Бахшҳо
15 фев 2014 11:52Тоҷикистон / Акс / Видео

АКСУ ВИДЕО: Эътирози шаҳрвандон дар назди Додситонии кул

Ҳумайрои БАХТИЁР

Даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон имрӯз, 15-уми феврал аз иҷро нашудани дастури раисиҷумҳур дар бораи қабули шаҳрвандон аз ҷониби Шерхон Салимзода, додситони кулли кишвар дар назди бинои додситонӣ дар Душанбе эътироз намуданд.

Норозиён, ки аз навоҳии Тоҷикистон барои қабули масъулини додситонии кулл омадаанд, аз он шикоят доштанд, ки масъулини ин ниҳод дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро дар бораи қабули шаҳрвандон сарфи назар мекунанд. Бархе аз онҳо гуфтанд, моҳҳо боз ҳар рӯзи шанбе аз роҳи дур барои мулоқот бо Шерхон Салимзода ё муовинонаш меоянд, аммо бо баҳонаҳои гуногуни мақомот ба ин мулоқот ноил намешаванд.

Раҳимова Лутфия, корафтода аз деҳаи Даштиҷуми ноҳияи Шӯрообод, ки соҳиби чор фарзанд аст, ба “Озодагон” гуфт, ахиран аз Русия занг заданд, ки шавҳарам дар Русия зиндонӣ аст: “Мехоҳам шавҳари маро ба Тоҷикистон интиқол диҳанд ва барои ин имзои додситонӣ лозим аст. Чанд моҳи охир мебиём, аммо маро қабул намекунанд.”

Норхон Кабиров, сокини ноҳияи Ёвон мегӯяд, ҳар моҳ рӯзи шанбе ба назди Додситонии кул меояд, аммо барои мулоқот бо ӯ ноил нашудааст: “Масалан, имрӯз аз соати 8:00 дар назди бинои додситонии кул қарор дорам. Аввал як нафар баромада гуфт, ки моро қабул мекунанд, аммо баъдтар Самиев, як масъули додситонӣ баромад ва гуфт, ки касеро қабул намекунанд.”

Аммо Ҷунайдулло Ниёзов, масъули раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандон дар шарҳи қазия ба хабарнигорон гуфт, “аз соати 7:00 то соати 9:00 мо мунтазир будем, то ба қайд гирем, аммо касе набуд. Ҳамаи инҳо дер омаданд. Мо наметавонем, бе қайд ҳамаи онҳоро барои қабул вориди додситонӣ кунем.”

Ин дар ҳолест, ки ҷамъомадагон таъкид намуданд, ки бархеяшон аз соати 7:00-и субҳ боз дар назди дарвозаи бинои додситонии кул мунтазири масъулин истодаанд. Ба гуфтаи онҳо то соати 10:30 касе онҳоро суроғ накардааст ва масъулини додситонӣ танҳо баъди он, ки хабарнигоронро диданд, ба берун назди корафтодагон баромаданд.

Мӯҳр
Курбон
Ин макомот бояд барои волоияти конун назорат барад. Дар хакикат Чаноби Оли танхо аст. Супоришро медихад касе ичро намекунад. Агар Додситони кул чунин бошад, вой бар холи миллат. Аз наворхо маълум аст, ки хак бар чониби кист.

Тибки конуни Чумхурии Точикистон "дар бораи мурочиати шахрвандон" дар вакте, ки аз тарафи масъулини сохтори давлати талаботи конуни мазкур ичро намешавад, чазо то махруми аз озоди мебошад. Агар, ки ичрои конун аз тарафи Ваколатдори таъмини ичрои конунхо амали нашавад вой бар холи дигар санадхои меъёри хукуки. То таъмини ичрои Консутитутсияро ба ичрои зарури намонем, бетарафии шахрвандонро гум накунонем, поколении хозирая пеш рафтанаш кахин мебошад.

я
Инхо баъзе вакт аз ёдашон мебуроран,ки дар Точикистон зинда мекунанд.
Барои перевод пули калон лозим.

номдорр
Чаноб супориш мета аммо ин мардон оши нахор манда кабули шахрвандонда мешинан додситони кул .......... бо чан корманди бегунохро аз вазифа мегира

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)