлон панҷ кӯдак ба унвони “нопадидшудагон” расман сабт шуда ва аз сӯйи мақомоти марбута дар ҷустуҷӯ қарор доранд.

Корманди мақомот дар курсии айбдорӣ

Дар манотиқи мухталифи кишвар ҳамвора ҳаводисе ба ин монанд иттифоқ меафтад, ки дар ҷараёни он бархе аз кормандони ҳифзи тартибот низ даст доранд. Агар дар ду ҳолати аввал- шаҳрванди оддиву модари хонавода, ҳодисаи саввум- зани бозоршин муттаҳам буданд, дар мавриди зер корманди ШКВД, сержанти милиса “қаҳрамон”-и марказӣ унвон мешавад.

Ҳоло дар дасти мо санади расмӣ, ҳукми суди шаҳри Хуҷанд аст, ки парвандаи марбут ба Умаров Баҳриддин Абдурасуловичро дар бар мегирад. Дар он омадааст: “Суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар ҳайати раисикунанда Ҳабибуллоева М.Р., бо котибии Латипова.З., иштироки прокурор Раҷабов Ш. ва ҳимоятгар Мирбафоев М. дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои суди шаҳри Хуҷанд, 11-ум апрели соли 2013 парвандаи ҷиноятӣ нисбати Умаров.Б.А., соли таваллудаш 1976, милитсионери ММН ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, қаблан суд нашудааст, бо моддаҳои 132 қисми 3 банди “б”, 170 ва 314 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, муайян кард: Умаров.Б.А. дар вазифаи милитсионери ММН ШВКД-и ҶТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кор карда истода, дар давоми фаъолияташ даст ба ҷиноятҳои ҷалби одамон барои истисмори шаҳвонӣ аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ, такроран, бо мақсади аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бурдани чунин ашхос ва сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ, ки боиси оқибатҳои вазнин гардидааст, содир кардааст...”

Матлуба Ҳабибуллоева, раиси суди шаҳри Хуҷанд ва масъули бозбинии ин парванда зимни қироати ҳукмнома гуфт, ки Баҳридин Умаров дар давоми ду соли охир ҷавонзанони тоҷикро бо ваъдаи ҷойи кор дар мағоза ба Дубай мефиристод ва он ҷо занони шарикаш шиносномаи ҷабрдидаҳоро гирифта, маҷбурӣ ба танфурушӣ водор мекарданд.

Ба гуфтаи судя, дар ин кор ҳамсари дуюми ӯ дар шаҳри Душанбе ба вай ёрӣ мерасонд. Онҳо барои омода намудани шиносномаи хориҷӣ ба ҷавонзанон ва ирсоли онҳо ба Аморати Муттаҳидаи Араб, пул мегирифтаанд. Ҳамин тавр, Умаров мутобиқи 3 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, “ҷалби одамон ба хотири истисмори шаҳвонӣ”, “дузанагӣ” ва “сӯиистифода аз мансаб” гунаҳкор эълон гардида, бо ҳукми суд барои 7,5 сол аз озоди маҳрум карда шуд. Маҳкумшуда баъд аз эълони ҳукми суд иброз дошт, ки бо он комилан розист, шикояте надорад ва дархост дорад, ки ҳукм аз ҳамин рӯзи эълон ба иҷро дарояд. Дар ҳамин ҳол, Мавҷуда Умарова, модари Баҳриддин Умаров, пас аз анҷоми мурофиа ба "Озодӣ" гуфтааст, ки эҳтимол, писараш аз ҳабси пешакиву мурофиа ва дастгирие надидан аз ҷониби ҳамкорони собиқаш, хаставу дилшикаста шуда, чунин иқдом кард. Ба қавли ӯ, писараш бо раҳнамоии бархе раҳбарони собиқаш ба дарёфт ва дастгир намудани занҳои танфурӯш машғул буд, ки аз вай хоҳиш мекарданд онҳоро барои фоҳишагӣ ба Дубай сафарбар намоянд: “Аммо вай қурбонии тӯҳмат шуд ва аз он ки он супоришҳо забонӣ буданд, натавонист дар додгоҳ инро ба исбот расонад", - гуфт Мавҷуда Умарова.

Маврид ба ёдоварист, ки боздошти милитсионери номбурда моҳи декабри соли 2012 ба думболи шикояти С.Э. (дар ҳукми суд ва хабари расонаҳо номи пурраи шоҳидону ҷабрдидагон вуҷуд дорад, аммо бо такя ба бархе аз нукоти қонуни марбута, мо аз овардани исми комили онҳо худдорӣ кардем,- муаллиф) ном як ҷавонзан, ки дар Дубай мавриди истимори шаҳвонӣ қарор гирифта буд ва аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳри Душанбе, замони гусели ду ҷавонзани суғдӣ ба Дубай, сурат гирифта буд. Бону С.Э. бо кӯмаки намояндагии Тоҷикистон аз асорати шаҳвонӣ раҳо ёфта, ба Хуҷанд баргаштааст. Ба гуфтаи судя шарикони Умаров дар Дубай бо номҳои мустаор ба ҷавонзанони тоҷик раводид гирифта, онҳоро пешвоз ва бо ҷойи хоб таъмин, баъдан ба танфурӯшӣ маҷбур мекунанд.

Зимнан, пас аз эълони ҳукм Дадоҷон Мирбафоев - адвокати маҳкумшуда ба хабарнигорон гуфт, ки зерҳимояаш ҳукми судро қабул дорад ва тасмими шикоят бурдан ба зинаи болоии судиро надорад. Шояд ба назар чунин намояд, ки тафсилоти ин парванда ба хариду фурши ноболиғон ҳеч рабте надорад. Аммо мутаасифона ин тавр нест. Дар ҳукми судӣ сархате мавҷуд аст, ки муҷрим дар сар ҳавои ҷалби як ноболиғро ба истисмори шаҳвонӣ дар хориҷи кишвар доштааст.

“...Умаров.Б. бо мақсади ҷалб намудан барои истисмори шаҳвонӣ хоҳари хурдии С.Э., ноболиғ Т.Э.-ро ба воситаи хоҳаронаш бо ваъдаҳои бардурӯғ дар хусуси таъмин намудан бо ҷойи кори маошаш баланд барои ба хориҷа рафтан моил кунондааст. Бо розигии ноболиғ ӯ 24-уми августи соли 2012 аз ҳисоби худ ба филиали № 24-и Амонатбонк дар шаҳри Хуҷанд маблағи пулӣ ба миқдори 447,50 сомонӣ барои гирифтани шиносномаи хориҷӣ пардохт карда, ҳуҷҷатҳои ӯро бо воситаи хоҳаронаш ба Хадамоти шиносномадиҳии бақайдгирии РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд супоридааст. Вале Хадамоти мазкур бинобар ноболиғ будани Т.Э. бе розигии волидайнаш додани шиносномаи хориҷиро рад кардааст ”.

Муаммои нокушода

Барои шарҳи бештари ин масъала ва инъикоси арқоми воқеъӣ дар бахши мубориза алайҳи ҷиноёти марбут ба қочоқи инсон, дуруст ё нодуруст будани бархе аз омор чандин дафъа кӯшиш кардем, ки бо масъулин ва шахсони муттасаддии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ суҳбат кунем, аммо мутаассифона ба кадом ниҳоде, ки муроҷиат кардем, аз додани маълумоти расмӣ ё худдорӣ мекарданд ва ё қонунҳои ҷориро нишон медоданд. Таври мисол, баъди зангҳои паёпаи телефонӣ ва гуфтумонҳои беҳосил унвонии Прокуратураи генералии Тоҷикистон номаи расмӣ бо рамзи “Дархости журналистӣ” аз ҷониби гурӯҳи расонаҳои Озодагон дар таърихи 13-январи соли 2014 ирсол кардем. Суолҳои пешниҳодшуда, ки ҷавоб мехостанд инҳоянд:

1. Тайи як соли ахир чанд парвандаи марбут ба одамрабоӣ (қочоқи инсон, аз ҷумла кӯдакону ноболиғон) баррасӣ гардидааст ва агар парвандаҳо мавҷуд бошанд, мушаххасан дар бораи чандтои он маълумот диҳед.
2. Оё одамрабоӣ (ғайб задани кӯдакону ноболиғон) ба тиҷорати ғайриқонунии инсон ва узвҳои он иртибот дорад?
3. Дар кадом минтақаҳои кишвар ин гуна ҳодисаҳо бештар рух медиҳад ва чаро?
4. Пас аз бедарак шудани одамон чӣ чораҳо аз сӯйи мақомот барои ҷустуҷӯ ва пайдо кардани онҳо андешида мешавад?
5. Агар ҷиноят дар ин росто кушода шавад, муҷримро чӣ интизор аст?
6. Ҷомеа ва умуман аҳолиро аз ин хатар чӣ тавр метавон огоҳ кард?

Пас аз даҳ рӯзи тақвимӣ ва зангҳои бешумори телефонӣ чунин посухро аз Прокуратураи генералӣ дарёфт намудем, ки онро айнан меорем:

Ҷавоби прокуратураи генералӣ таҳти рақами 32/4 аз 22-01-2014
“Мӯҳтарам Хилватшоҳи Маҳмуд,
Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости журналистии Шуморо дар хусуси пешниҳод намудани иттилои дақиқ оид ба парвандаҳои баррасишудаи марбут ба хариду фурӯши одамон (одамрабоӣ, ғайб задани ноболиғону кӯдакон) мавриди баррасӣ қарор дод. Ба маълумотатон мерасонем, ки тибқи моддаи 5 Конститутсияи (Сарқонқни) Ҷумҳурии Тоҷикистон “ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.”

Дар моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон” муқаррар шудааст, ки “дастрасӣ ба маълумот дар бораи шахсияти ҷабрдидаи хариду фурӯши одамон дар хадамоти маълумотӣ ва фондҳои иттилоотию маълумотӣ бояд манъ карда шавад. Паҳн кардани маълумот дар бораи чораҳои амният ва махфияти иттилоот дар бораи ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон, ҳамчунин маълумоти тафтишоти пешакӣ ва маълумот дар бораи чораҳои бехатарие, ки нисбат ба иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ татбиқ карда мешаванд, мувофиқи қонқнгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъқиб карда мешавад. Шахсони мансабдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, инчунин кормандони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматие, ки дар фаъолияти мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон иштирок мекунанд, барои паҳн кардани иттилооти махфӣ дар бораи ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон ва барои нарасонидани ёрӣ ба ин гуна шахсон, ба ҷавобгарии муқарраранамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кашида мешаванд”. Аз ин лиҳоз, дар ин бобат наметавонем ба Шумо иттилои дақиқ пешниҳод намоем. Ба боқимонда суолҳое, ки гузоштаед, метавонед дар қонуни дар боло номбурда ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб пайдо намоед.

Бо эҳтиром, Сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ ва таблиғоти ҳуқуқӣ Додобоев А. С.”

Қонун ва ҳуқуқшинос чӣ мегӯянд?

Ҳарчанд дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” моддаи 23 (ҳуқуқ ба гирифтани маълумот) омадааст, ки Воситаҳои ахбори омма ҳуқуқи аз мақомоти давлатӣ, ташкилот ва шахсони мансабдори онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтани ахборро доранд. Мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо ба воситаҳои ахбори омма маълумоти зарурӣ дода, барои шинос шудан бо ҳуҷҷатҳо имконият фароҳам меоранд.

Инчунин, бо ишора ба мӯҳлати ироаи посух дар қисми 3-и қонуни мазкур навишта шудааст: “Мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо вазифадоранд, ки ба воситаҳои ахбори омма маълумоти расмии зарурӣ ва ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии онҳо, ки омӯзиши иловагиро талаб намекунанд, дар мӯҳлати то се рӯзи кории баъди муроҷиат ё нашр (пахш) гардидани маводи дахлдор, ҷавоб диҳанд. Аз ҷониби мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо иттилооти таъҷилӣ, ки аҳамияти ҷамъиятӣ дошта, ба номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ ва дигар маълумоте, ки бо қонун ҳифз карда мешавад, дохил нест ва омӯзиши иловагиро талаб наменамояд, бе таъхир пешниҳод карда мешавад."

Азбаски рисолати журналист танҳо инъикоси холисонаи ҳаводису иттилоърасонӣ ба ҷомеъа аст, зарур донистем ба ҳуқуқшинос дар бораи паҳлӯи ҳуқуқии посухи расмии Прокуратураи генералӣ муроҷиат намоем.

Абдуқаюм Юсуфов, ҳуқуқдони тоҷик мегӯяд, ҷавоби мазкур як навъ аз худ сокит кардан асту бас. “Мебоист эшон танҳо дар асоси маълумоти оморӣ ба саволҳои 1 ва 3 ҷавоб медоданд. Ба пурсишҳои дуюм ва шашум бошад, назари хешро ҳамчун роҳбари Раёсат мегуфтанд. Ба саволи 4-ум маълумоти расмиеро, ки барои кушодани гиреҳи ҷиноят зарур аст, ироа медошт ”.

Ҳамчунин ин ҳуқуқшинос илова кард, ки дар посух ба саволи 5-ум агар иқтибос аз Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда мешуд, ҳеч мушкиле надошт.

Омор, фарзия ва парвандаи Араловаҳо

Ба қавли коршиносон, айни ҳол дар баробари терроризм, экстемизми динӣ ва ҷиноятҳои кибернетикӣ хариду фурӯши одамон низ ба яке аз мушкилтарин проблемаи ҷаҳони муосир табдил ёфтааст. Муқовимат бар зидди ин падидаҳои номатлуб яке аз масъалаҳои муҳим ва зарурӣ, пеш аз ҳама ба зиммаи Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури дохилӣ дар соли 2013 дар маҷмӯъ нисбати 614 нафар гумшудаҳо кофтукоб эълон шудааст. Аксари ин афрод аллакай ёфт шуда, алъон қисми ками боқимондаи эшон ҷустуҷӯ мешаванд. Ба қавли манбаъ, омилҳои “ғайбзанӣ” ё худ “бедаракшавӣ” мухталифанд, аз ҷумла ҷанҷоли оилавӣ, мушкилоти рӯзгор, нофаҳмӣ миёни аъзои хонавода, мубатлои касали рӯҳӣ будани чанде аз онҳо. Сарчашмаи хабар мегӯяд, ки “аз ин ҳисоб 232 нафарашон ноболиғон буда, 227 каси онҳо дарёфт шудаанд, 5 нафари дигар ҳанӯз дар кофтукоби мақомот қарор доранд”.
Як манбаъ дар Раёсати мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккили ВКД, ки нахост номаш ифшо шавад, иттилоъ дод, ки дар соли 2013 - 17 ҳолати хариду фурӯши одамон (бедарак шудан, қочоқ) ба қайд расидааст, аз ин 10-тоаш нисбати ноболиғон мебошад.

Ба гуфти ӯ, аз ин теъдод 9- тои он кушода шуда, фақат як парванда, он ҳам марбути Мадина ва Сабина Араловаҳо нокушода боқӣ мемонад.
Ин қазия дар ВАО ва ҷомеа сару садои зиёдеро ба бор овард. Ёдрас мешавем, ки аз гум шудани ин ду ноболиғ дар шаҳри Душанбе ҳудуди даҳ моҳу чанд рӯз сипарӣ гардид, аммо кӯшиши пайдо кардани онҳо аз сӯйи мақомот ҳанӯз ҳам бенатиҷа аст. Малика Аралова, соли таваллудаш 2007 ва Сабина Аралова, соли таваллудаш 2008, шоми 25-уми марти соли 2013, тақрибан, соати 16-00 аз хона барои бозӣ берун рафта, бедарак гум шуданд.

Абдураҳмон Бузмаков, муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар нишасти ахири матбуотии ВКД, ки рӯзи 27-уми январи соли 2014 баргузор шуд, дар ҳузури хабарнигорон гуфт, дар як соли ахир дар қаламрави Тоҷикистон 614 ҳодисаи ғайб задан ва ё худ бедарак шудани шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст. Аммо ин масъули баландпояи вазорати умури дохила аз ироаи бештари ҷузъиёти “бедаракшудагон” ва омилҳои он худдорӣ карда, танҳо бо ишораи кӯтоҳе дар мавриди гум шудани ду кӯдаки хурдсол - Аралова Малика Тимуровна ва Аралова Сабина Улуғбековна гуфт, ки тафтишот фарзияҳое дар ин маврид дар даст дорад ва сари он фаъолият бурда истодаанд.

“Чун сирри тафтишот аст, ба ин далел фарзияҳоро номбар намекунем, аммо гуфта наметавонем, ки имрӯз ё пагоҳ ва ё дар муддати як ҳафта ҷиноят ошкор хоҳад шуд. Чун тафтишот идома дорад", - гуфт Бузмаков.

Ин дар ҳолест, ки Ҷумъахон Каримов, муовини сардори шӯъбаи мубориза алайҳи хариду фурӯши одамони Раёсати мубориза муқобили ҷиноятҳои мутташакили ВКД ҳанӯз моҳи апрели соли 2013 иброз дошта буд, ки дар бораи далели гум шудани Араловаҳо парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст. “Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе имрӯзи 10-уми апрел (соли 2013,-муаллиф) парвандаи ҷинои тибқи моддаи 130 (одамрабоӣ) оғоз карда, тафтишоти пешакӣ идома дорад”.

Ҷаноби Каримов афзуд, ки “мо маълумоти фаврӣ дар ин маврид дорем , мутмаинем, ки рӯзҳои наздик ин ҷиноят кушода мешавад. Ин ду духтарча барои харидани ширинӣ аз ҳавлии бинои истиқоматӣ дуртар рафтаанд ва ҳаракати онҳоро дурбини назоратӣ сабт кардааст. Бар пояи яке аз фарзияҳо гуфтан мумкин аст, ки онҳоро касе рабуда ба мошин савор намуда, ба ҷойи номаълум бурдааст”. Бо фармони вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов 11-уми апрели соли 2013 гурӯҳи махсуси тафтишотӣ таҳти назорати вазири корҳои дохилӣ таъсис ёфта, барои иттилоъ дар бораи духтарчаҳо ба мақомот мукофотпулӣ эълон карда шуд, аммо ҳанӯз ҳам натиҷае нест. Инчунин, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо пахши як изҳорот хабар дода буд, ки шахс ё шахсоне, ки ноболиғон - Малика ва Сабина Араловаҳоро ихтиёран ба соҳибон ё мақомот баргардонад, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешаванд.

Президенту шаҳрдор низ нигаронанд

Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар зимни ироаи Паём ба парлумон дар охири моҳи апрели соли гузашта аз бесарубон гузоштани ду кӯдак изҳори нигаронӣ намуда, аз сохторҳои қудратии кишвар даъват кард, то барои пайдо намудани онҳо чораҳои зарурӣ андешанд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе низ, аз нопадид шудани ду духтари хурдсол - Сабина ва Малика, ки ҳарду аз як хонаводаанд, изҳори таассуф карда, бо нигаронӣ аз масъулияти падару модарон дар тарбияи фарзанд, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастур дод, ки “бо истифода аз тамоми имконот корҳои ҷустуҷӯиро барои дарёфти онҳо равона кунанд”.

Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, 13-уми апрели 2013 пешниҳоди сафири ИМА-ро оид ба кӯмаки Бюрои федеролии тафтишотӣ (ФБР) барои пайдо намудани Малика ва Сабина қабул карда, барои омадани як ҳайати корӣ розигӣ дода буд, вале маълум гардид, ки талошҳои гурӯҳи кории ФБР ҳам бенатиҷа боқӣ монданд.

Давлат Назаров, муовини сардори Хадамоти ҳуқуқвайронкунӣ миёни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати умури дохилӣ пас аз чанд рӯзи ҳодисаи гум шудани ноболиғон дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, феълан онҳо маълумот дар бораи Малика ва Сабинаро ба намояндагиҳои пулиси байналмилалӣ ба 190 кишвари дунё фиристодаанд. Ӯ изҳори ташвиш кард, ки бо вуҷуди талошҳои пайваста то имрӯз дар мавриди Малика ва Сабина ҳеч иттилои мусбат дастрас накардаанд. Тавре маълум мешавад, то ҳол ин “асрор” нокушода боқӣ мемонад.

Охирин умеди ин умедворон

Чанде қабл, аниқтараш аввали моҳи январи соли равон бо Улуғбек Аралов, падари яке аз кӯдакони гумшуда (падари Малика) сӯҳбати кӯтоҳе анҷом додем. Дар аввал аз вазъи рӯҳии ӯву хонаводаи эшон суол кардем ва баъд сари мақсад омадем.

- Барои дарёфти фарзанди Шумо мақомот чӣ корҳоеро анҷом дод?
- Рости гап мақомот корҳои зиёде карданд дар ин самт, лекин ба мо ҷавоби аниқ надодаанд то ҳол. Тариқи телефон ва рӯзе мешавад ду бор омода, ба мо сӯҳбат мекунанд.
-Ба назари Шумо ғайб задани фарзандатон чӣ сирре дорад, манзур ӯро дуздидаанд, ё чизи дигар?
-Рости гап, ҳоло ягон натиҷае нест, ки мо дар ин бора гап занем, барои ҳамин чизе гуфта наметавонам.
- Ба ҳар сурат ба пайдо шудани фарзандатон бовар доред?
-Бале, умедворем, ки рӯзе пайдо мешаванд.
- То ба имрӯз зангҳои телефонӣ бо Шумо аз пайдо шудани фарзандонатон буд?
-Не, то имрӯз ба мо занги телефоние дар хусуси пайдо шуданашон нашудааст , лекин шаҳрвандон бисёр занг зада мепурсанд, ки ёфтед, наёфтед, чӣ кор кардед...
-Охирон маротиба мақомот дар мавриди пайдо кардани фарзандатон бо Шумо кай мулоқот намуданду чӣ далели нав доштанд?
-Дирӯз омада вохӯрда буданд, намедонам аз прокуратураи шаҳри Душанбе буданд, ё аз ҷои дигар, лекин омада буданд...

Овозаҳои бепоя

Хушбахтона, тайи як соли ахир (солҳои қаблӣ низ) дар Тоҷикистон ягон далели хариду фурӯши узвҳои инсон ба қайд нарасидааст ва сару садои қаблан миёни аҳолӣ ба вуҷуд омада, ҳақиқат надорад. Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид мекунад, ки то ба имрӯз дар ҳудуди Тоҷикистон ҳодисаи гирифтани дилу гурда ё ягон узви дигари инсон рух надодааст ва аз ҷомеаи Тоҷикистон даъват менамояд, ки ба ин гуна овозаҳо дода нашаванд ва ҳамкории худро бо мақомот тақвият диҳанд. Ба ҳар сурат, ин мушкилот (бедарак шудан, ғайб задан ва нопадид шудани одамон) ҷой дорад. Агар каме ба омори расмӣ таваҷҷӯҳ намоем, маълум мегардад, ки дар кишвар ба ҳисоби миёна ҳар рӯз тақрибан як ё ду нафар бедарак мешаванд. Тибқи маълумоти расмӣ шурӯъ аз аввали соли 2013 беш аз 600 нафар дар қаламрави ҷумҳурӣ гум шудаанд ва ин рўйхат мансуби онҳое мебошад, ки наздиконашон барои ҷустуҷӯ ва пайдо карданашон ба мақомоти умури дохилӣ муроҷиат кардаанд.

Бояд гуфт, ки бозтобу таҳқиқи ин масъала дар матбуот кам ба назар мерасад ва ё умуман вуҷуд надорад. Дар матбуоти давлатӣ ва наздик ба доираҳои он бошад умуман дар ин бора чизе наменависанд, ки ин ҳам як мушкили дигари ВАО ва ҷомеа маҳсуб мегардад.


Мавод дар доираи лоиҳаи SCOOP омода ва нашр шудааст.
Мӯҳр
Вокеан хам мактуби Прокуратураи Генерали маро мотумахтут кард. Наход то ба хамин дарача сардори раёсати Прокуратураи генерали мактуб нависад. Просто ёлки палки.... Бояд айб бошад, ки макомоти назоратии волоияти конун дар кишвар хатто аз шархи хама суолхо худдори ва саркаши кунад. Ин дар холате аст, ки журналист барои маълумот дар бораи парвандахо ва дигар маълумотхо мурочиат кардаасту корманди Прокуратура онро махфи гуфтааст. О журналист напурсидааст, ки дар бораи онхое ки мавриди тачовуз ва ё хариду фуруш каоро гирифтаанд дар бораи шахсияти онхо маълумот дихед.
Дар точикистон Журналистика сохта шояд ки нашавад. Барои оне, ки журналистони мо бакувват бошанд ва навиштахояшон хонданибоб бошад, пештар аз хама ичроиши конуниро дар бораи Мас медиа талаб крадан даркор аст. Бечора конунхое ки кафолати озодии журналистонро медихад русиёхкунандаи когаз боки мондаасту халос.
На телевизионеи тамошобоб дорем, на газетаи хонданбоб дорем на журнале ки тавонем аз он ягон гизои хубе гирем ин чи гуна чомеаи шахрванди бошад?
Асосан хариду фуруши одамоннро хамонхое мкунанд, ки аз шунидани номашон гушонатро бо ду ангуштат мехкам мекуни. Барои мисол як руз дар Тайёра ба Дехли сафар доштем, рости тайёра хамаги 18-20 мусофир дошт. Дар он чо 4 духтареро дидам, ки аз нигохашон эхсос мекардам, ки дар вучудашон тарс аст. Бо онхо сухбат кардан гирифтам, ки чи гуфтанашонро намедонистанду ба кучо рафтанашонро низ. Ногох як марде аз акиби тайёра ки ба монанди гусфанд хоб буд бархоста ба наздамон омада моро тахдид кардан гирифт. Вакте ки мо дар телефони мобилиямон духтаронро сатб мекардем, у телефони моро зада гирифтани шуд,к и тираш хок хурд. Ва моро ба акиби тайёра даъват карда ба ману рафикам ду купюри 50 доллара пешниход кард, ки онро гирифта сабти телефонро кур кунем. Чун бе гирифтани пул ва рози шудан ба кур кардани видео аз телефонхоямон мо бо у сухбати ошкоро намудему у раками телефонхои моро гирифт ва ваъда дод, ки пас аз расо як мо ба Душанбе омада ду хонумро аз миёни 4-нафар ба ихтиёрамон мегузораду ташкилияшро низ мекунад. Зеро онхоро тарики Хиндустон ба дубай интикол дода истодааст. Ва ба мо нимшухиву нимчидди ва пурра тахдидомез гуфт, ки дар ин масъала дар ягон чо дахон накушоед, ки моро аз боло кришоват мекунанд.
Ана тахкикоти хубтаре мушуд, ки кришаи дар болобуда кихоянд?
Мухтарам журналист, ба умеди мактуби Прокуратура нишастан даркор нест. Зеро онхо хокимияти воломаком мепиндоранд худрову мардум барояшон дуввуминдарача метобад. Хол он ки назорати волоият ва таъминиу назорати конун барои осоиштагии мардумон бояд бошад, на боиси ифтихори табакае аз шахрвандон......

шухратхон
Наход то хол бахонаи чанги шахрванди бошад? Хандаат меояд аз чунин навиштачот!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)