Бахшҳо
20 фев 2014 15:27Тоҷикистон / Тема дня

Парвандаи ҷиноӣ дар робита ба тирпаронӣ алайҳи Оят Зоиров

Мақомоти пулиси Русия танҳо баъд аз ду ҳафтаи захмӣ шудани Оят Зоиров, шаҳрванди Тоҷикистон, аз тири афроди ношинос дар Бутово, наздикии Маскав, парвандаи ҷиноӣ боз карда, ба таҳқиқи он шуруъ намудаанд. Ин ҳодиса шаби 7 феврали соли ҷорӣ рух додааст.

Иззат Амон -- раиси Иттиҳоди ҷавонони Тоҷикистон дар Русия гуфт, “бо дӯстон ба шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Бутовои шаҳри Маскав рафтем. Ҳафтуми феврал миллатгароёни рус Зоиров -- шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистонро бо 7 тир захмӣ мекунанд. Бо лутфи Худо ӯ зинда мемонад. Бадани оғӯшта дар хуну хокашро дар миёни барфҳо қарибиҳои саҳар пулис пайдо намудааст. Аз воқеа ду ҳафта гузаштаасту на сафорати Тоҷикистон дар Маскав ва на муфаттиш хабаре аз ҷиноят надоранд.”



Вале сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, аз ин ҳодиса огоҳ буд ва танҳо бо дархости маъмурони пулис барои халал нарасондан ба тафтишот аз расонаӣ кардани он худдорӣ варзидааст. Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон, дар номае ба “Озодагон” ин ҳодисаро шарҳ дода, гуфтааст, ин шаҳрванди Тоҷикистон дар Бутово машғули таксиронӣ буд ва шаби 7 феврал ду мусофири он ба сӯяш трир холӣ кардаанд.

Эгамзод мегӯяд, Зоиров як муддат дар бемористони рақами 64-и Маскав бистарӣ буда, ҳоло вазъаш рӯ ба беҳбуд овардааст ва аз табобатхона ҳам мураххас шудааст.


Парвандаи ҷиноӣ дар робита ба тирпаронӣ алайҳи Оят Зоиров

Парвандаи ҷиноӣ дар робита ба тирпаронӣ алайҳи Оят Зоиров

Парвандаи ҷиноӣ дар робита ба тирпаронӣ алайҳи Оят Зоиров

Парвандаи ҷиноӣ дар робита ба тирпаронӣ алайҳи Оят Зоиров
Мӯҳр
Сорбон
Ин кормандони сафорати Точикистон факат гайр аз дуруггуйи кори дигар надорад.Баъд инки аз дасташон коре намеояд. Хабаргирии бемор ба тафтишот чи дахл дорад.

Точик
Аз хамаи бародарои точик хохиш дигар ба Россия наравед дар хами Точикистон аз тамоми дуне омада кор кардаистодаанд

Росиян
"Вале сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, аз ин ҳодиса огоҳ буд ва танҳо бо дархости маъмурони пулис барои халал нарасондан ба тафтишот аз расонаӣ кардани он худдорӣ варзидааст." ин гапи сафорат дургу ва тахкир ба миллати точик аст чи хел як шахрванди ту терор мешавад ва ту ба бахонаи халал нарасонда ба рафти тафтишот хомуш мешинед? магар шумо хамонхое нестед ки хукуматтатон ба хотири халал нарасонда ба рафти тафтишот парвандаи Зайдро махфи гуфтеду баъд барои манфиати худ ва беобру кардани ин мард орон дар ТВ и давлати пахш кардед. Шумо на сиёсатро медонеду на фархангу милатро мешиносед сафорат чои кайфу сафову хуру хоби шумост на чизе бештар аз ин.

in benomuso fakat dar fikri pulu molu mansaband ... parvoi millat nadorand

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)