Бахшҳо

ҲНИТ: Мо Баҳриддинро ба Сурия нафиристодаем

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо пахши изҳороте сафарбар шудани аъзои ин ҳизб ба нооромиҳои Сурияро рад карда, намоиши барномаи шабакаи телевизионии “Ҷаҳоннамо”-ро ғаразнок ва дур аз ҳақиқат хондааст.

Масъулини ҲНИТ дар ин изҳорот, ки зуҳри 15 феврал дар торнамои расмии ҳизб ба табъ расид, гуфтаанд, ҳар чанд Муъминов Баҳриддин-и 25-сола, ки ба иттиҳоми ҷанг алайҳи ҳукумати Башор Асад дар Сурия маҳкум ба зиндон шудааст, наҳзатӣ мебошад, вале ӯ ҳаргиз ба қасди шомил шудан ба ҳаракатҳои ифротию террористӣ аз кишвар берун нарафтааст.

Инчунин таъкид шудааст, ки ҲНИТ ҳеч гоҳ аъзои худро барои иштирок дар нооромиҳи Сурия ё ба хотири таҳсил ба хориҷ аз кишвар нафиристодааст. Аз сӯи дигар ба гуфтаи онҳо, ҳеч ҳизби сиёсие ҳақ надорад, ба сафари аъзои худ ба кишварҳои хориҷ дахолат кунад, чун маҳдудкунии ҳаққи комили шаҳрванд дониста мешавад.

ҲНИТ мегӯяд, ғаразнок будани ин барномаи шабакаи телевизиони “Ҷаҳоннамо” аз он маълум аст, ки Муъминов моҳи қабл маҳкум ба зиндон шудаасту ин навор ҳоло ба намоиш гузошта шудааст: “Дар мурофиъаи додгоҳӣ дар бораи узвияти номбурда дар ҲНИТ ишорае ҷой надошт. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки пас чаро имрӯз навореро бо гуфтори ғаразомез таҳия карда, пахш месозанд? ”

Шабакаи телевизиони “Ҷаҳоннамо” шоми 14 феврали соли ҷорӣ бо намоиши барномае аз боздошт ва зиндонӣ шудани Баҳриддин Муъминов, узви ҲНИТ ба иттиҳоми ҷанг алайҳи Башшор Асад хабар дода буд. Дар ин навор такя ба иттилои Кумитаи амнияти миллӣ гуфта мешуд, ки соли 2010 Баҳриддин Муъминов дар 21- солагӣ бо мақсади гирифтани таълимоти ғайрирасмии динӣ, ба Сурия сафар намудааст: “Баҳриддин Муъминов ва якчанд ҳаммаслакони ӯ аз ҳисоби шаҳрвандони тоҷикистонии машғули таҳсил дар Донишгоҳи «Маъҳат дували-ул-улуми араби»-и Сурия моҳҳои октябр-ноябри соли 2011 ва феврали соли 2012 дар ҳайати созмони террористии «Ҷабҳат-ун-Нусра» дар муҳорибаҳои ҷангӣ зидди нерӯҳои мусаллаҳи ҳукуматии Сурия фаъолона иштирок намуданд.
Мӯҳр
ЧАССУР
БОВАР КУНЕД ШУМОРО ФАХМИДАН МУШКИЛ ШУДААСТ ХН.Т. ПЕШ ЗА ХУКМИ ДОДГОХ БОШАД ЛОФ МЕЗАНЕД КИ ГУНОХРО ДОДГОХ МУАЙЯН МЕКУНАД. БАД АЗ ХУКМИ ДОДГОХ БОШАД ДЕР НИШОН ДОДАН НАВОРРО МЕГУЕД. ВАКТЕ БА САФАТОН ЧАВОНОНРО ДОХИЛ МЕКУНЕД БА ОНХО ТАРБИЯИ ДУРУСТ ДИХЕД КИ БА ЧУНИНКОРХО НОДУРУСТ ДАСТ НАЗАНАНД. АЗ ХАМА БЕХТАР БАРОИ ШУМО ОН АСТ КИ 5-6 НАФАР ИФРОТИЕ КИ ДАР ХИЗБАТОН СУХАНХОИ АВВАЛРО ОНХОО МЕЗАНАНД ХОРИЧ КУНЕД НОМИ ХИЗБАТОН БАЛАНД МЕШАВАД НАБОШАД БЕХТАРАШ КАЛИМАИ ИСЛОМРО АЗ НОМИ ХИЗБАТОН ГИРЕД....

Хр
ХНИТ причемай ича чидаркор хамика гапои дуруг!!!

Зафар Курбонов
Ман вакили дифоъи ин се нафара будам. Дар ягончои ин парвандаи чинояти ин се нафара Муъминов Бахриддин, Ашуров Сабриддин ва гайра, ки охирин Муминов Б. аъзои ХНИТ будааст, ягон мавриди аз тарафи ХНИТ ирсол гардидани ин нафар дар ягончои парванда кайд нагардида буд. ин хама нодуруст аст. ХНИТ кор ба кори шахсии аъзоён ва инчунин Хукумат ва ё хар хизби сиёси кор ба кори шахсии аъзоёни худ надорад. Ин хама чиноятхо сар мезананд аз тарафи мансабдорон, оё мумкин аст ки хамаи онро ба ХХДТ танкил намоем?

Сомон
ХНИТ дар ин холатхо дилхох аъзояша "кидат" мекунад, то ки "шкура"-и худаша "спасать" кунад...

САЛОМ ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ МО БОЯД НАЗАР КУНЕМ ДАР ИН ҚАЗИЯ Ё ДАР ҚАЗИЯҲОИ ГУЗАШТА ВА УМУМАН БА ТАРИХИ ИН ҲИЗБ Ё ДИГАР ҲИЗБҲОЕ ,КИ АЗ НОМИ ИСЛОМ Ё ТАКЯ БА НОМИ ИСЛОМ ТАСИС ЁФТААСТ ЧИ ГУНА ҶАВОНОНИ БО ИСТЕЪДОДРО ПОДОШТИ ИН МУАСИСАҲОИ СИЁСИЯШОН НАМУДААНД. МАН СУОЛ МЕКУНАМ БА ҲАММАИ ДОНИШМАНДОН ВА ХОНАНДАГОН ВА АЪЗОЁНИ ИН ҲИЗБ ,ОЁ ОЁ ОЁ ҲАМИН ҲИЗБЕ ,КИ ШУМО ТААСИС ДОДАЕД ДАР ДОХИЛИ ИН ҲИЗБ ИСЛОМ Ё ДАСТУРИ ИСЛОМ ТАТБИҚ ШУДААСТ ??? КАНИ ДОНИШМАНДЕ ПАЙДО МЕШАВАД ,КИ БА ХОНАНДАГОНИ МУҲТАРАМ ҲУВИЯТИ ИН ҲИЗБРО АЗ НИИГОҲИ ИСЛОМЕ,КИ ПОКАСТ ВА БЕЗОРАСТ АЗ ИН ГУНА ҲИЗБҲО МУЪАЯАН НАМОЯД. БОВАР КУНЕД ДАР ДОХИЛИ ИН ҲИЗБ КАСОНЕ ФАЪОЛЯТ МЕКУНАНД КИ НАФРАТАТ МЕОЯД АГАР РАФТОРИ ОНҲОРО МУШОҲИДА НАМОИ . БАЛЕ АЗ ХАТОҲОИ ИНСОНИ ҲАРФ НАМЕЗАНЕМ ИНСОН ХАТО КОРАСТ ВАЛЕ КОРҲОЕ ,КИ БАЪЗЕИ ОНҲО АНҶОМ МЕДИҲАНД ДАЛОЛАТ БАР ОН МЕКУНАД ,КИ ИН АШХОС ДИНИ ИСЛОМРО ҲАМЧУН РУДГОҲ (КУПРУК) ИСТИФОДА МЕБАРАНД .МУСИБАТИ ДИГАРАШ ИНАСТ КИ ИН ҲИЗБ ДАР ХОРИҶИ КИШВАР АЪЗО ВА ПАЙРАВОНИ БИСЁР ТОРИК ФИКР ДОРАД .ИН БАРОИ САРЗАМИНИ МО ЯК ХАТАРАСТ .БАРОДАР ҶАСУР БИЁР ХУБ ФАРМУД ,КИ БОЯД ИН ҲИЗ ВАЗИФАИ АСЛИИ ХУДРО ИҶРО КУНАД ВАЗИФААШ ТАРБИЯ ВА ТАЪЛИМ ДОДАНИ ШИЪОРҲОИ ИСЛОМ МЕБОШАД ,НА ТАМАЪИ КУРСИИ ҲУКМЕ ,КИ БА ИН НОМ МУНОСИБ НЕСТ ВА НАХОҲАД БУД .

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Феврал 2023    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)