Бахшҳо
20 фев 2014 19:05Тоҷикистон / Сиёсат

Шикояти ҲНИТ аз болои КДАМ ва Кумитаи телевизион ба додгоҳ

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) рӯзи 20 феврал аз болои Кумитаи амнияти миллӣ ва Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ба Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт шикоят бурда, тақозо кардааст, ки ба ҳамагуна намоишҳои зидди ин ҳизб хотима дода шавад.

Дар аризаи шикоятии ҲНИТ гуфта шудааст, бояд ин ду ниҳоди давлатӣ бо пахши раддияе ба мардум фаҳмонанд, ки Маҳмадулло Холов, нафари муттаҳам ба таҷовузи ду ноболиғ, ки рӯзи 7 феврал тавассути телевизионҳои давлатӣ давлат намоиш ва ҳамчун узви собиқадори ҲНИТ муаррифӣ шуд, ҳеч гоҳ узвияти ин ҳизби сиёсиро надоштааст.

Шикояти ҲНИТ аз болои КДАМ ва Кумитаи телевизион ба додгоҳДар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон мо дида истодаем, ки давлат дар симои Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радио, Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина», «Шабакаи аввал» ва ҳамҷавобгар Маҳмадулло Холов аз беамалии Ҳукумати Тоҷикистон... ҳуқуқу озодиҳои мо, ки дар моддаи 28-и Сарқонун оид ба муттаҳид шудан мавҷуд аст, поймол намуда истодааст”,-таъкид шудааст дар аризаи шикоятии ҲНИТ. Масъулони Ҳизби наҳзати исломӣ мегӯянд, “шабакаҳои телевизонӣ бо нишон додани як корти тақаллубӣ Маҳмадулло Холовро узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфтаанд, ки ин гуна шахс аъзои ҳизби онҳо нест”.

Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар гузорише, ки шоми 7 феврали соли ҷорӣ тавассути шабакаҳои давлатӣ пахш кард, аз боздошти Маҳмадулло Холов, табиби мардумӣ дар вилояти Суғд, ба иттиҳоми таҷовуз ба номуси ноболиғон хабар дод. Ин ниҳод мегӯяд, Маҳмадулло Холов, ки аз соли 1991 ба ин сӯ, гӯиё узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мебошад, дар дастдарозӣ ба номуси ду духтарандар ё духтарони ӯгайи ноболиғаш муттаҳам мешавад.

Ба гуфтаи Кумитаи амният, гӯиё ин табиби мардумии тоҷик -- Мадинаи 17-сола ва Рухшонаи 13-соларо ба таври зӯроварӣ таҷовуз кардааст, ки дуюмӣ дар синни 15-солагӣ соҳиби фарзанд шудааст. Худи Рухшона низ, ки дар ин бора дар барномаи телевизионӣ суҳбат мекард, ин ҳамаро таъйид карда, гуфт, ба хотири тарс дар бораи ин ҳамхобагӣ бо падарандараш ба модари худ иқрор намешудааст: “Соли 2007 ман аз пияндарам ҳомиладор шуда, соли 2008 фарзанд ба дунё овардам.”
Мӯҳр
Хнитихо додгох ба доди шумо аслохо намерасад! Оё ягон бор ба додатон расид? Бехтараш бо канали орт ё росия ё ртр ё мир é рбк кор кунеду асли вокеаро ба мардум фахмонед! Набошад беаъзо мемонед! Дигар илоч надоред!

Х
Ку аку мардак боша кумитаи амният биёя бахшиш пурса!

Хнитихо ба кучо шикоят мебаред? Ба кадом додгох? Кадом вакт додгох аз холи шумо пурсид? Бехтараш хамкориро бо тв-хои Руссия кунед! Бехуда шикоят набаред онхо хама яканд! Бехуда вактатонро сарф накунед! Аллох хамрохатон бод!

ислом.70mail.ru
Яккум ин шахси бехосиятро барои кадом амали бадаш Худо шарманда кардааст дуввум кадом Худозадаи дигар ин бадбахтро дирижерии хуб кардааст агар хато накунам ришаш подозрительний.Ин хама бадбахтихо охир як касофати хохад шуд Эй Худо худут хисоби ин душманонат ва душманони миллатро еб ки мо очиз хастем

ХНИТ, ба шумо як чиза хотиррасон мекунум и додгоххои мо хамаш моли хукуматай баумед нашавед ба шумо ёрдам наметиян. ино лаган бардоран хамаш мехохад ки шумо гунахгор шида хизби хнит бархам хура. дуюмуш инки телевиденияхои мо ай пеши худшон ягон кор намекунан об аз боло лояай.

ХНИТ, ба шумо як чиза хотиррасон мекунум и додгоххои мо хамаш моли хукуматай баумед нашавед ба шумо ёрдам наметиян. ино лаган бардоран хамаш мехохад ки шумо гунахгор шида хизби хнит бархам хура. дуюмуш инки телевиденияхои мо ай пеши худшон ягон кор намекунан об аз боло лояай.

Салмон
Ин як рохи сиёх кардани ХНИТ мебошад ва чизи дигаре не. Хукуматдорон хоханд,ки дар хакикат мардум аз онхо пуштибони кунанд , бояд тухмати бехударо бас кунанд ва мардумро бо чои кор ,маоши хуб,барки доими,адолати суди ва г.х таъмин намоянд ва агар проблемахои мавчудбударо хал карда натавонанд, бигузор нафароне ба сари кудрат биёянд,ки зиндагии мардумро бехтар намоянд.

амин
Бародаро дуруст назархояшона гуфтан. Ин судхои худамон хамаш яканд ба додотон намерасанд.хар чи аз боло гуфта шавад хамуна мекунад. Инхо на шарм медоранд на шарма медонанд. Худо хидояташон кунад.

акаи Ислом дар шархаш хуб гуфтааст; ришаш подозрительний. Эй Худо, Пётри якро як бори дигар ба сари ин миллати аблахи гаправи беакл биёр. Пётр бо табар ришхояшонро табар занад, тавре русхоро зада буд. Чи хеле ки арабхо онхоро(моро) ба зури табармусулмон карда буд, шояд аз тарси табар чавонхои мо риш намонанд. Ришмони баъди шаст шавад, агар умраш вафои кунад-шутка. Баъзе чавонхои харриш ришашонро намешуянд ва буи хулба ва такка мекунанд. Боз худро ДИНДОР мепиндоранд. Муретон Шумо.

фаромуз
мулохо бояд касида бихонан на ин ки политика БАССТ! БАСАТ! БИЁ ХАРКАС КОРИ ХУДРО КУНАД! ОЗОДАГОН АГАР ((АЗОД БОШАД ЧОП КУН))

Ин "дустдорихои" хукумат нисбати шумо ХНИТихое ки дар интихоботи президенти аз Рахмон чонибдори кардед.
Худо аз ин хам бадтар кунад шумои дахруяро!!!!!!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)