Бахшҳо
17 фев 2014 16:30Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Садамаи маргбори ду муовини Усмон Сабзов, раиси Ҳисор

Шариф Абдуллоев ва Нурмуҳаммад Ахмедов, ду муовини Усмон Сабзов -- раиси ҳукумати ноҳияи Ҳисор рӯзи шанбеи 15 феврали соли ҷорӣ ба садама дучор омада, ҳоло дар бемористони Қарияи Болои шаҳри Душанбе бистарӣ будаанд.

Валиҷон Табаров, сардори шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Ҳисор, дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, вазъи Абдуллоҷонов вазнин буда, ҳолати Ахмедов андаке сабуктар арзёбӣ мешавад. Ҷаноби Табаров мегӯяд, ин садама дар шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода иттифоқ уфтода, Холбӣ Давлатова, як корманди дигари ҳукумати ноҳияи Ҳисор, ки ҳамроҳи Абдуллоев ва Ахмедов будааст, низ ҷароҳат бардоштааст.

Сардори ШКД-и Ҳисор афзуд, ин садама бо мошини шахсии худи муовинони раиси ноҳияи Ҳисор (“Хундай”) рух дода, дар пайи он як нафар – Исматулло Холови 69-сола, ки савори мошини “Опел” будааст, ҳалок гардидааст. “Дар дохили "Опел" ҳамагӣ чаҳор нафар будаанд, ки аз ин ҳисоб як нафар фавтида, ду нафари дигарашон ҳоло дар беморхонаанд. Вазъи як нафари дигарашон хуб арзёбӣ мешавад”,-илова кард ӯ.

Аммо Валиҷон Табаров нагуфт, ки ин садама бо гуноҳи кадоме аз ронандагон рух додааст. Вай таъкид кард, “ташхис ҳоло ҷараён дорад ва ба нуқтаи ниҳоияш нарасидааст. Ҳамин ки дақиқ шуд, Шуморо огоҳ мекунем.”


Дар акс: Усмон Сабзов, раиси ноҳияи Ҳисор

Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
бепул
гунахгор албатта мардуми одди дар ин чо ташхис чи лозим

камбагал
Багатые тоже плачут. Ин барои хамаи мансабдорони хукумат бояд дарс шавад. Дар пеши мардум аз тамоми хиёнатхои кардагиашон бояд узр пурсанд, ки садамаву марг ба сари шумо хам омаданист. Ба сари хамаатон.

Яъкуб.
Ташхис чи даркор хамон шахси фавтида <аник>гунахкор хаст. Кай ва дар кучо мансабдорони мо гунахкор баромада буданд.

Салох
Дуруст аст, ки садамахои наклиёти берун аз хохиши ронандагон ба вукуъ мепайванданд, аммо дар рух додани ин гуна ходисахо сахми ронандагон калон аст. Масалан агар огои Ахмедов хамон сахари рух додани садама наклиёти худро охистатар меронд вай иншооллох метавонист дар хама холат аз ухдаи идораи наклиёташ барояд. Илова ба оне, ки биноии огои Ахмедов паст аст боз уро чи лозим аст, ки мошинро бо сурати баланд ронад? Дар маколахои пешин касе бисёр тариф кардааст, ки Ахмедов ва Абдулоев шахсони халкпарвару ватандустанд. Ман хаминро гуфтаниам, ки махз хамин ду одам дар хукумати нохияи Хисор кодир хастанд, ки ба хотири манфиатхои шахсии худ даст ба хама гуна чиноят бизананд ва кисаи худро пур кунанд. Махс ба шарофати хамин муовинон номи хукумати нохияи Хисор дар хама чо паст аст. Абдулоев як хочагии калонро таллаю тороч карда ба ивази талаву торочи хочаги мансаби чонишини раиси нохияро ба даст овард. Ба касофатии хамин ду нафар апаи Холби худо рахматаш кунад аз дунё даргузашт.

Ростгу
Рост гуфтед акаи Салох. Дар хакикат биноии Ахмедов суст аст ва у хамеша мошинро сахт меронад. Хар коре, ки ба сари банда меояд бе хости худо нест. Ин нохуши ва саргардони натичаи он нохакихое, ки Ахмедов ва Абдуллоев дар нохияи Хисор таи чанд соли охир карда истодаанд.

Орзу
Ба биноиши Ахмедов чи кор дореду ба чи кора будани Абдуллоев чи? Ба гайр аз гаразхои нопоку нохак дигар кор надоред? Аз барои савоб кай дуруст навиштану дуруст баходихиро меомузед- ха? Агар ки наметавони дида, бад хам нагуй касро. яъне чашмони Ахмедов не, чашмони ту нотавонбин будиянд, ки пешравии касеро дида наметавони. Илтимос Шумо фалокате, ки Худованд бар сари хар як бандааш меборонад, ба шахсияти у олуда насозед. Ба Шумо хеч кас ин хукукро надодааст. Ба рои резонидани обуруи хизматчиени давлати умуман шаъну шарафи шахрванд медонед, ки мувофики кодекси граждани ва маъмури муночотхои махсус, хатто чазо пешбини шудааст.

Акаи Салох илтимос кори худатона карда гардед. Ман низ хакикатпарастам аммо ин суханхоятон кобили зикр ва ба ягон фикри шахси солиму Солеху салох дуруст намеояд. Шумо ба чуз паст задани изззати дигарон ягон шугли дигар надоред? Ин руз ба сари хамаи мову шумо меояд. Аввалаш холо ба фикрам рохбар нести холо рохбар шав баъд мефахмиву мебини. Аммо ман низ рохбар нестам лек мафкураву зехниятатонро сйкал дода андешаронии солим дошта бошед на каззоб!

Касоне, ки мафкураву маданияти паст доранд, суханхои аз доираи акл берун иншо менамоянд. Хамту не огои ростгу?

Дар ин Точикистони мо хар касе чи коре хохад мекунад.Конунхои Точикистонро ягон кас риоя намекунанд. Агар конун риоя мешуд хар хел хару хингилхо дар хукумат кор намекарданд.Ба хар кару курхо праваи ронандаги намедодан.

dilnoza
Салом! Холби Давлатова яке аз зани бехтарини чумхуриамон ба шумор мерафт....шахсан ман мехохам бифахмам ки гунахгори хакики кист???

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Феврал 2023    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)