Бахшҳо

Дар садамаи маргбор муовини раиси Ҳисор муттаҳам мешавад

Нурмуҳаммад Ахмедов, ноиби раиси ноҳияи Ҳисор, гунаҳкори садамаи маргбори рӯзи 15-уми феврал дар шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода арзёбӣ мешавад.

Ба иттилои манбаи “Озодагон” садама дар ҳоле сурат гирифтааст, ки масъулини ҳукумати Ҳисор аз маркази ноҳия ба самти Душанбе барои иштирок дар як ҷаласа ҳаракат мекардаанд, вале дар роҳ Ахмедов аз уҳдаи воситаи нақлиёт набаромада, бо мошини тамғаи “Опел” бархӯрдааст.

Шариф Абдуллоев ва Нурмуҳаммад Ахмедов, ду муовини Усмон Сабзов -- раиси ҳукумати ноҳияи Ҳисор, ки ба садама дучор омадаанд, ҳоло дар бемористони Қарияи Болои шаҳри Душанбе бистарӣ мебошанд.

Валиҷон Табаров, сардори шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Ҳисор, дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, парванда аз рӯи ин ҳодиса дар дасти онҳост, вале қатъиян гуфтани гунаҳкор феълан барвақт аст. Сардори ШКД афзуд, вазъи Абдуллоҷонов вазнин буда, ҳолати Ахмедов андаке сабуктар арзёбӣ мешавад. Ҷаноби Табаров мегӯяд, ин садама дар шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода иттифоқ уфтода, Холбӣ Давлатова, як корманди дигари ҳукумати ноҳияи Ҳисор, ки ҳамроҳи Абдуллоев ва Ахмедов будааст, низ ҷароҳат бардоштааст.

Сардори ШКД-и Ҳисор афзуд, ин садама бо мошини шахсии худи муовинони раиси ноҳияи Ҳисор (“Хундай”) рух дода, дар пайи он як нафар – Исматулло Холови 69-сола, ки савори мошини “Опел” будааст, ҳалок гардидааст. “Дар дохили "Опел" ҳамагӣ чаҳор нафар будаанд, ки аз ин ҳисоб як нафар фавтида, ду нафари дигарашон ҳоло дар беморхонаанд. Вазъи як нафари дигарашон хуб арзёбӣ мешавад”,-илова кард ӯ.
Мӯҳр
12 12
аз натичаи макомот чи хабаре аст лутфан озодагон пайгири кунед ин мавзуро

Холбӣ Давлатова-муовини раиси нохияи Хисор оид ба сохаи идеологи, се муовин мешавад агар хато накунам.

статья 212, ч. 3 УК РТ (Нарушение правил дорожного движения и эксплуатации транспортных средств, повлекшее по неосторожности смерть двух или более лиц). Статья предусматривает наказание в виде лишения свободы на срок от 5 до 10 лет.

статья 212, ч. 3 УК РТ (Нарушение правил дорожного движения и эксплуатации транспортных средств, повлекшее по неосторожности смерть двух или более лиц). Статья предусматривает наказание в виде лишения свободы на срок от 5 до 10 лет.

охиста хай куни Хабата чавоби марги ин мардаки мурагтра ки метия бафикрум ШБДХисор бо касеи дигара гунахкор мекунаву и мемона

Орзучон
Хамватанони гироми зиед суханхои ноки аз зехнияти инсони дур монда наг уеду на нависед! Ахмедов Н. ва дигар муовинони нохияи Хисор аз кабили Абдуллоев А., Давлатова Х. яке аз бехтарин шахсиятхои дурусти ба чамъият нафърасон ва Худотарс мебошанд. Ое чаноби Ахмедов мехост, ки чунин ходиса рух бидихад? Барои чи як сухани ночое, ки онро кобили зикр арзеби менамоед, пеш аз он дар тарозуи акл бар намекашед? Дар Хисор аз баъзе рохбарони дарунсиехеро, ки арзанда ва макбули омма нестанд; дида: ин родмардони ватан ва бонуи азизу мухтарам, хазорхо марта болотар ва арзандатар хамчунин шоистаи тахсину офаринанд: Худованди холику чахон махз одами накую хубро гирифтори гаму имтихонхои худ мне гардонад; Илохо ба хар ду чониб, ки дар ин садамаи гайри чашмдошт ру ба ру шуданд, шифои комил ато намуда дар назди конун ва омма бо руи сурх баромада намозхои хондаатон ба танатон сипар гардад. Набояд касро дар руи сухта намак пошид! Зеро дар хар кадами мондаамон мо бо марг рубару хастем.

Салох
Чавоб ба Орзучон.

Бародар орзу албат худат ягон хешу табори Ахмедов ва Абдуллоев хасти. Агар хешаш намебуди ин кадар таърифхои дуругро наменавишти. Ахмедов бо вучуди он ки биноии суст дорад доим мошинро сахт меронад, ки окибаташ ба хама маълум. Дар масъалаи шахсияти ин ду чонишин хаминро гуфтани хастам, ки ин кас гамхори халк не балки зараррасонони халк хастанд. Корашон факат каллобию пулкоркуни. Абдулоев бошад на савод дораду на тачриба. Ба ивази талаву тороч кардани як хочагии калони Хисор вай бойад зиндон мешуд, аммо уро кадрдони карда ба вазифаи чонишини раиси нохия таъин карданд.

Чавоб ба Орзу
Орзу Шумо агар ягон шахси бо маърифат бошед пас ин суханхо дар шаъни шумо намезебад.Барои чи ба шахсияти хизматчиёни давлати расиди. Ин албата чавобгари дорад.Дуюм зане ки дар дохили мошин буд фавтид. Лекин агар мусулмон боши худованд инсонхоро ба хар холат чонашро мегирад. Холби Давлатова бенихоят шахсияти хубе буд ки ба худованд лозим шуд.Ба ягон шахс бади надошт аммо аз ягон нафаре хатто чизе тамаъ надошт.Ин тавр ба шахсияти дигар нафархо низ нарас ин шахсиятхо обрую эътибори нохияанд. Барои зарари маънави расонидан ва ба шахсияти уно расидан чавобгари хаст додар.Мо то ба кай сохиби гуфтору кирдору пиндор мешавем хуб нест дигар ин хислатро аз худ дур кун.Ман ба ягонтои ин шахсиятхо на хешам на табор аммо аз сафархои дурам маълум ки мо бояд бомаданият бошем.

Салом дустони азиз! аз шумо илтичо мекунам ба саволи ман чавоби дуруст дихед: "гунахгори ин садамаи хунхоре ки ХОЛБИ ДАВЛАТОВА вафот кард кист???"

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)