Бахшҳо

“Кормандони Китобхонаи Миллӣ китобхонҳоро мегурезонанд”

Донишҷӯёни муассисаҳои таълимии Тоҷикистон аз сатҳи пасти хизматрасонӣ ва муносибати бади масъулини Китобхонаи миллии Тоҷикистон шикоят доранд.

Бархе аз донишҷӯёни Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба “Озодагон” шикоят карданд, ки дар Китобхонаи миллӣ ин ё он китобро дархост мекунанду баъди соатҳои интизорӣ маълум мешавад, ки кормандон натавонистанд, онро пайдо кунанд.

Фирӯзаи Комилҷон, як донишҷӯи ДОТ, гуфт, ба замми пайдо накардани китоби зарурӣ, кормандони китобхона бо онҳо хуб муносибат намекунанд: “Як корманди китобхона рақами китобро менависад ба ошёнаи поён мефиристонад. Дар он ҷо бошад рақами навиштаи онҳоро намефаҳманд. Имрӯз баъд аз дарс барои пайдо намудани китоби “Донишнома”-и Абӯалӣ ибни Сино” омадем ва акнун ду соат мешавад, ки аз як ошёна ба ошёнаи дигар чарх мазанему китобро пайдо накардем.”

Фирӯза афзуд, аз ҳамин даромадгоҳ- аз қаравулон сар карда, то кормандони болоӣ бо корафтодагон муносибати хуб надоранду дар сатҳи зарурӣ роҳнамоӣ намекунанд: “Ҳамин ҳолатро ба муаллимонамон мефаҳмонем бовар намекунанд. Ин хел гап нест мегӯянд.”

Дар ҳамин ҳол бархе аз донишҷӯён таъкид мекунанд, ки баъди чунин бархӯрд ва муносибат шавқи китобхонӣ ва хоҳиши омадан ба Китобхона низ гум мешавад.
Мӯҳр
Бархе аз кормандони китобхони милли аз Дастгохи ичроия ба ин махзари дониш ба тарики гузариш ба кор фиристода шудаанд. Аз ин ру фикр мекунанд, ки "ин чо ончост".....................................

Розичон
Барои як китоба ёфтан 2 руз даркор... Китобхонаи пештара зур буд, кухна хам буд!

Донишчуи ДМТ
Сад дар сад дарди дили мо донишчуёнро навиштед! Кош масъулин ин шикоятхоро мешуниданд....:(

Хабиб
Ман яке аз аспирантоне мебошам ки дар Федератсия Россия тахсил мекунам! Ман баъди дохил шуданам вактеки бори аввал ба китобхона ворид шудам бовар куне китобхоначиё чунин пешвозат мегиранд ки фикр мекуни аз омаданат хурсанд мешуда бошан. А дар китобхонахои мо бошад вакте ки ба онхо мурочиат мекуни гуёки аз вай пул карз гирифта истода боши. Ва ин шикояте ки хама донишчуён нисбати китобхоначиён кардаанд сад дар сад дуруст аст. Ба китобхоначиёни мо бояд крсхои психолиги гузаронида шавад. Чунки фахмиши инсон, кабулкунии инсон аз асаб вобастагии зиёд дорад. Вакт ки асаби китобхонро вайрон мекуни вай аз хонданашхам нахондагиш бехтар. Ба ин китобхоначихо гуфтаниям ки Шумо бояд мардумро ба китобхони чалб кунед. Наинки аз хондан мардумро дил сард кунед!!!!

Азамат
Дупа дуруст. Чандин сол шуд, ки бо нияти китоб хондан ба китобхона нарафтаам. Аммо чанд руз пеш барои як мухимме ба китобхона сар задам. Дар чанд дакикаи он чо будан, чанд корманди китобхона, ба гуфте кариб хомохом фуру мебурданд. Ба шуъбаи газетахо рафтам, дарро пушидам, ки садои дар баландтар баромад. Дар як оини вохид бо чунон суханхои обдор пешвозам гирифтаанд, ки дар чанд соли ахир нашунида будам. Он хам дар китобхонаи МИЛЛИ!

Ин гапхо рост будааст-ку! Фарзандони ман бехуда шикоят намекунанд, ки соатхои зиёд интизори китоб мешавем, аммо мебинем, ки кормандон-занону духтарони паси компютерхо чак-чак карда, гапи моро гуш намекунанд. Дар хакикат ин китобхона симо доштаасту сират не-да! Ба фикрам рухи Фирдавсиро ношод кардаанд чи баракати китобхона паридааст. Ё урток рохбараш Салим Носир ба бизнес саргардон аст-ми"донишчуй,
Посух

Зузу
Пааахххх рутууу сафед хами шумо китобхон шудеве шумода китоб надоданд))))) Донишчуён шумо дигар бахона наёфтед ми???

Jack
Бовар кунед ба дастгохи ичроияи Президент ин хел мушкил нест даромадан чем ба китобхона. Кормандони бехатари ба хар нафар ташрифовардагон чунон нигох ва дагали мекунанд ки.....

муштарии китобхона
Салом ба хамаи муштариёни Китобхонаи миллии Точикистон, хуб мешуд аввал тарзи ёфтани китобхои даркори ва мурочиат ба шуъбахои дахлдорро меомухтед, дар солхои донишчуии мо махсус фанни китобшиноси меомухтем хуб мешуд дар тамоми макотиби олии Чумхури хамин чори карда мешуду айбхоямонро ба каси дигар бор намекардем!

Ин матолибе, ки аз тарафи ин шабака рӯи чоп омадааст ман фикр мекунам сад дар сад дуруст аст. Ман мехоҳам ҳаминро қайд намоям, ки на фақат кормандони ин муассиса балки вормандони осорхонаи миллӣ низ чунин муносибат мекунанд бо тамошобинон. Ман бори аввал ба осорхона бо ҳамкурсонам ворид шудем аз рӯи нақша ба сектори 1-ум равона шудем ва корманди он дар ҳамон ҷое, ки гургон дар даруни ғор ҳастанд масъулаш як зан буд ва бо телефон бо "кавалераш" чунон баланд бо ҷанҷол гап мезад, ки хаёл мекуни дар хона бо шавҳараш ҷанҷол карда истода бошанд. Ҳам асабои мора хароб карду ҳам аз худашро. Озодагон аз Шумо хоҳиш дорам инро чоп кунед. Масъулини осорхона Шумо низ бо баъзе аз кормандони аз таги дор гурехтагиатон чораҷӯи кунед.

Китобдуст
Дар хакикат муносибати хуб надоранд. Духтару бачахои чавон дар пушти комп бо ноз нишаста чак чак менан, парвои хонанда надоранд. Откази китоб зиёд. Алакай гум шудаст? Лек баъзе занхои китобхонаи фирдавси халол кор менан. Рахмат.

Точик
Охир бо 300 сомони маоше, ки мегирад бечора китобдор шуморо дар болои сараш савор кунад? Бечора шояд дар гами кудакои гушнааш бошад...

haminxel korgarhoro ba navor giredu dar internet partoed sharmandahoro.

заростини вогати
Наход барои чустучуи 1 китоб донишчуй 2соат сарф кунад, Шавки китобхонарави мемирад. Китобхона бояд ба таври оперативи кор кунад. Инчунин ичозат дода шавад, ки китобхои лозимиро дар мудддати то 3 руз барои мутолиа ба хона диханд

Сорбон
Китобхонаи милли чои зиёиёни асил хаст на чои чупонхо!

Вай мардуми китобхонаи Фирдавси кадрхои шурави буданд дониш ва одоб доштанд ин мардуми аз дастгох оварда шояд дахмарда бошанд чи?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)