Бахшҳо
18 фев 2014 11:12Тоҷикистон / Сиёсат

Ҳукми зиндони ҳамроҳони Умедҷон Тоҷиев дар Исфара

Додгоҳи шаҳри Исфара Ғуфрон Шодиев ва Зуҳур Иброҳимов -- ду ҳамроҳи Умедҷон Тоҷиев, узви зиндонии ҲНИТ-ро, ки моҳи январи соли ҷорӣ дар бемористони боздоштгоҳи муваққати Хуҷанд даргузашт, ба зиндон маҳкум намудааст. Шодиев барои ҳаштуним сол ва Иброҳимов барои нӯҳ сол равонаи зиндон шудаанд.

Файзиннисо Воҳидова, вакили мудофеи Зуҳур Иброҳимов, гуфт, ин ҳукм аз сӯи додрас Комил Ғаниев рӯзи 17 феврал содир шудааст. Ба қавли ӯ, додгоҳ Зуҳур Иброҳимов ва Ғуфрон Шодиевро ба иттиҳоми шомил шудан ба иттиҳоди ҷиноӣ ва гурӯҳи ифротгаро ва узвият дар ҳизби сиёсие, ки фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъст, айбдор донистааст. Вале ин вакили мудофеъ мегӯяд, “ҳукми додгоҳ ба ягон чаҳорчӯби қонун рост намеояд” ва онҳо барои бознигарии он талош хоҳанд кард.

“Дар мурофиаи додгоҳӣ нафарони таҳти ҳимояти мо бо тамоми ҷузъиёташ нақл карданд, ки чӣ хел нисбат ба онҳо шиканҷаро раво дидаанд. Худи ҳамин Комил Ғаниев, ки ҳукми додгоҳиро қироат кард, дар вақташ ғайриқонунӣ нисбат ба Умедҷон Тоҷиев 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ дода буд”,-таъкид кард Воҳидова.

Вакили мудофеъ дар идома гуфт, додгоҳ парванда нисбат ба Умедҷон Тоҷиевро ба далели фавташ қатъ кардааст.
Мӯҳр
Сарашба занад хукмаша умеда кушт

Говсуд
Суд ба точики козиёт мешавад, судя кози,
судяи ноодил гов....Давлатамон огилхона...

Мухочир
Хай хамика кор карденки хамин мардака бурда куштену хтон мегарден. Беимонхо одамхурон шумоён фардо рузикиёмат чазои худро мегиред.

салом! ман хайронам барои чи суд мекардабошан У. точиевро куштед хай хамувошам бкшен шумо кштанда касоб шидагиен ку чи даркор инкадар азобшон метен сутшон мекнен сутшон накнен хубтараш бкшеншон чони шумохам халос аз сутшавандахохам аклу имон намондааст бовар кунед. нав фахмидам ки узви ХНИТ будан гунох будааст ТАВБАААААА......

Адолат
Хонандагони гироми шумо бо холати кор ва парвандаи чинояти шинос нестет, аммо хулосаи руяки бароварда рухафтода мешавед. Ду нафаре ки махкум шуданд. Равобити кави бо терористон доштаанд ва худ терорист будаанд. Имруз дар точикистон 10 - хо хазор мардум узви хизби исломианд, озода гаштаанд ва дар рохи ростанд. Макомоти кудратии точикистон хамаи онхоро гумонбар накардааст . Химоятгар маблагашро гирифтааст ва вазифаашро тибки касбаш амали намуда истодааст . Судяхо имруз бе асос ягон нафарро махкум намекунанд. Имруз нисбати Точиев бисер сухан меравад, аммо Шумоен намедонетон ки мархум барои терористон хатто дар хонааш либоси сафеди харби барои дар куххо пешидан омода мекард

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)