Бахшҳо

“Зиёиёна дар бораи нозиёиён”

Марат МАМАДШОЕВ

Чаро зиёиён аз нашрияи «Азия-Плюс” ва муҳаррираш, Олга Тутубалина барои матлаби “Нозиёиёна дар бораи зиёиён” ё худ “Неинтелигентно об интеллегентсии” ранҷиданд?

Мурофиаи зиёиён зидди “Азия Плюс” ба марҳилаи ниҳоӣ наздик шудааст ва рӯзи 21-уми феврал ҷаласаи охирони додгоҳ дар назар аст. Ростӣ намедонам, ки додгоҳ чӣ қарор хоҳад кард. Эҳтимол аст, ки ин маърака бо нафарони боло, ки воқеан қарор қабул мекунанд, мувофиқа нашудааст. Мумкин дар вақташ дар боло мухолифи даъвои зиёиён набуданд ва қарор карданд, ки ин даъво таваҷҷуҳро аз интихоботи президентии соли 2013 ва парвандаи Зайд Саидов ба дигар тараф мебарад.

Ин аст, ки ба гумонам феълан дар додгоҳ бо сарҳои гаранг нишонаю ишораҳо аз болоро таҳлил доранд. Муаммои сарбаста.

Мутаассифона, худи даъвогарон моҳияти иддаояшонро рӯшан карда натавонистанд. Чаро аз аҳоллии 8 миллионнафараи Тоҷикистон, аз миёни афроди зиёде, ки ҳаққи зиёиро доранд, маҳз ин гуруҳ ранҷиданд? Даъвогарон дар додгоҳ талош карданд, сабабҳои норозигияшонро фаҳмонанд, кӯшиш карданд, чизи хирадмандона гӯянд, аммо ба таври лозима аз уҳда набаромаданд.

Дар ҳар гуна чунин даъвою норозигӣ аз фикр, як чизи зиддунақиз аст. Чӣ метавонад одамро ранҷонад ё ба хашм орад? Вақте дурӯғ мегӯянд, далелҳоро таҳриф мекунанд ё одамро аз зовияи бад нишон медиҳанд.

Аммо назару фикр танҳо дар ҳолате метавонад, муҳим бошад, ки онро як манбаи бароят бонуфузу обрӯ баён кунад. Оне, ки ӯро воқеан ҳурмат мекунию бароят бисёр арзишманд аст.

Дар матлабе, ки боиси даъвои зиёиён шудааст, ягон далел мавҷуд нест. Он ҷо ҳатто ишорае ба далел нест. Он ҷо танҳо як ташбеҳи Олга Тутубалина аст, ки онро ҳар гуна фаҳмидан мумкин аст ва дар илова ибораи Ленин оварда шудааст.

Бармеояд Олга Тутубалина ва нашрияи “Азия Плюс” барои даъвогарон як авторитети маънавию ахлоқӣ астанд. Бармеояд Тутубалина ва Азия Плюсро даъвогарон арҷ мегузоранду эҳтиром мекунанд?

Агар чунин аст, пас чаро рӯзноманигор ва рӯзномаро барои як ибора, барои як матлаб ба додгоҳ кашиданду ҷубронпулии гаронро талаб мекунанд? Ин чӣ-нишонаи зиёии ҳақиқӣ аст?

Ман, масалан худро таҳқиршуда намеҳисобам, агар афроди бароям нохушоянд, дар бораям бадгӯӣ кунанд. Чун писанди ҳама будан ғайриимкон аст ва талош барои розӣ кардани афроде, ки эҳтиромашон намекунӣ ин беэҳтиромӣ нисбати худ аст.

Дар бораи ман ахиран навиштанд, ки мавқеи мушаххас ва устувории маънавию идеологӣ надорам. Ин беҳтарин таърифи ман буд. Бараъкс агар ин афрод дар бораи ман чизи хубе мегуфтанд, маврид ба фикр мебуд, ки ман чӣ кореро нодуруст карда истодаам. Ман сахт меранҷам, агар касе аз онҳо дар бораям ҳатто фикри хуб кунанд. Албатта на аз онҳо балки аз худ меранҷам.

Танҳо ҳақиқат метавонад, таҳқир кунад гуфта буд, Наполеон. Эҳтимолан ин сабаби асосӣ аст, ки баъзеҳо ба додгоҳ муроҷиат мекунанд.
Мӯҳр
Аввалаш ин бахти ба зиёиён ягон робитае надорад Умуман дар чумхури зиёион кам монданд онхо бештарашон дар мардикори мебошанд чунки онхо натавонистанд ранги бахти лагандбардори кунанд Дар Точикистон бошад касе ки галустук ьаст вай худро зиёхи мехисобад Масалан хамон професорону муалимоне ки дар донишгох ба ман дарс медоданд доимо дар бораи ориёниву миллати точдор буданаш гап мезаданд ва ва вакти имтионхо руйирост ставка монда аз мо пул талаб мекарданд Ба фикри ман Тутубалина. ин матлабро ба чунин зиёиён навиштаст ва хато хам накардаст Инчунин ин бахти ва ʹʹзиёин“ ки дар тобеаш мебошанд барои пул шуда вичдонашонро кайхо фурухтанд ва хозир хам дар фикри пулкоркуни. мебошанд. Окибат вазнин хохад бууд бо чу чунин зиёиёни г

Dev
Janobi Mamadshoev , hele ba tashvish aftodet , ohir to ba 200 000 somoni suporidan yak ruze boki mondastu halos. Albatta tihi shudani kissa korest nohubu mijonshikan, vale chi chora ba zaboni besarhad javob meboyad guft.Man tarafdori hamon guruhi"zijoijon"-i sado doda , jo ba sud doda nestam, chun onho in korro nozijoijona, befalsafa,akibnishinona kardand, onhoro meboist ba suddihii Olgahonumro ba tezi , ba zuddi, jo chunone,ki dar dehai mo meguyand shart-shurt hotima medodand...

Пас холо бигуед, ки хакикатро бо чи мехуранд? рафик Марат Маматшоев бо нон ё пасмонада? Оё хакикатро танхо Тутубалина ва Марат метавонанд тафсир кунанд? Охир хар кас хакикатро ба таври худаш мефахмад, набошад мехмони нохонда аз тотор хам бадтар аст, - мегуянд дар урфият.

Зиёйи
Хамин Марата сараш вейрун шудагй. Мегуд, ки барои чй 8 млн шикоят накарданду чанд нафаре норозигй кардаанд. О бародар, ин чанд нафар намояндаи хамон 8 млна нафаранд. Мехохед, ки дар Душанбе вазъи хамсони Киевро барпо кунем!?

Собир
Тутубалина вокеан хам зиёиёнро тахкир кардаст. Аз маколааш маълум, ки нисбати на танхо зиёиён, балки кулли точикон нафрат дорад. Набошад барои чй дар химояи мухочирон чизе наменависад? Медонед, агар як рус аз Точикистон барои химояи мухочирони точики мукими Русия макола нависад, ё умуман садое баланд кунад, таъсири дигар дорад. Мутаассифона чунин чуръат намекунад, зеро ки дилаш пок нест. Барои хамин "Неинтелигентно..." менависаду точиконро ба хам мешуронад. Ман тарафдорам, ки мучозот шавад!

Носир
Барои ман нофахмост бародарон,Дар бораи кадом зийёиён гап мезанед?
Дар кишвари мо зиёи соли 1992 аз байн рафтааст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)