Бахшҳо

"Ҳафта"-и Қаюмзод баъд аз нашри шумораи нахустинаш баста шуд

Фаъолияти нашрияи “Ҳафта”, ки муҳарририи онро Абдуқаюми Қаюмзод, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик, бар дӯш дошт, баъд аз нашри шумораи нахустинаш манъ карда шуд.

Қаюмзод рӯзи 17 феврал дар суҳбат бо “Озодагон” ин хабарро таъйид карда, гуфт, шаҳодатномаи нашрияи тозатаъсис аз сӯи Вазорати фарҳанги кишвар аз 14 феврал ба ин сӯ бекор карда шудааст. Ба қавли ӯ, масъулини Вазорати фарҳанг гуфтаанд, азбаски “Ҳафта” дар асоси рӯзномаи “Овоза ва Ҳақиқат”, ки нашрияи фарҳангӣ ва рекламавӣ маҳсуб мешуд, таъсис ёфтааст, ҳаққи табъи маводҳои сиёсию ҷамъяитиро надошт. “Вазорати фарҳанги Тоҷикистон баъди дарёфти иттилоъ аз сомонаҳои “Озодагон” ва “Азия-Плюс” доир ба интишори шумораи нахустини нашрияи “Ҳафта”, ки қаблан “Овоза ва ҳақиқат” ном дошт... ҳуҷҷатҳои таъсисии онро мавриди таҳлили қарор дода, муайян намуд, ки рӯзнома бар хилофи ҳадафи оинномавиаш, ки нашрияи фарҳангию рекламавӣ мебошад, чоп гарддидааст”,-омадааст дар нома.

Муҳаррири нашрияи “Ҳафта” ин иқдоми Вазорати фарҳангро сирф сиёсӣ ва беинсофӣ хонда, мегӯяд, масъулини вазорат метавонистанд, дар аввал бо додани огоҳӣ ин хатои онҳоро ислоҳ кунанд. Шумораи нахустини нашрияи нави “Ҳафта” рӯзи 15 январи соли ҷорӣ аз чоп баромада буд. Ин ҳафтанома дар гузашта бо номи “Овоза ва Ҳақиқат” ба табъ расида, моҳи октябри соли 2013 дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон тағйири ном ва дубора фаъолияти худро бо номи “Ҳафта” аз сар гирифт.

Дар нахустин шумораи он мусоҳибаи Абдуқаюми Қаюмзод, рӯзноманигори шинохта бо Муъмин Қаноат, шоири халқии Тоҷикистон, бо номи “Метарсам, таркиш нашавад” чоп шуда буд, ки баъдан боиси баҳсҳои зиёд ва ҳатто интиқоди Муъмин Қаноат дар баъзе аз расонаҳои давлатӣ шуд. Соҳибназарон тоҷик бо таваҷҷуҳ ба ин масъала мегӯянд, сабаби аслии баста шудани нашрияи “Ҳафта” маҳз ҳамин нашри мусоҳибаи Абдуқаюми Қаюмзод бо шоири халқии Тоҷикистон мебошад, ки дар он аз вази кунунии кишвар нигаронӣ ва аз мақомот шадидан интиқод шудааст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Сайф
Хукуматдорон боз шарм надошта, дар бораи озодии сухан, демократия ва мустакил будани ВАО , харф мезананд.

Andalus
Ҳукумати феодалӣ аз озодии баён ва плюрализми сиёсӣ сахт дар ҳарос аст. Зулм бақо надорад. Ин шеваи кори душманони миллати тоҷик аст ва бо чунин усул давлатро дар арсаи байналмилалӣ бадном мекунанд то ин ки дар байни миллат ихтилофу бадбини ҳамеша ҳукмфармо бошад ва эшон тавонанд курсиҳои худро ҳифз кунанд ва тоҷики бечора ғулому дарбадару бекор боқӣ бимонад.

Andalus,
хеле бахои хакро доди!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)