Бахшҳо

АКС: Ҳамлаи гуруҳии қирғизҳо ба сокини Ворух ва “чашмпӯшӣ”-и мақомот

Шаби 15 ба 16-уми феврал, як гуруҳи чорнафараи ҷавонони қирғиз дар ҳолати мастӣ бо сангҳо ба Мулломасъуд Бобоев, сокини ҷамоати Ворух ҳамла карда, тирезаи мошинашро шикастаанд.

Тибқи иттилои манбаи “Озодагон” ҳамла ба Бобоев дар ҳоле сурат гирифтааст, ки ӯ тақрибан соати 23:00 бо мошинаш “Опел Зефира” аз Исфара ба самти Ворух ҳаракат мекардааст. Манбаи мо аз қавли Бобоев гуфт, “ҳангоми гузаштан аз назди қисми низомии Қапчигай, ки дар деҳаи Оқсой воқеъ аст, ҷавонони қирғиз бе ягон сабаб ба сӯи мошини сокини Ворух бо сангҳо ҳамла карда, ба ӯ хисороти молӣ расондаанд. Як низомие, ки дар назди ин ҷавонон будааст, барои ҷилавгирӣ аз ин ҳамла ҳеч коре накардаст. Баъдан маълум шуд, ки низомии дар ҷойи ҳодиса ҳузурдошта, Мамадқулов М, муовини сардори қисми низомии Қапчигай будааст.”

Ба гуфтаи мақомот танҳо дар моҳи феврали соли равон ин аллакай ҳолати сеюми ҳамла ба шаҳрвандони Тоҷикистон аст, ки хисороти молӣ дар пай доштааст. Аммо ба гуфтаи манбаъ ба хотири муташанниҷ нашудани вазъ ҳамаи ин ҳолатҳо тариқи корӣ барои баррасӣ ба ҷониби Қирғизистон ирсол шудаанд.


АКС: Ҳамлаи гуруҳии қирғизҳо ба сокини Ворух ва “чашмпӯшӣ”-и мақомот

АКС: Ҳамлаи гуруҳии қирғизҳо ба сокини Ворух ва “чашмпӯшӣ”-и мақомот

АКС: Ҳамлаи гуруҳии қирғизҳо ба сокини Ворух ва “чашмпӯшӣ”-и мақомот
Мӯҳр
Сомон
То кая сабр мекарда бошем? А бача я чораша бинен охи. То кая иё мора лату куд мекунан мо хап мекунем.

Мо акси садои мақомоти Тоҷикистонро интизорем. Кани натиҷаи фаъолияти он гурӯҳи зудамали муштарак? Бовар кунед, аз ин гузаштҳои мақомоти мо ҳамсояҳо аз худ рафта истодаанд. Гузашти нобахшидании мо ин дар соли 2008 ба қирғизҳо ба муддати 49 сол ба иҷора додани замин барои сохтани 250 м роҳ ва ба ҳам пайваст намудани ноҳияҳои Бодкон ва Лайлаки Қирғизистон буд. Дигар дар мо ягон фишанг намонд. Солҳои 1964-1974 Ворухиён 800 га замини Меҳнатободро дастӣ, бо арақи ҷабин об бароварда обод карданд, боғ бунёд карданд. Соли 1974 қирғизҳо ба ин мавзеъ ҳуҷум карданд ва даъвои ҳудудӣ пешниҳод карданд. Мақомоти тоҷик ба ҷои тарафи тоҷиконро гирифтан раиси ҷамоати Ворух шодравон Фахриев Камолиддин, Роҳбари аввали Исфара шодравон Қурбонов Ортиқбойро аз кор гирифтанд ва 350 га замини азхудшударо ба қирғизҳо доданд.Қирғизҳо дар ин замин аули Оқсойро бунёд карданд, роҳи тоҷикон сохтагиро соҳибӣ карданд. Агар таваҷҷуҳ кунед давом медиҳам. Чунин ҳодиса баъд аз аз тарафи Иттиҳодияи "Тоҷикнафт" кашф шудани Кони нафту гази "Ниёзбек - Қарақчикуми шимолӣ" такрор шуда буд (давом дорад).

Вакте аз тарафи Исфара омада ба тангии оксой медароед дар дасти рост киргизхо ду магазини арак доранд ки баъди пешин киргизхо ба аракхури сар мекунанд ва ба гузаштани ворухихо монеъ мешаванд хатто бо кини ба мошинхо рох медиханд худо накунаду шабона бед мошинро сангсор мекунанд. Киргизхо аксаран руз дар холати масти карор доранд. Ва боз ин хама амалхои зишташонро ба гардани точик хавола мекунанд дар интернету мачаллаю тв-хошон ки гуё точикон онхоро азоб медода бошад

Ворухи
Инон забони гуфтугуро намедонанд, танхо зури ва зарби мушт онхоро дар доираи одами нигох медорад. Ин якинан фармоиши токон аст, ки ягона манфиатдор аз чанги сархади мебошад. Провокациясози дар сиёсати киргизхо як кори одди шудааст, ки бо хамин рох айбашонро рупуш карда айбро ба дигарон бор мекунанд...

Ягона рох бо узбакхо муомилаи хуб карда киргизхоро пурра игнорировать кардан аст.

Хонанда
Дуруст аст. Чунин ходисахоро бояд пулиси махалли барраси кунад. Барои тирезаи мошини Мулломасъуд бо Киргизистон чанг эълон кунем-ми?

saud
алимардон ай дастатон чи меояд хайфи ика рафту омадатон

88
Холо мебинед дар охир боз айбдор Ворухи мешавад. Макомоти Киргиз мегуяд : мошинашро дошта ба шахрвандони мо хучум кард.
эвойййййеее- ин чихел давлатдори бошад? хукуки шахрвандонашро мухофизат карда наметавонад???

ман фикр мекунамин ин ду давлати хамсархад бояд гурухои кори ташкил намуда чавононро ба рохи рости хидоят намоянд. Баъзе чавонон бисёр сабукфикр хастанд чунки агар садграм шаробро нушанд коме чизе гуяд дар хамон маврид ба гапи онхо амал мекунанд,ки дар он вакт на парвои падару модар дорад ва на парвои ватан. Шукрона бояд кар шукрона аз тинчии ватан кунанд, ки дар фазои осоишта зиндаги мекунанд. Давлатхои мо аз яктарф хасоя бошанд аз тарафи дигар хешу табор хастанд. Мо бояд чавонон акли солимамонро кор фармонем. Мо мебинем ба тарики ойнаи нилгун дар давлатхои дигар чи вокеахо рафта истодааст мардуми мусалмон сарсону саргардон дар дигар давлатохо машакату ранч дида истоданд. Барои хамин хохиш мекунам хушёриро аз даст надихед бо хам дуст бошед рафту омад кунед чавонони мухтарам!

Инсон
Ин макомоти мора факат зуруш ба ХНИТ мераса!!!

Ин 4нафар масти киргиз бо аъзои хнит ку набошад?

naxod ki ay hami kirgizoi nameshudani ham tarsem a? oxir 4idoran onho mo dar yak ruz hamaashro nest karda metavonem hamagi 5 million aholi dorado xalos digar 4idorad

саъди,
Эй Саъди ман шукрона намекунам ту кардан гир. калтака хурдаям шукрона ми? эй монеее гузаронди ку!

Бародар Точдор ! вакти шухи нест .



Воруххо кани номус ?

Аз хукуматдорони точикистон хохиш мекунем мардуми ворухро дасгири намоянд.Ин ходисахо бисёр рух медихад.

Ор
Модоме чониби мо ин кадар тарсу аст, пас набояд худро аз насли Сомони тарошид. Киргизе, ки хас аст, гапамон мезананд. Мурдан бех!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)