Бахшҳо

Мамитов: “Бо тоҷикон дар бораи мубодилаи замин сӯҳбат накардем”

Тоқон Мамитов, муовини сарвазири Қирғизистон, баррасӣ шудани масоили мубодилаи қаламрав миёни ҳайатҳои Бишкек ва Душанберо такзиб кардааст. Мамитов дар суҳбат бо расонаҳои кишвараш гуфтааст, чӣ гуна метавон дар бораи мубодилаи қаламрав суҳбат кард, дар ҳоле ки ҳоло хатти марзи ду кишвар муайян ва аломатгузорӣ нашудааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар мулоқоти рӯзи 14 феврал ҷонибҳо татбиқ гардидани протоколи №1 дар бораи берунории низомиён ва истифода накардани силоҳро баррасӣ карда, инчунин, ба тавофуқ расидаанд, ки дигар барои таҳдиди тарафҳо аз силоҳ кор намегиранд. Номбурда афзудааст, ҷонибҳо дар ин мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба оид ба тафтишоти тирпаронии 11 январи соли ҷорӣ миёни низомиёни Тоҷикистону Қирғизистон аз сӯи додситонии низомиро мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Муовини сарвазири Қирғизистон дар посух ба суоли хабарнигорон оид ба замони аломатгузории марзҳои ин кишвар бо Тоҷикистон изҳори беиттилоӣ карда, гуфтааст, шояд ин амал 3 ё 30 сол баъд сурат гирад. “Албатта, ин кор танҳо аз Қирғизистон вобаста нест, ин масъалаи дуҷониба мебошад. Ҳоло омилҳои субъективию объективии зиёде вуҷуд доранд, ки оғози аломатгузории марзҳоро ба таъхир мегузоранд”,-таъкид кардааст, ӯ.

Ҳайати Тоҷикистон таҳти раҳбарии Муродалӣ Алимардонов, муовини сарвазири кишвар ба хотири идомаи баҳси масоили марзӣ бо Қирғизистон озими Бишкек шуда, 14 феврал бо ҳамтоёни қирғизи худ ҷаласаи навбатии худро баргузор карданд. Дар ин ин мулоқот ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, тамоми пешниҳодҳои дақиқи худ оид ба масоили марзиро ироа кардааст ва то чанд рӯзи дигар дар ин бора аз Қирғизистон посух хоҳад гирифт. Бино ба иттилои ҳукумати Тоҷикистон, ҷаласаи навбатии ҳайатҳои ду кишвар оид ба масоили марзӣ қарор аст, моҳи марти соли ҷорӣ дар Душанбе сурат гирад.

Ба таъхир афтодани аломатгузории хати марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳолест, ки шоми 15 ба 16 феврал, як гуруҳи чорнафараи ҷавонони қирғиз дар ҳолати мастӣ бо сангҳо ба Мулломасъуд Бобоев, сокини ҷамоати Ворух ҳамла карда, тирезаи мошинашро шикастаанд. Мақомоти кишвар мегӯянд, танҳо дар моҳи феврали соли равон ин аллакай ҳолати сеюми ҳамла ба шаҳрвандони Тоҷикистон аст, ки хисороти молӣ дар пай доштааст. Аммо ба гуфтаи манбаъ ба хотири муташанниҷ нашудани вазъ ҳамаи ин ҳолатҳо тариқи корӣ барои баррасӣ ба ҷониби Қирғизистон ирсол шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, Раёсати умури дохилии вилояти Бодканд дар робита ба ҳамлаи ҷавонони масти қирғиз ба сокини Ворух бо ҳамтоёни суғдии худ гуфтугӯ карда, дар якҷоягӣ ин қазияро тафтиш доранд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Кани он патарулхои якчоя ташкил карда шуда ин патарулхо факат барои химояи киргизхои нобакорхо "ташкил карда шудаги" ?. Танги (Оксой) аз Ворух буд иншооллох бар мегардад но умед нашавед халки Ворух.

777
Ин патрул ва переговор хамааш гап мардуми Ворух якчоя шавед халки киргизро занед заминхоятонро гиред дигар илоч надоред

Патрул матрул нест мухтарам Мухочир. Ворухиё бошанд шабгардиро камтар кунанд. Ин Мамитоваш сахтчон менамояд, агар чанд соле рохбар бошад ягон пешрави намешудаги барин. Боз аз худ рафта Ворухиё хам сангпартои накунанд, ки и Киргизо боз гавгои чахони мебардоранду точикора гунахгор мегуянд. Пули роха алакай Мамытов бо чурахош обулой кардакги дигар намедонад чи хели руи сиёхаша сафед кунад назди хоричихоба. Барои хамин хам точикора бо хар бахона айбдор карсост. Каме токат кунед хамон хоричихо худашон ба ин мардак як чия нишон медиханд.

На тахо мардуми Ворух ,балки тамоми халки точик ба по хезад ...

Темурмалик
Эй мардум ин киргизо гапа намефахманд. Чи хел гуфтушунид бо вайо. Ягона рох онхоро махкам зада пеш мекуни хайвон барин дигар рох нест. Агар тарсида бошен росташро гуед тамом ва салом.

Ин хамааш дар дасти мардуми Ворух ва точикистонио аст якчоя шавед заминхоятонро гиред ба умеди ин Хукумат нашавед бо сарахади Точикистон-Хитои чи кард ..... дигар илоч нест.... ба пеш....

Абдулло
Рост рост мо бояд ун заминхоро гирем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)