Бахшҳо
19 фев 2014 12:04Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Рӯ ба беҳбудӣ овардани вазъи саломатии Абдуқаюми Қаюмзод

Вазъи саломатии Абдуқаюми Қаюмзод, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик, ки субҳи 19 феврал бад шуда, ба бемористони Қарияи Боло интиқол ёфт, феълан муътадил арзёбӣ мешавад. Пайвандони Қаюмзод дар суҳбат бо “Озодагон” дар ин бора хабар дода, гуфтанд, ҳоло вазъи рӯзноманигор каме беҳтар шуда, дар шуъбаи эҳёгарии “корпус”-и ҳаштуми Қарияи Боло бистарист.

Ба қавли онҳо, шаби 18 ба 19 феврал нафасгирии Абдуқаюми Қаюмзод мушкил шуда, баъдан ба бемористони Қарияи Боло оварда шудааст. То нисфирӯзи чоршанбе вай дар “корпус”-и панҷуми ин бемористон буд ва сипас ба “корпус”-и ҳаштум интиқол ёфт.

Абдуқаюми Қаюмзод, барандаи Ҷоизаи ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ, аз соли 2001 то моҳи декбари соли 2012 ба Радиои Озодӣ гузориш медод. Аммо баъдан Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ӯро огоҳ кард, ки сабти номаш тамдид намешавад ва ӯ дигар ҳаққи гузориш додан ба Радиои Озодиро надорад.

Ин рӯзноманигори тоҷик баъд аз чанд муддати бекорӣ дубора дар нашрияи тозатаъсиси “Ҳафта” ба ҳайси муҳаррир ба кор даромад. Аммо Вазорати фарҳанги Тоҷикистон баъд аз чопи шумораи нахустини нашрия, ки дар он сӯҳбати Мӯъмин Қаноат бо номи “Метарсам, таркиш нашавад” чоп шуда буд, шаҳодатномаи ин нашрияро лағв кард. Худи рӯзноманигор дар суҳбат бо “Озодагон” далели ин иқдоми Вазорати фарҳангро сирф сиёсӣ ва беинсофӣ хонда, гуфта буд, масъулини вазорат метавонистанд, дар аввал бо додани огоҳӣ ин хатои онҳоро ислоҳ кунанд.
Мӯҳр
саидҷон
аз худованд шифои комил хоҳонем

Сафар
Худованд шифои комилу очилаш ато намояд Омин! Дар беморхона наздиконаш сахт эхтиёташ кунанд ки кадом ходисае бо у рух надихад ё ашхосе балоеро болояш наорад!

Насибҷон
Аз даргоҳи Эзиди якто барои Абдукаюми гироми, ки яке аз рӯзноманигорон ва шахсиятҳои шинохтаи кишваранд, шифои зудҳангомро орзу дорам. Чунин дӯстони хакикии миллат ва мардуму кишварамон, ки хадафашон ободиву озодии мардуму кишвар аст, бояд эхтиёт карда шаванд.

Хабарнигор
Дуо мекунем, ки Худованд шифо бахшад. Чаноби Абдукайюми Каюмзод аз бехтарин рузноманигорони точик аз солхои аввали 90-ум то имруз аст. Бехтарин сабки навиштор дорад ва масоили доги чомеаро хеле хуб медонад. Дар сатхи Каюмзод мо дар Точикистон рузноманигор надорем. Радиои Озоди хеле кори бад кард, ки ин рузноманигори варзидаро пеш кард.

Хукумат метарсад аз ракибони сиёсии худ

Mulo
Аз Даргохи Худованд талаби онро мекунам, ки ба ин марди шучои миллат ва рузноманигори хакикат гуй, шифои комил ато бифармояд то ки дар оянда барои ин миллати азият кашида хитмат намояд. ОМИН

Амирчон
Худованд ин рузноманигори варзида ва хирфаии точикро дар панохаш нигох дорад. Омин ё рабилъоламин.

фирдавс
Дуо мекунем Худованди поку шифо диханда,шифои комилу очил насибаш бифамояд. Омин омин.

davlat
Худованд ин фарзанди баруманди миллат хабар нигори асил гамхори миллатро шифои очилу комил насиб гардонад

Худованд ба ин бандаи хакталошаш шифои комил ато кунад ва дар кори эчодиаш барор дихад. Хафтаномае ки нав таъсис додааст, Аллох чунон кувват дихад, ки нуфузаш аз радиёи Озоди хам гузарад.

Сафо.
Парвардгоро ба ин бародаи мо шифои комил ато бифармо эй беҳтарин ва бораҳтарин зоти поки меҳрубон. Ҳар,ки ӯ бедортар пурдардтар,
Ҳар,ки ӯ огоҳтар рагзардтар.

Бародари Абдуқаюми мо аз чунин шахсони бедортару огоҳтаринҳои миллат мебошанд.

Саидбек
Худо нигахдор бошад фарзанди миллатро туркпарастон аз чунин ашхоси худогохи точик сахт тарс доранд барои онхо ва хукмронияшон точиконе,ки чун кабк ором бошанд лозим хастанд!

ятим
авалан салом алекм! Ва дуо кунем,ки ХУДОВАНД (ч,ч,) аз ха3онаи fайбаш шифои комилу очил насибаш гардонад.
Омин!!!))))

шовали
КАюми Каюмзод чи касал будааст?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)